Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Балҷувон, ки бо бародари вазир даъвои додгоҳӣ дошт, дастгир шудааст


Саидмуъмин Давронов бо муовини собиқи раиси ноҳияи Балҷувон сари ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт.
Саидмуъмин Давронов бо муовини собиқи раиси ноҳияи Балҷувон сари ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт.

Мақомоти интизомӣ як сокини Балҷувонро, ки бо муовини собиқи раиси ноҳия барои як порча замин даъвои додгоҳӣ дошт, дастгир кардаанд.

Фариштамоҳ Каримова, ҳамсари Саидмуъмин Давронов рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳарашро рӯзи 25-уми март ба Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон даъват кардаанд ва дигар ҷавоб надодаанд. Ӯ гуфт: “Ҳамроҳи шаваҳарам писарамро бурданд ва баъди як рӯз ҷавобаш доданд, вале субҳи имрӯз боз даъваташ карданд.”

Ба қавли Фариштмоҳ Каримова, муфаттишон шавҳарашро ба заминфурӯшӣ муттаҳам кардааанд. Яке дигар, аз хешовандони Саидмуъмин Давронов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ӯ суҳбати телефонӣ доштааст ва худаш гуфтааст, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Ҳабиб Ҷумъазода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Саидмуъмин Давроновро барои “хариду фурӯши замин” бозпурсӣ мекунанд ва писарашро касе боздошт накардааст.

Саидмуъмин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи Балҷувон муддати тулонӣ бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳия ва бародари Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон барои ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт. Баҳси додгоҳии онҳо ба матбуот ҳам кашид ва аз ҷумла дар Радиои Озодӣ инъикос ёфт.

Саидмумин Давронов мегуфт, ки Ҳасан Иброҳимзода, мехоҳад, ду гектар замин ва боғи ӯро аз худ кунад, вале дар ниҳоят, моҷарои додгоҳӣ ба нафъи Давронов анҷом ёфт. Баъди ин моҷаро ва шикояти чанд нафари дигар Ҳасан Иброҳимзода, ки масъули умури сохтмон ва замин дар ҳукумати ноҳияи Балҷувон ҳам буд, моҳи декабри соли 2021 аз мақомаш барканор шуд.

Мақомоти ҳукумати Балҷувон гуфтанд, ки Ҳасан Иброҳимзода бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст, вале сабаби ин дастурро шарҳ надоданд, ки оё дар воқеъ ба масъалаи даъвоҳои додгоҳии ӯ барои замин робита дорад, ё не. Ҳасан Иброҳимзода ба зангҳои телефонии пайдарпайи Радиои Озодӣ посух надод.

Сайфиддин писари Саидмуъмин Давронов, ки дар робита ба масъалаи падараш бозпурсӣ шудааст, мегӯяд, ки муфаттишон пайваста аз ӯ дар бораи муроҷиати падараш ба Радиои Озодӣ мепурсиданд ва мегуфтанд, “Магар мақомоти дигар набуд, ки шумо ба Радиои Озодӣ муроҷиат кардед.”

Сайфиддин Давронов рӯзи 28-уми март гуфт, ки айни замон муфаттишон падарашро ба “қаллобӣ” ва ё харидуфурӯши ғайриқонунии замин ва ҳамчунин “иртибот бо гуруҳҳои ғайриқонунӣ” муттаҳам кардаанд. Ӯ иддао кард, ки мақомот мехоҳанд, бо ҳар баҳона онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд ва ҷазо бидиҳанд. Ноҳияи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон ноҳияи баландкӯҳ аст ва аз 31 ҳазор сокини он қисми зиёде ба чорводорӣ ва боғпарварӣ машғуланд.

XS
SM
MD
LG