Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нотаи Душанбе ба Маскав


Имомуддин Сатторов
Имомуддин Сатторов

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 23 декабр дар робита ба манъи парвозҳо миёни ду кишвар ба Вазорати умури хориҷии Русия нота ё ёддошт супурда, дурустии мавқеи Тоҷикистонро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ шарҳ додааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат гуфт, оқои Сатторов ба бандҳои қарордоди байни ду кишвар ишора кард, ки, ба қавли ӯ, ҷониби Русия онҳоро нақз намудааст.

"Ҷанги ҳавоии" Тоҷикистону Русия баъд аз он сар зад, ки ду ҳавопаймои ширкати русии "Ямал" рӯзҳои 20 ва 21 декабр бо тақрибан 200 мусофир натавонистанд ба Душнабеву Хуҷанд парвоз кунанд.

Сарвар Бахтӣ гуфт, "сафир Вазорати умури хориҷии Русияро аз музокироти ду тараф огоҳ кард, ки рӯзи 22 декабр дар Маскав бе натиҷа поён ёфт. Инчунин, нота супурда шуд, ки дар он таъкид гардидааст, тарафи Тоҷикистон созишномаи иртиботи ҳавоии миёни ду кишварро нақз накардааст. Баръакс, нишон дода шудааст, ки Вазорати нақлиёти Русия кадом бандҳои ин созишномаро нодида мегирад."

Тоҷикистон чӣ мехоҳад, Русия чӣ?

Тоҷикистон талаб дорад, ҳаҷми мусофиркашонӣ дар байни ду кишвар баробар тақсим шавад ва афзоиши парвози ҳавопаймоҳои Русияро ба Тоҷикистон нақзи тавозун ва хилофи шартномаи байни ду кишвар арзёбӣ мекунад. Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамагуна фишор дар ин заминаро ғайри қобили қабул донистанд.

Аммо Темур Ҳикматов, сухангӯи вазорати нақлиёти Русия, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон мувофиқатномаи умумӣ ва протоколи 7 ноябри соли ҷорӣ миёни ду кишвар дар заминаи танзими парвозҳоро риоя накарда ва ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷоза надодааст.

Таниши байни Тоҷикистону Русия аз чист?

"Ҷанг"-и ҳавои Тоҷикистону Русия баъд аз он сар зад, ки ду ҳавопаймои ширкати русии "Ямал" рӯзҳои 20 ва 21 декабр бо тақрибан 200 мусофир натавонистанд ба Душнабеву Хуҷанд парвоз кунанд. Раҳбарияти ин ширкат гуфтанд, онҳо дар баробари "Уралские авиалинии" ҳаққи парвоз аз фурудгоҳи "Жуковский" ба ду шаҳри Тоҷикистонро доштанд, вале масъулони Вазорати нақлиёт ин иддаоро рад намуданд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати русии "Ямал" ҳанӯз иҷозаи расмӣ надошт ва қаблан огоҳӣ гирифта буд, ки билет нафурӯшад.

Дар оғоз гуфта мешуд, ин баҳс тасодуфист ва базудӣ ҳал мешавад. Аммо баъзе аз манобеъ мегӯянд, агар аз як тараф ин баҳс ба нархи ҳадди ақал аз 80 то 100 доллар арзонтари ширкатҳои русӣ дар муқоиса ба ширкатҳои ватанӣ вобаста бошад, аз тарафи дигар Маскав мехоҳад бо истифода аз ин "ҷанҷол" Тоҷикистонро барои ворид шудан ба созмони иқтисодии таҳти идорааш маҷбур кунад.

"Ҳанӯз хисорот ҳисоб нашудааст"

Ҷониби Русия аз 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла Қазону Иркутск, Оренбургу Сочи ва Новосибирскро манъ кардааст. Вале дар ҳоли ҳозир ин "таҳрим" ба парвози ҳавопаймоҳои "Сомон-Эйр" ба Маскаву Санкт-Петербург дахл надорад. "Сомон Эйр" ҳар рӯз ба Маскавдар, ҳафтае чор бор ба Қазону Санкт-Петербург, дуборӣ ба Екатеринбург, Красноярск, Оренбург ва якборӣ ба Иркутск, Новосибирск ва Сочи парвоз анҷом медод.

Масъулони ширкат гуфтанд, ҳанӯз дар бораи мизони хисороти ворида аз манъи парвозҳо ба шаҳрҳои минтақавии Русия, ки дар як ҳафта 16 парвозро ташкил медиҳад, бармаҳал аст. Вале, ба гуфтаи онҳо, мутаваққиф шудани парвозҳо бештар бар зарару сарсонии мусофирон, бахусус, муҳоҷирони кории тоҷик хоҳад буд.

Тоҷикистон роҳи "Уральские авиалинии"-ро баст

Тоҷикистон дар посух ба манъи парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ба минтақаҳои Русия, парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии"-ро ба Тоҷикистон манъ кард. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, парвозҳо аз чаҳор шаҳри Русия -- Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба Душанбе аз рӯзи 23 декабр қатъ шудаанд.

Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки ду кишвар дар мавриди иртиботи ҳавоӣ баҳсҳоеро анҷом медиҳанд. Дар моҳи ноябри имсол ҷониби Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи навтаъсиси Жуковский дар Маскав эътироз кард ва дар ниҳоят 7 ноябр ду кишвар дар ин масъала ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG