Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такрори соли 2005 дар Тоҷикистон. Барфи файзбор ва хатарнок


Ҳавошиносон мегӯянд, захираҳои барф дар кӯҳҳои Тоҷикистон имсол ба ҳадде зиёд шуд, ки дар 14 соли ахир дида нашудааст.

Бориши барфи зиёд барои Тоҷикистон, ки саргаҳи аслии об дар тамоми Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, фавқуллода муҳим аст, ҳарчанд фалокату хисороти зиёдеро дар пай дорад.

Абдуёқуб Шоев, муовини сардори Маркази яхшиносӣ дар Оҷонсии обуҳавосанҷӣ дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар Майхура, дар кӯҳҳои Варзоб ва начандон дур аз Душанбе барф аз 2 метр ҳам баланд аст".

Дар ин минтақа ба гуфтаи ӯ, танҳо дар як шабонарӯз то 60 сантиметр барф боридааст. Ба қавли ӯ меъёри муқаррарии захираҳои барф 109 сантиметр аст, аммо имсол баландии барф беш аз 200 сантиметрро ташкил медиҳад.

Барфе ки файз меорад

Соли 2018 меъёри моҳонаи захираи барф ба гуфтаи ӯ, 41,3 дарсадро ташкил медод, ки се баробар камтар аз соли 2019 аст. Ҳаҷми барфе, ки имсол боридааст, ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, фақат дар соли 2005 мушоҳида шудааст.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд
Роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар Тоҷикистон дар минтақаҳои куҳӣ аз моҳи октябр то охири моҳи март барф захира мешавад. Афзоиши захираҳои барф барои сероб шудани оби рӯдхонаҳои Ому ва Сирдарё ва обанборҳои азим дар Осиёи Марказӣ аҳамияти ҷиддӣ дорад ва барои миллионҳо кишоварз дар минтақа бисёр муҳим аст.

“Ҳар қадар, ки захираи барф дар минтақа зиёд бошад, ҳамон қадар дарёҳо сероб шуда, хатари хушксолӣ кам мешавад. Масалан соли 2018 барф кам буд. Вақте мо бо чархбол таҳқиқ гузаронидем, дар моҳи май дар баландии то 2000 метр зироату алаф барои чарогоҳҳо мавҷуд набуд ва ин барои чорводорону кишоварзон мушкил овард” – гуфт ӯ.

Таҳлили муттахассисон дар моҳи январ муайян кардааст, ки ҳаҷми оби рӯдхонаҳо аз 10 то 80 дар сад зиёд шудааст. Абдуёқуб Шоев мегӯяд, барфи зиёде, соли гузашата ва имсол борид, барои обанбори нерӯгоҳи Роғун ҳам бисёр муфид аст. Ӯ афзуд: “Захираи обӣ дар дарёи Вахш барои ҷамъшавии об дар обанбори Роғун, ки аз масоили муҳим аст, бисёр хуб аст.”

Айни замон барфи зиёд бо худ фалокату мусибату хисороти зиёди иқтисодӣ меорад. Яке аз оқибатҳои манфии он тарма дар шоҳроҳу минтақаҳои аҳолинишин аст, ки имсолу соли гузашта сабаби марги чанд нафар шуд.

Фалокату мусибату хисорот оқибати дигар

Танҳо дар моҳи январи имсол дар кишвар 137 тарма сабт шудааст ва дар Бадахшон ҷони 5 нафарро аз байн бурдааст. Дар натиҷаи 23 тармаи дигар дар вилояти Суғд 3 нафар ҳалок шуд. Хисороти иқтисодии тарма ва барфрезии зиёдро ҳоло эълон накардаанд.

Воҳидҷон Ҳамидов, сардори шӯъбаи гидрологияи Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, паёмадҳои барфи зиёдро бояд дар тобистон мунтазир шуд.

“Дар дарёҳое, ки аз барфу борон ғизо мегиранд, дар баҳор, моҳҳои март-апрел рух додани обхезӣ мумкин аст. Дар ҳавзаи дарёҳое, ки аз ҳисоби пиряху барф дар баландкуҳҳо ғизо мегиранд, сел дар фасли тобистон имкон дорад” – гуфт ӯ.

Ҳаҷми дақиқи захираҳои барфро муттахассиони тоҷик ҳар сол дар оғози баҳор баъди як таҳқиқ муайян мекунанд. Имсол пажӯҳиш дар охири моҳи март дар назар гирифта шудааст ва бо ду усул аз ҷумла мушоҳида бо чархбол сурат мегирад.

“Тавассути чархбол мо дар тамоми ҳавзаҳои кишвар аз ҷумла дар дарёҳои Варзоб, Вахш, Сурхоб мушоҳидаҳо мегузаронем. Ҷадвалҳои барфченкунӣ дар баландиҳои аз 2500 то 4000 метр гузоштаем ва аз чархбол баландии барфро дар ин ҷадвалҳо мебинем ва муқоиса мекунем ” -гуфт Абдуёқуб Шоев.

Кам будани захираҳои барф дар ҳавзаҳои рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки 60 дар сади захираҳои оби Осиёи Марказиро дорад, ба вазъи обёрӣ дар Узбакистону Қазоқистону Туркманистон таъсир мегузорад, ки назар ба Тоҷикистон киштзорҳои васеътар доранд ва оби зиёдеро истифода мебаранд.

Шаст дар сади захираҳои оби минтақа аз Тоҷикистон сарчашма мегирад ва кам шудани об гоҳ-гоҳе дар байни мардуми минтақаҳои марзӣ ҷанҷолу камшмакаш бармеангезад.

XS
SM
MD
LG