Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи "ҷаллоби" билети ҳавопаймоҳо дар Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳокимаи як масъули ширкати фурӯши билети ҳавопайморо шурӯъ кард, ки ба фиреби муштариён ва гаронтар аз арзиши воқеӣ фурӯхтани билет муттаҳам мешавад.

Бахтиёр Ғаниев, хазинадори ширкати “Ориён Трейдинг” дар шаҳри Хуҷандро додситонҳо бо иттиҳоми “фиреби муштариён” ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. Ба иттилои додгоҳ, Бахтиёр Ғаниев билети ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷандро, 3000 сомонӣ нарх дошт, худсарона 3480 сомонӣ ва 3200 сомонӣ фурӯхтааст.

Моҳи август ду муштарӣ аз амалкарди ӯ ба мақомоти интизомӣ шикоят кардаанд ва Бахтиёр Ғаниев бар асоси даъвои онҳо боздошт шудааст. Хазинадори “Ориён Трейдинг”- ро баъдан бо шарти то замони анҷоми тафтиш тарк накардани маҳалли зисташ озод кардаанд.

Билетҳои гарони ҳавопаймо яке аз масъалаҳои бисёр дарднок барои Тоҷикистон ва бахусус барои муҳоҷирон ба ҳисоб меравад, чун ҳар сол дар мавсими муҳоҷират дар баҳору тобистон қимати билети ҳавопаймоҳо ба Русия бисёр гарон мешаванд.

Танҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд беш аз даҳ ширкатҳои дохилӣ ва намояндагии ширкатҳои Русия билети ҳавопаймо мефурӯшанд, ки якеи онҳо “Ориён Трейдинг” аст.

Писарам хато кард, ҷавоб медиҳад

Ғуфрон Ғаниев, раҳбари ин ширкат рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтиёр Ғаниев писараш аст ва зоҳиран аз камтаҷрибагӣ ба чунин хато роҳ додааст.

Тобистону баҳор ин нуқтаҳо пур аз одам мешавад.
Тобистону баҳор ин нуқтаҳо пур аз одам мешавад.

“Вай рафта, нав системаи корамонро ёд гирифта омада буд. Ман ӯро сафед карданӣ нестам. Айби худаш, ҳамин корро кард. Акнун назди қонун ҷавоб медиҳад. Фақат умедворам, ки бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шавад.”

Барои ҷинояте, ки Бахтиёр Ғаниев ба он муттаҳам мешавад, яъне фиреби муштариён ба миқдори калон ҷаримаи бузург ва ҳадди аксар ду соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Муштариён дар ҳоле алайҳи хазинадори ин ширкат, Бахтиёр Ғаниеви 28 сола аз қиматфурӯшии билет шикоят бурданд, ки имсол моҳи июл дар Тоҷикистон нархи билети ҳавопаймоҳо ба самти Маскав ба таври бесобиқа боло рафт.

Бино ба арзёбии Бонки миллӣ моҳи июл нархи билети ҳавопаймоҳо якбора 47 дарсад ва қимати чиптаи Душанбе - Маскав 60,2 дарсад гарон шуд. Масалан, нархи билети Хуҷанд – Маскав то 4 500 сомонӣ, муодили тахминан 480 доллар боло рафт.

Боло рафтани қиматҳо масъалаи дардноки Тоҷикистон

Якбора баланд шудани нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва ҳар сол бо фаро расидани мавсими муҳоҷират нархи сафар бо ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ва ҳангоми бозгашти муҳоҷирон аз Русия ба кишвар боло меравад.

Нодир Ёқубҷонов, як сокини Хуҷанд мегӯяд, писараш дар факултаи тиббии Донишгоҳи шаҳри Қазони Русия таҳсил мекунад ва имсол бори аввал ба таътил омад. “Аммо нархи билет, 3 ҳазору 200 сомонӣ ба мо гаронӣ кард. Ночор ӯро бо автобус ва бо 1.5 ҳазор сомонӣ гусел кардем” - афзуд ӯ.

Гаронии билети ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русияву Туркия ва кишварҳои дигар, ҷавонони тоҷик ба таҳсил мераванд, онҳоро водор мекунад, роҳҳои наву арзонтарро биҷӯянд ва бо роҳҳои ҳавоии Уши Қирғизистон ва Чимкенти Қазоқистон, ё дар қатораи Тошканд сафар кунанд.

Имсол бо боз шудани роҳи Узбекистон барои нақлиёти Тоҷикистон равуои муҳоҷирони корӣ аз Хуҷанд ба Русия бо автобусҳоро назар ба солҳои қаблӣ зиёд кард. Дар ҳоле ки ширкатҳои билетфурӯшӣ билети гаронарзишро бо нархи боз ҳам баландтар ба муштарӣ мефурӯшанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани омилон кам иттифоқ меафтад ва расонаӣ мешавад.

Дар бисёр мавридҳо кор бо боз кардани парвандаи маъмурӣ ва ҷаримаи билетфурӯшон анҷом меёбад. Парвандаи хазинадори ширкати “Ориён Трейдинг” дар Хуҷанд барои фиреби муштариён яке аз чунин парвандаҳои камшумор аст, ки то додгоҳ расид.

XS
SM
MD
LG