Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии фурудгоҳи Кӯлоб барои гусел ва қабули зоирони Ҳаҷ


Фурудгоҳи шаҳри Кобул.
Фурудгоҳи шаҳри Кобул.

Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб омодагии худро барои гусел ва қабули ҳоҷиён иброз намуд.

Ин нуқта рӯзи сешанбеи 14-уми январ дар нишасти матбуотии масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб гуфта шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2012 раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи сафари худ ба шаҳри Кӯлоб ин дастурро ба раҳбарияти фурудгоҳ дода буд.

Масъулини фурудгоҳи байналмилалӣ иброз доштанд, ки ҳамакнун ин кор имкон дорад ва хоҷиёни ин минтақа метавонанд мустақиман аз фурудгоҳи Кӯлоб озими Хонаи Худо шаванд ва дар роҳи бозгашт низ онҳоро истиқбол хоҳанд кард.Ин ҳам дар ҳоле, ки то кунун сафари зоирони Хонаи Худо танҳо тариқи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд анҷом мешавад.

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб ягона фурудгоҳ дар 10 шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ба шумор меравад, ки айни замон сокинони тамоми мамлакат ва меҳмонони хориҷ аз он истифода мебаранд. Зимнан, соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванд барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка рафта буданд.

Омодагии фурудгоҳи Кӯлоб барои гусел ва қабули зоирони Ҳаҷҷ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG