Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб-Маскав - танҳо масири парвоз аз фурудгоҳи ҷанубии Тоҷикистон


Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб мегӯянд, ки бинобар кам будани теъдоди мусофирон, шумораи парвозҳо шадидан коҳиш ёфта, ҳоло аз ин фурудгоҳ парвозҳо танҳо дар масири Кӯлоб-Маскав анҷом мешаванд.

Алӣ Комилов, сардори Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб авоили ин ҳафта зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир парвозҳо ба самти Новосибирск, Свердловск, Санкт-Петербург мутаваққиф шуда, танҳо аз ҷониби ширкати “Уральские авиалинии” парвозҳо ба пойтахти Русия сурат мегиранд.

Бахши аслии мусофирон аз минтақаи Кӯлоб ба Русияро муҳоҷирони корӣ ташкил мекунанд ва дар фасли сармо мизони мусофирон ҳамасола кам мешавад. Мавсими маъмулӣ ва ё гарми парвозҳо ба Русия баҳорон шурӯъ шуда, бозгашт аз ин кишвар маъмулан тирамоҳ ё дар остонаи зимистон анҷом мешавад.

Мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.
Мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Алӣ Комилов гуфт, ки фурудгоҳи Кӯлоб манфиатдори афзоиши шумори мусофирон аст: "Ба мо кадом ширкатҳои ҳавоӣ муроҷиат кард, хоҳ хориҷӣ бошад, хоҳ ватанӣ, сабукӣ меорем, аммо ҳозир мусофир кам аст. Ҳоло ман ҳар субҳ ҳисоб карда мебароям. Дирӯз аз ин ҷо 200 нафар ба Маскав сафар дошт, аммо аз он тараф 90 нафар меоянд. Агар ҳавопаймо ба ин шакл рафту омад кунад, даромад ба даст намеорад ва метавонад, ки парвоз анҷом надиҳад. Мо низ ба ӯ ҳеҷ таъсир расонида наметавонем, зеро ҳавопаймоҳо хусусӣ ҳастанд."

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки ният дорад шурӯъ аз 2 март хатҳои нави парвозро аз Кӯлоб ба Маскав ба роҳ монад. Дар гузашта то соли 2012 ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ҳам аз Кӯлоб ба Русия парвозҳо анҷом медод, вале панҷ соли охир дар ин фурудгоҳ танҳо ширкати русии “Уральские авиалинии” мондааст, ки ҳамон ҳам ҳоло танҳо ба самти Маскав парвозҳо анҷом медиҳад.

Коршинос: Қимати патент парвозҳоро коҳиш дод

Нозирон мегӯянд, фаъол будани парвозҳо мустақиман ба таваҷҷӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба бозори кор дар Русия бастагӣ мегирад. Дар гузашта шумори ғайрирасмии муҳоҷирони тоҷик, ки барои кори мавсимӣ ба Русия мерафтанд, аз 1 миллион нафар ва аз рӯи ҳисобҳои расмӣ – аз 800 ҳазор нафар ҳам бештар буд, вале ҳоло ин шумора ҳоло коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои вазорати меҳнати Тоҷикистон, соли 2016 чизе бештар аз ним миллион нафар ё 505 ҳазор шаҳрванди ин кишвар бо ҳадафи кор ба Русия рафта, мизони бозгашти онҳо аз ин кишвар назар ба гузаштаҳо бештар 12 дар садро ташкил додааст.

Низомиддин Комилов, устоди риштаи иқтисоди донишгоҳи давлатии Кӯлоб сабаби аслии коҳиш ёфтани таваҷҷӯҳ ба бозори кор дар Русияро, ба боло рафтани қимати патент ё бастаи санадҳои иҷозатдиҳандаи кор ва ҳам бӯҳрони иқтисодӣ дар он кишвар рабт медиҳад.

​Ба гуфтаи вай, бар асари таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия дар соли 2014, вазъи иқтисод ва бозори кори Русия осеб дид ва мизони даромад ҳам дар ин кишвар поин рафт. Бинобар ҳамин, ба гуфтаи ҷаноби Комилов, ҳоло як қисмати муҳоҷирони тоҷик на Русия, балки Қазоқистонро ҳамчун макони кори мавсимӣ интихоб мекунанд.

То охирҳои соли 2016 аз Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба самти Русия дар як ҳафта чор ва ҳоло ҳафтае ду парвозҳо сурат мегиранд. Масъулин мегӯянд, ки эҳтимол, бо расидани мавсими кор дар Русия, вазъ дигар шавад ва парвозҳо мутобиқ бо талаботи бозор афзоиш ёбанд.

Фурудгоҳи Кӯлоб соли 2006 мақоми байналмилалиро соҳиб гашт ва дар гузашта на фақат ба Русия, балки ба Қазоқистону Чин ҳам парвозҳо анҷом медод. Ҳоло масъулони ин фурудгоҳ мегӯянд, ки бо оғоз шудани парвозҳо аз сӯи ширкати "Сомон Эйр", тасмим доранд имсол сокинони маҳаллиро барои адои ҳаҷҷ ба Арабистони Саъудӣ интиқол бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG