Пайвандҳои дастрасӣ

Занҳо ҷойгоҳи мардҳои дағалро дар нақлиёт танг мекунанд. ВИДЕО


Ба дунболи шикояту норизоиятҳои зиёд аз кори нақлиёти мусофирбар дар Душанбе, мақомот мехоҳанд пардохти роҳкирои мусофиронро ба танзим дароваранд.

Замони шӯравӣ ин кормандонро "кондуктор" меномиданд ва масъулияти онҳо, фурӯши билет бар ивази қимати роҳ, буд. Дар бархе ҳолатҳо мусофирон бо харидани билет аз ронанда ё аз киоски майдафурӯшӣ, онро мустақилона дар дохили мусофирбар сабт ё аз дастгоҳи "компостер", мегузаронданд.

Ҷалби расмии занон ба кори кондукторӣ дар ҳолест, ки бадмуомилагии чиптачинҳо яке аз масоили мавриди нороҳатии мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ аст.

Дар ин охирҳо бо як тасмими шаҳрдории Душанбе акнун занону духтарони махсус истихдомшуда, масъулияти ҷамъоварии роҳкироро ба ӯҳда мегиранд. Тафовут ҳамин аст, ки ба мусофирон билет ё шаҳодати коғазии пардохт шудани ҳаққи роҳ дода намешавад. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин навоварӣ, ҷилавгирӣ аз бадмуомилагии "кондукторҳо"-и худхонда мебошад. Солҳои охир ин масъулиятро дар ҳар мусофирбар маъмулан писарҳои ҷавон ва мардони миёнасол иҷро мекарданд.

“Аз тиҷорат ба чиптачинии троллейбус”

Мавлуда Гадоеваи 40-сола ду моҳ пеш кор дар мағозаро тарк карда, "кондуктор" ва ё масъули ҷамъоварии роҳкирои мусофирон шуд. Ӯ аз камтарин занҳои тоҷик аст, ки дар мусофирбарҳои пойтахти Тоҷикистон кондукторӣ мекунад. Мавлуда ҳоло аз субҳ то бегоҳ дар троллейбуси шумораи 4-и пойтахт роҳкиро ҷамъ мекунад.

Вай гуфт, аксар мусофирон ҳанӯз аз навоварӣ дар кори пардохти ҳаққи хизмати нақлиёт огоҳ нестанд ва вақте ӯ бо талаби пардохти роҳкиро ба онҳо наздик мешавад, ҳайрон мешаванд: “Маъмулан писарбачаҳо дар мусофирбарҳо ҳамчун кондуктор кор мекунанд. Мусофирон медароянд, кондуктор мекобанд. Кӣ бошад? Пешашон меравам, ҳайрон мешаванд, мегӯянд, шумо кондуктор, мегӯям, бале. Мепурсанд, чаро ягон кори дигарро интихоб накардиву ҳамин корро интихоб кардӣ? Ман мегӯям, ки ин кор ба ман писанд аст ва мехоҳам бо мардум кор кунам.”

Мавлуда мегӯяд, як муддат пеш аз ӯ, духтараш ҳам кондукторӣ кард ва ӯ низ ба ин кор гузашт. Духтари Мавлуда ҳоло дар курси компютерӣ мехонад ва Мавлуда ҳоло бо заҳмати кори кондукторӣ рӯзгори худ 4 фарзандашро пеш мебарад. Мавлуда нахост мизони даромад ва ё маоши худро аз ин кор бигӯяд ва танҳо гуфт, «барои зиндагӣ мерасад». Мавлуда мегӯяд, аз он ҳам шод аст, ки аксар мусофирон кори ӯро ба ҳайси як зан дар ин кор хуш истиқбол мекунанд.

“10 зан дар миёни 1000 кондуктор”

Аксарияти мутлақи "кондуктор"-ҳо дар мусофирбарҳои Душанбе, мардон мебошанд.
Аксарияти мутлақи "кондуктор"-ҳо дар мусофирбарҳои Душанбе, мардон мебошанд.

Ҷалби расмии занони кондуктор ба кор дар ҳолест, ки бадмуомилагии чиптачинҳо яке аз масоили мавриди нороҳатии мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ аст ва ин баҳсҳо гоҳо аз минбари шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба баррасӣ гузошта мешавад. Дар яке аз баҳсҳои охир дар "Фейсбук", азхудкунии бақияи роҳкиро аз ҷониби ҷавонҳои пулчин ва ҳам тавофути ин хадамот дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе, баррасӣ шуда буд.

Мояи даъвои мусофирону кондукторҳо ҳам асосан бар сари надодани бақия ва ё то охири хатсайр нарафтани ронандаҳо сар мезанад. Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, бовар доранд, ки бо ҷалби занон ба ин кор, масъалаи бадмуомилагии кондукторҳо, ҳалли худро пайдо мекунад.

Абдуҳалим Маҷидов, сухангӯи “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ҷалби занон барои кор ба чиптачинӣ дар баробари ҳалли масъалаи муоширати нохуби кондукторҳо, дар таъмини занон бо ҷойи кор, низ мусоидат мекунад.

Ҷаноби Маҷидов рӯзи 29 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақтҳои ахир шикоятҳо аз муомилаи бади кондукторҳо аз тарафи шаҳрвандон зиёд мерасад. Ба ин хотир, мо ба хулосае омадем, ки бисёртар занонро ба ҳайси чиптачин дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ҷалб кунем. Бонувон хушмуомила ҳастанд ва агар 50 дарсади чиптачинҳо аз ҳисоби занҳо бошанд, дигар чиптачинҳо аз онҳо ибрат гирифта, муомилаи худро хубтар мекунанд.”

Вале ҳанӯз шумори чиптачинҳо аз ҳисоби занон дар шаҳри Душанбе хеле кам аст. Ба гуфтаи ҷаноби Маҷидов, ҳамарӯза дар пойтахт дар ду баст қариб 1000 чиптачин фаъолият мекунанд, ки аз миёни онҳо тахминан 10 нафарашон занон мебошанд.

“Замина барои ин муноқишаҳо аллакай гузошта шудааст”

Онҳое, ки ба тағйири муҳити дохилии мусофирбарҳо баъди ҷалби занон шубҳа доранд, мегӯянд, масъала чандон содда нест. Мунаққидон мегӯянд, қоидаи истифодаи нақлиёти мусофирбар ҳам бахше аз фарҳанги шаҳрнишинӣ аст ва риояи қоидаҳои мушаххасро тақозо мекунад. Абӯалӣ Некрузов, рӯзноманигор ва собиқ узви Комиссияи шаҳрдорӣ оид ба нақлиёт мегӯяд, набуди фарҳанги шаҳрнишинӣ дар Душанбе, аз омилҳои аслии ин муноқишаҳо мебошанд.

Ҷаноби Некрузов рӯзи 29 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “замина барои нофаҳмиҳо миёни мусофир ва кондукторҳо аллакай гузошта шудааст. Масалан, вақте нархи роҳкироро муайян мекунанд, нархи ҷуфт намемонанд то боиси нофаҳмиҳо нашавад. Масалан 1,60 дирам ё 80 дирам нарх муқаррар шудааст. Як қисми шаҳрвандон бақияи тангаро намегиранд ва қисми дигар онро талаб мекунанд. Илова бар ин, Душанбе ҳоло ба маънои томаш пойтахт нест ва фарҳанги шаҳрнишинӣ то ҳол пурра шакл нагирифтааст. Муомилаи бади мусофир ва кондукторҳо дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ натиҷаи набуди ҳамин фарҳанг аст. Дар инҷо муносибати мусофирон низ муҳим аст ва танҳо кондукторҳо айбдор нестанд.”

Нақлиёт -- аз бахшҳои муҳими шаҳрдорӣ

Мунаққидон мегӯянд, пардохти пули нақд ва ба даст нагирифтани билет ё шаҳодати коғазии пардохт шудани харҷи роҳ дуруст нест, чунки дар ин сурат шаффофияти истифодаи маблағ зери суол меравад ва танҳо ба виҷдони кондуктор вогузор мешавад.

Дар кишварҳои аврупоӣ масъалаи пардохти харҷи роҳ бо чанд роҳ – хариди билет дар дохили мусофирбар, дар нуқтаҳои махсуси билетфурӯшӣ, хариди билетҳо дарозмуддат ҳал шуда, шахсони масъул ҳар сари чанд вақт дар дохили автобус ё метро санҷиши мусофиронро анҷом медиҳанд.

Масалан, барои надоштани билет бо арзиши 1 доллар дар нақлиёти ҷамъиятии Прага, то 50 доллар ҷарима пешбинӣ шудааст. Дар сурати адами пардохти ҷарима, кори шахс ба полис ва додгоҳ рафта, сангинтар мешавад. Аз ҳамин хотир, ҳар як мусофир масъулияти иҷрои ин муқарраротро эҳсос мекунад.

Нақлиёти шаҳрӣ яке аз бахшҳои кори шаҳрдорӣ аст, ки зиёд мавриди интиқод қарор дорад. Шаҳрдории собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доимо аз кори нақлиётҳои шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод мекард. Ба гуфтаи коршиносон, яке аз мушкили аслии нақлиёти шаҳрӣ дар дуруст танзим нашудани кори ин соҳа мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG