Пайвандҳои дастрасӣ

Арӯси бевиза. Шоҳсанами тошкандиро дар Регар тӯй карданд. ВИДЕО


Бо боз шудани марзҳо ва бекор шудани низоми раводиди миёни Тоҷикистону Узбекистон, Носирхон орзуи деринаашро амалӣ кард. Арӯси нозанини Носирхон Маҳкамзода, ки дар ҷамоати Регари ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад, ду ҳафта пеш бидуни виза аз шаҳри Тошканд ба Тоҷикистон омад ва бо ин ҷавони тоҷикистонӣ оила барпо кард.

Хешу табор омаданд. Онҳое, ки 10 сол наомада буданд, омаданд. Паспорти хориҷӣ нагирифта буданд, ҳозир гирифтанд. 5 мошин рафта буд, ҳамааш пури меҳмон омад

Ҳарчанд анъанаи барпо кардани оилаҳои муштарак аз ҳисоби шаҳрвандони ду кишвар ҳамеша вуҷуд дошт, тавре ҷавонҳо мегӯянд, ба бахти онҳо, низоми раводид ё виза бекор шуд ва онҳо бидуни мушкил ба дидори ҳам расиданд.

Носирхон Маҳкамзода мегӯяд, арӯсашро ҳанӯз се сол пеш дар Тошканд шинос шуда буд ва мушкили виза дар ташкили базми арӯсӣ бо иштироки хешовандони ду ҷониб садди ҷиддие арзёбӣ мешуд. Вай гуфт, ки вақте қарор шуд арӯсро аз Тошканд хостгорӣ кунанд, ҳамеша мушкили виза, санад ва овардани арӯс ӯро азият мекард. Вале ҳоло бо хурсадӣ мегӯяд, ки тасмимҳои сиёсӣ роҳро ба хонаи бахти ӯву Шоҳсанам ҳам боз кард.

Мушкили виза дарди дидор бо азизонро сангинтар мекард

Шоҳсанам Раҳматуллоева, ҳамсари Носирхон Маҳкамзода, мегӯяд, дидани Тоҷикистон як орзуи деринаи ӯ буд, вале дар наврасӣ агар касе мегуфт, ки ба Тоҷикистон арӯс мешавад, бовар намекард. Шоҳсанам мушкили арӯсони зиёдро медонад, ки баъди хонадор шудан ба Тоҷикистон ё Узбекистон дар ҳолати мушкил қарор доштанд, ҳар вақте дилашон хост, ба хонаи падар рафта наметавонистанд ва мушкили гирифтани виза дарди дидор бо азизонро сангинтар мекард.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар ин бора, ки то куҷо аз зиндагиаш дар хонаи Носирхон розӣ аст, Шоҳсанам гуфт: «Дар урфият духтарро “санге дар фалахмон мегӯянд”, яъне ба ҳар куҷое, ки ҳаво диҳанд, ба ҳамон ҷо меафтад. Ман аз зиндагӣ дар ин ҷо ва шавҳарам розӣ ҳастам».

Бидуни виза: Арӯси тошкандиву домоди регарӣ хонаи бахт бунёд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Барои арӯсӣ аз Тошканд панҷ мошин меҳмон омад

Туйи хонадории Носирхон ва Шоҳсанам аввал дар Тошканд ва баъдан дар шаҳри Турсунзода бо ширкати меҳмонони зиёд аз ду ҷониб баргузор шуд. Ба ҷуз ҳар чизи нав дар Тоҷикистон, аз рӯи қонуни танзим барпо шудани тӯй буд. Дар Узбекистон ҳарчанд мақомот ба танзим ва камхарҷ шудани арӯсиҳо даъват мекунанд, ин ҳама пешниҳодҳо ба шакли қонун танзим нашудааст.

Асомиддин Бобоев, падари Носирхон Маҳкамзода мегӯяд, арӯсии писар баҳонаи хубе барои дидорбинӣ бо хешовандони дурафтода дар Узбекистон ҳам шуд:

«Хешу табор омаданд. Онҳое, ки 10 сол наомада буданд, омаданд. Паспорти хориҷӣ нагирифта буданд, ҳозир гирифтанд. 5 мошин рафта буд, ҳамааш пури меҳмон омад».

Барои арӯси меъмор дар Тоҷикистон кор пайдо мешавад

Носирхон маълумоти олии муҳандисӣ дорад ва Шоҳсанам меъмор аст. Носирхон мегӯяд, ҳатман барои ҳамсари меъмораш дар Тоҷикистон кор пайдо мешавад.

Носирхон Маҳкамзода умедвор аст, ки дар ноҳияи Турсунзода метавонад аз роҳи соҳибкорӣ корхонаи кучаки дӯзандагӣ ё фабрикаи хурди бофандагӣ таъсис диҳад ва дар ин кор маълумоти олии арӯси ҷавонаш ҳам ба кор меравад.

Пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон ва сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, равобити ин кишвар махсусан бо Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо ру ба беҳбуд овард. Равуои сокинон, хусусан хешу табори ду ҷониби марз ба маротиб афзуд. Дар зимн таҳияи аснод барои издивоҷ низ осон шуд ва шумораи ақди никоҳи сокинони ду кишвари ҳамсоя дар шаш моҳи ахир се баробар афзуда аз 8 адади нимсолаи аввали соли гузашта ба 24 адад расидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG