Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ парванда кушод. "Даъвогар" мегӯяд, даъвое надорад. ВИДЕО


Саидмуъмин Давронов, сокини ноҳияи Балҷувон

Додситонӣ алайҳи сокини Балҷувон, Саидмуъмин Давронов, ки дар пайи баҳс бо муовини пешини раиси ноҳия боздошту дертар раҳо шуда буд, парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ӯро дафъаи аввал ба "майдаавбошӣ" гунаҳкор карданд, ҳоло ба "қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон" гумонбар медонанд. Мақомот мегӯянд, ба зидди ӯ як сокини ноҳияи Балҷувон шикоят кардааст. "Даъвогар" гуфт, ҳеч даъво надорад.

Таҳдиди ҷарима ё зиндон

Як манбаъ дар Додситонии Балҷувон рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки нисбати Саидмуъмин Давронов бар асоси моддаи 247 (қисми 3, банди "а") парванда боз шудааст. Ин модда аз 54 ҳазор то 87 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз панҷ то ҳашт соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Вай гуфт, парвандаро рӯзи 23-юми апрел бар асоси шикояти сокини ноҳия, Шералӣ Хидиралиев, кушоданд. Ба итилои мусоҳиби мо, "ӯ даъвао кард, ки Давронов 3500 сомонияшро гирифту барнагардонд."

"Кор кард, пулашро додам"

Саидмуъмин Давронов мегӯяд, Шералӣ Хидиралиевро мешиносад, аммо ҳеч вақт бо ӯ додугирифт надошт. "Даъвогар" Шералӣ Хидиралиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол пеш барои анҷоми баъзе корҳои вобаста ба замин ба Сайфиддин Давронов, писари Саидмуъмин Давронов, 3500 сомонӣ дода буд, "вале он қарз набуд".

"Ман ҳеч даъвои пулӣ надорам. Писари Саидмуъмин хизмат кард ва пулашро гирифт. На зидди падараш ва на зидди Сайфиддин ҳеч даъвое надорам," – афзуд ӯ.

Айни замон Сайфиддин Давронов дар боздошт аст.

"Чӣ зарурат буд, ки ба Радиои Озодӣ гап занӣ"

Саидмуъмин Давронов мегӯяд, бо ин вуҷуд, ӯро дар Додситонии ноҳияи Балҷувон бо парвандаи нав шинос кардаанд: "Дар прокуратура ба ман гуфтанд, чӣ зарурат буд, ки ба Радиои Озодӣ гап занӣ. Аз дасти Радиои Озодӣ ҳеч чиз намеояд. Мо худамон масъалаатро мебинем. Баъди он рӯзе, ки гузориши видеоӣ дар бораи ману писарам пахш шуд, ин туҳматро бар гарданам заданд."

Ин сокини деҳаи Шифочашмаи Балҷувон муддати дароз бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, барои ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт.

Давронов мегуфт, Ҳасан Иброҳимзода мехоҳад, ду гектар замин ва боғи ӯро аз худ кунад, вале дар ниҳоят, моҷарои додгоҳӣ ба нафъаш анҷом ёфт. Баъди ин моҷаро ва шикояти чанд нафари дигар, Ҳасан Иброҳимзода, ки масъули умури сохтмон ва замин дар ҳукумати ноҳияи Балҷувон буд, моҳи декабри соли 2021 аз мақомаш барканор шуд.

Аз ин рӯ, Саидмуъмин Давронову пайвандонаш тахмин мезананд, ки мақомот аз ӯ барои даъво нисбат ба муовини собиқи раиси ноҳия ниқор гирифтаанд ва парвандаашро “ташкилшуда” медонанд.

Мушили доғ

Баҳс бар сари замин солҳо боз ба як масъалаи доғ дар Тоҷикистон табдил шудааст.

Бино ба омори додситонӣ, соли 2020 дар Тоҷикистон нисбат ба 296 корманди идораҳои гуногун барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Аксари инҳо муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзию парандапарварӣ, раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои Кумитаи замин – будаанд.

Намояндагони Кумитаи замин ва ниҳодҳои дигари марбута пайваста таъкид мекунанд, ки мубориза бо хариду фурӯши заминро пурзӯр намудаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG