Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксиҳои "3 сомонӣ" куҷо шуданд?


Ронандаҳои таксии маъруф ба "3 сомонӣ" мегӯянд, ки таҳдиди ҷарима ва маҳрумият аз ҳаққи ронандагӣ ба онҳо имкон намедиҳад, то ба мусофиркашонӣ машғул шаванд.

Чанд рӯз боз дар кӯчаҳои марказии Душанбе таксиҳои маъруф ба "3 сомонӣ", ки баъзеи онҳо дар хатсайри рақами се ва баъзеи дигар дар хатсайри рақами 8 равуо мекарданд, кампайдо шудаанд. Бинобар ин, сокинон мегӯянд, ки субҳ интизори мусофирбарҳо истода, гоҳе вақт ба кор ва дарс дер мемонанд.

Таксиҳои дӯстдоштаи сокинони пойтахт – "таксиҳои 3 сомонӣ" акнун аҳён-аҳён ба чашм мехӯранд ва ронандаҳои он аз паси чанбарак бо ангушташон рақами 3 ва 8-ро ишора мекунанд. Яке аз таксиронҳо бидуни бурдани номаш гуфт, ки нозирони роҳ кори онҳоро мушкил кардаанд ва агар бо навиштаи ҳашт ё се ба дасти онҳо афтанд, ҷаримаи ҳангуфте дар интизорашон аст.

Мақомоти шаҳри Душанбе бар инанд, ки ронандагони таксӣ набояд дар як масир равуо карда, самти ҳаракати автобусу троллейбусро такрор кунанд.

Аммо сокинон намехоҳанд, ин навъи нақлиёт аз кӯчаҳои шаҳр ғайб занад. Рустам, як донишҷӯ, гуфт: "Будани ҳамин гуна таксиҳо барои мо муҳим аст, зеро аз дарсҳоямон дер намемонем. Лекин аз чӣ бошад, ки онҳо кам шудаанд." Раҳгузари дигар низ гуфт, "назар ба дигар кишварҳо гуфтан мумкин аст, "таксиҳои 3 сомонӣ” аз ҳама таксии арзон аст ва хуб мешуд, аз байн бурда нашавад. Зеро аз он истифода кардан хеле мувофиқ аст."

Таксиҳои "3 сомонӣ" куҷо шуданд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар варақаи сафархати он таксиҳое, ки пинҳонӣ дар хатсайри 8 ва 3 ҳаракат мекунанд, огоҳӣ навишта, таъкид кардаанд, ки дар сурати боз ба мусофиркашонӣ машғул шудан дар ин масирҳо онҳоро аз ҳуҷҷати ронандагӣ маҳрум хоҳанд сохт.

Раҳимбек Асоев, ронандаи таксии ширкати хусусӣ, мегӯяд, "бояд ҳар рӯз 42 сомонӣ супорем, ба ғайр аз он таъмиру дигар хароҷоти нақлиёт ба дӯши худамон аст, онро мо дигар аз куҷо ёфта медиҳем?," - суол гузошт яке аз таксиронҳо.

Ба таъкиди масъулони Корхонаи "Душанбехадамотнақлиётрасон" ниҳоди масъули танзими нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт таксиронҳои Душанбе, ки иҷозаи расмии фаъолиятро доранд дар интихоби масири равуо озоданд, аммо онҳо набояд мисли дигар нақлиёти мусофиркашон дар оинаи пеш рақам гузошта танҳо дар як хатсайр мусофир кашонанд.

Як масъули корхонаи "Душанбехадамотнақлиётрасон" гуфт, "таксӣ дар хатсайри нақлиёти мусофиркашон бо рақами автобус ё троллейбус гаштанаш номумкин ва ғайриқонунӣ аст. Таксӣ бояд дар доираи фармоиши мизоҷ ҳаракат кунад ва мо чунин таксиронҳое, ки дар хатсайр ҳаракат кунанд, муайян накардаем."

Таксиҳои маъруф ба "3 сомонӣ" дар Душанбе тақрибан панҷ сол қабл пайдо шуданд ва бинобар тезҳаракативу дастрас буданашон натанҳо зуд миёни мусофирон маҳбубият пайдо карданд, балки ба яке аз навгониҳои аҷиби шаҳри Душанбе бадал шуданд. Ин ихтирои таксиронҳои Душанбе сайёҳон ва хабарнигрони хориҷиро дар ҳайрат мегузорад ва барномаи маъруфи "Орел и Решка" низ таксиҳои "3 сомонӣ"-ро аз вижагиҳои хоси танҳо Душанбе муаррифӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG