Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба парвози "Ямал" иҷоза дод


Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский"-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд иҷоза дод. Баҳси ин парвозҳо, ки ба "принсипи паритет" ё баробарӣ ва қимати билетҳо рабт мегирад, беш аз се моҳ боз давом дошт. Як масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 31 март ба Радиои Озодӣ созиши миёни Тоҷикистону Русияро дар ин масъала тасдиқ кард ва гуфт, "бале, мо иҷозат додем ва онҳо бояд ҷадвали парвозҳоро дуруст кунанд". Айни замон, ин манбаъ ба суоли инки парвози нахустини ҳавопаймҳои "Ямал" кай сурат хоҳад гирифт? - гуфт, "баробари гирифтани иҷозатнома дарҳол парвоз намекунанд. Хеле кор аст, ки бояд анҷом диҳанд".

Моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия баъди он бархост, ки Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод.

Ҳушдори Русия

Манбаъ дар бораи шарти ризояти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои "Ямал", ки моҳҳо боз тӯл кашида буд, чизе нагуфт. Аммо ду рӯз пеш Вазорати нақлиёти Русия ҳушдор дод, ки агар Душанбе ба “Ямал” иҷозаи парвоз надиҳад, чораҳои нав хоҳанд андешид.​ Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия, рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости гуфт, дар мавриди парвозҳои ширкати “Ямал”-и ин кишвар аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ мувофиқа ҳосил шуда буд. Ба қавли ӯ, дар ин дидор ҷониби Русия ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Оренбург ва Уфа ризоят додааст.

Як рӯз пеш: Ҳанӯз тавофуқ нашудааст

Фурудгоҳи "Жуковский"
Фурудгоҳи "Жуковский"

Як мақоми баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон субҳи 30 март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бо ҷониби Русия дар мавриди шурӯи парвозҳои ширкати “Ямал” ба шаҳрҳои Тоҷикистон тавофуқ ҳосил нашудааст. Ин мақом гуфт, Тоҷикистон пешниҳодҳои худро дар ин замина ба Вазорати нақлиёти Русия ирсол кардааст, ки дар он тақозои аслӣ риоя шудани баробарӣ ё паритети парвозҳо миёни ширкатҳои ҳар ду кишвар ҳисоб меёбад. Гуфта мешавад, ин пешниҳодҳо аз ҷониби Русия дар ҳоли баррасӣ буда ва ҳанӯз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷавобе нагирифтааст.

Душанбе чӣ гуфт? Маскав чӣ?

Зимнан, Юсуф Раҳмон, раиси бахши ҳавонавардии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 9 феврали имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, «тибқи созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия, ширкати «Ямал» метавонад аз моҳи июл парвозҳо ба Тоҷикистонро анҷом диҳад.»

Максим Соколов
Максим Соколов

Аммо Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ширкати ҳавоии “Ямал” дар авоили моҳи феврал ба хабаргузории русии РИА Новости гуфта буд, ҳуҷҷатҳои ин ширкат ба мақомоти Тоҷикистон ирсол шуда ва онҳо тасмим доранд аз 27 март парвозҳо ба шаҳрҳҳои Тоҷикистонро аз фурудгоҳи "Жуковский" дар наздикии Маскавро оғоз кунанд. Ба иддаои Дубров, раванди дарёфти муҷаввизи парвозҳо аз сӯи мақомот 45 рӯз идома меёбад ва ба ин хотир онҳо ҳуҷҷатҳоро зудтар таҳия карда, ба мақомоти тоҷик фиристодаанд.

Моҷаро аз куҷо бархост?

Моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия баъди он бархост, ки Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, дар протоколи танзими парвозҳое, ки рӯзи 7 ноябри соли гузашта дар Маскав имзо шуда буд, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Аммо Вазорати нақлиёти Русия инро рад карда, рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург, қатъ намуд.​

Ду ширкати Тоҷикистон

Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"
Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"

Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз ва ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад. “Уралские авиалинии”, “ЮтЭйр” ва “Сибирские авиалинии” аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд.Қимати билети ширкатҳои русӣ дар баробари қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, масалан аз Санкт-Петербург ба Душанбе то 3 ҳазор рубл арзонтар будааст.

XS
SM
MD
LG