Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Шувалов барои баҳси парвозҳо ба Тоҷикистон меояд


Акс аз 24 январи соли 2014
Акс аз 24 январи соли 2014

Дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия бо иштироки муовини аввали нахуствазир Игор Шувалов маросими ифтитоҳи намояндагии маркази экспортии Русия баргузор мешавад. Вале тамаркузи асосӣ рӯзи 27 январ ба худи ҷаласа равона мешавад, ки баҳси беш аз якмоҳаи парвозҳои миёти Тоҷикистону Русия аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ин ду кишварро ба баррасӣ мегирад. Баъди як ихтилофи Тоҷикистон ба шурӯи парвозҳои ширкати "Ямал", дар парвозҳои "Сомон-эйр"-и Тоҷикистон ба Русия маҳдудият боқӣ мемонад.

Мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар заминаи анҷоми парвозҳои ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд побарҷо буда Тоҷикистон пойфишорӣ мекунад, то ин парвозҳо бар асоси усули паритет ё баробарӣ сурат бигирад.

Кори маркази экспортии Русия аз пешбурди тиҷорати молҳои сохти Русия иборат мешавад, гуфтааст сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости. Аз ҳоло ин марказ, ки ҳамкории миёни ду кишварро дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ ҳадаф қарор додааст, 20 тарҳро ба маблағи 33 миллион доллар пуштибонӣ кардааст. Марказ ба унвони «равзанаи воҳиди» кор бо ширкатҳои содиротӣ ва сохторҳои масъули давлатӣ мешавад.

"Ямал" vs. "Сомон Эйр"?

Ифтитоҳи марказ дар рӯзи аввали ҷаласаи байниҳукуматии ду кишвар сурат гирифт, вале ҳанӯз мушаххас нест, ки то куҷо аз рӯзи дуюми мулоқоти мақомоти иқтисодии ду кишвар хабарҳои хушҳолкунанда ба даст ояд. Чун мавзӯи аслии баҳсҳо – азсаргирии парвозҳои ширкатҳои тоҷикӣ ва русӣ ба шаҳрҳои ҳамдигар хоҳад буд. Тоҷикистону Русия соли нави 2017-ро бо баҳсҳо сари парвозҳои ҳавоии ширкатҳои ҳамдигар оғоз карданд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 26 ва 27 январ дар Душанбе ҳайате аз Русия таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ҳукумат Игор Шувалов дар назар аст, ки дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Русия иштирок мекунад.

Ширкати "Сомон-эйр" ҳоло танҳо ба Маскаву Санкт-Петербург парвозҳо анҷом медиҳад
Ширкати "Сомон-эйр" ҳоло танҳо ба Маскаву Санкт-Петербург парвозҳо анҷом медиҳад

Баҳси парвозҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар баъди он бархост, ки Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, дар протоколи танзими парвозҳое, ки рӯзи 7 ноябри соли гузашта дар Маскав имзо шуда буд, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Аммо Вазорати нақлиёти Русия инро рад карда, рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург қатъ намуд.

Як манбаи муътамад ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ин нишаст масъалаи парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи “Жуковский”, бахусус ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” ба Душанбеву Хуҷанд низ баррасӣ хоҳад шуд. Вазири нақлиёти Русия низ ин эҳтимолро сарфи нзар накардааст.

Мақомот: Мавқеи Тоҷикистон побарҷо мемонад

Шералӣ Ганҷалзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки то ҳол вазорати нақлиёти Русия ба ин пешниҳод посух надодааст. Оқои Ганҷалзода гуфт, мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар заминаи анҷоми парвозҳои ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд побарҷо буда ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон пойфишорӣ мекунад, то ин парвозҳо бар асоси усули паритет ё баробарӣ сурат бигирад.

Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз дошт, ки аз чандтоаш маҳрум шуд. Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад. “Уралские авиалинии”, “ЮтЭйр” ва “Сибирские авиалинии” аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд. Қимати билети ширкатҳои русӣ дар баробари қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, масалан аз Санкт-Петербург ба Душанбе то 3 ҳазор рубл арзонтар будааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG