Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русия то 100 $ поин омад


“Сомон Эйр”, ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, аз 14-уми ноябр нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвозро арзон кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар шароити нав ширкат ночор аст, барои ҷалби муштариён нархҳоро то ҳадде поён бибарад.

Билет аз фурудгоҳи Бодканд ба Маскав 6-7 ҳазор рубл аст, аз фурудгоҳи Хуҷанд ба камиаш 11-12 ҳазор рубл
Носир Ҳамробоев

Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати "Сомон Эйр", рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвоз поин оварда шуданд. Маъмулан ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон бо анҷом расидани мавсими туризм ё гардишгарӣ барои ҷалби муштариёни бештар нархи билетро поён мебаранд. Аммо Бандишоев гуфт, поин рафтани нархи чиптаҳои ширкат ба мавсим рабте надорад, “балки як иқдоми ширкат барои ҳавасмандии муштариён аст, ки ҳудуди як моҳ идома мекунад”.

"Парвоз аз Бодканд арзонтар аст"

Масъулони ширкат мегӯянд, мудирон натиҷаи поён овардани қимати билетҳоро таҳлил карда, баъдан тасмим мегиранд, ки нарх дар ҳамин сатҳ боқӣ бимонад ва ё ба сатҳи аввалааш бозгардад. Қимати билетҳои ширкат вобаста ба самташ аз 100 то 150 доллар арзонтар шудаанд. Дар ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, барои мисол, билети Душанбе – Маскав то ин замон 2225 сомонӣ арзиш дошт ва ҳоло нархи он 1631 сомонист. Нархи билети рафту баргашт ба шаҳри Урумчии Чин, ки мусофиронаш умдатан соҳибкоронанд, ҳоло 341 доллар аст. То ин замон нархи билети ин самт ҳудудан 420 доллар буд.

Агар дар кишварҳои хориҷӣ эълони тахфиф ё сабукии нархи чиптаҳо як ҳодисаи муқаррарӣ бошад, дар Тоҷикистон арзон шудани нархи чиптаҳо хеле кам иттифоқ меафтад. Гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоҳо ва бо таъхир анҷом шудани бисёре аз парвозҳо як мояи аслии интиқоди мусофирон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Бинобар гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоҳо бештари мусофирон роҳҳои дигари парвоз, аз ҷумла тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамсоякишвари Қирғизистонро меҷӯянд. Носир Ҳамробоев, як сокини ноҳияи Зафаробод, мегӯяд, ҳар бор ҳангоми сафар ба Русия аз фурудгоҳи Бодканди Қирғизистон истифода мекунад, ки нархи чиптаи ҳавопаймо 40-50 дарсад нисбат ба ширкатҳои Тоҷикистон арзонтар аст. «Билет аз фурудгоҳи Бодканд ба Маскав 6-7 ҳазор рубл аст, аз фурудгоҳи Хуҷанд ба камиаш 11-12 ҳазор рубл», - иброз дошт ин ҳамсуҳбати мо.

"Сомон Эйр"-ро чӣ маҷбур кард, ки нархоро поин биорад?

Зимнан, маъмурияти фурудгоҳи Бодканди Қирғизистон гуфта буд, то 80 дарсади мусофиронаш шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Вазорати иқтисоди Қирғизистон ҳам дар як гузориши таҳлилии хеш навишта буд, агар мусофирон аз Тоҷикистон набошанд, фурудгоҳи Бодканд худкифо нест ва кораш бо зиён анҷом меёбад.

Нодир Вафоев, ки қаблан ба ҳайси менеҷер дар яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия кор кардааст, мегӯяд, бозори авиатсия дар Тоҷикистон якчанд вежагӣ дорад, ки монеи рушди густурдаи он шудааст. Вафоев мегӯяд, аксари мусофирони ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон муҳоҷиронанд, ки санаи баргашташон маълум нест ва бисёр вақт курсиҳои ҳавопаймоҳо танҳо аз як самт пур мешавад ва ширкат маҷбур аст, харҷи ҷониби баргаштро низ аз ҷайби мусофирони як самт ҷуброн кунад.

“Вале бо ин вуҷуд ҳам ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба хароҷоташон иловапулии (маржа) бисёре зам мекарданд, чун фикр мекарданд, ки мусофир интихоби дигаре надорад. Аммо тавре мебинем, то 20-30 дарсади мусофиронро ширкатҳои Тоҷикистон аз даст доданд, чунки бисёриҳо тавассути Қирғизистон парвоз мекунанд”, - гуфт ӯ.

Вафоев гуфт, ин омил зоҳиран ширкатҳоро дар Тоҷикистон водор кардааст, то сиёсати нархгузории худро бозбинӣ кунанд.

Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии хусусӣ дорад: “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”. Парки ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ба фарқ аз “Тоҷик Эйр” хеле нав буда, ҳамагӣ аз ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг иборатанд. Айни замон ширкат 7 ҳавопаймои тамғаи “Боинг 737-300”, “Боинг 737-900” ва “Боинг 737-800”-ро дар ихтиёр дорад.

Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” панҷ ҳавопаймои тамғаи Боинг ва як ҳавопаймои сохти Чин “МА-60”-ро дар ихтиёр дорад. Ин ширкати давлатӣ борҳо гуфтааст, ки фаъолияти солонаашро бо зиён ҷамъбаст мекунад, аммо ширкати хусусии “Сомон Эйр” маълумот дар бораи суду зиёни молиашро нашр намекунад.

XS
SM
MD
LG