Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 соат рӯи "занбар". Достони интиқоли як бемор аз Бартанг ба Рӯшон


Таваккал Ғуломиддинов, як сокини 48-солаи деҳаи Ҷизеви водии Бартанг пас аз он, ки пояш бар асари лағзиш шикастааст, рӯзи 26 феврал ба беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон оварда шудааст. Аммо, нақши мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро дар рӯи барфу роҳҳои баставу пур аз тарма чор тан аз хешовандони ин Таваккал иҷро кардаанд.

Таваккал рӯзи 28 феврал аз беморхонаи Рӯшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки роҳро то бемористон дар 6 соат тай карда, тамоми муддат ӯро дар рӯи як тахти латтагии равон (носилки) нигоҳ медоштанд. Вай гуфт: “Маро чор нафар аз хешовандонам бо “носилка” аз деҳаи Ҷизев то деҳаи Емтс расониданд. Дар тӯли 6 соат 20 километр роҳро пиёда тай кардем. Пойи ман ҳанӯз дард мекунад. Каме беҷой, ки шуд, дигар аз ҷоям хеста наметавонам.”

Таваккал мегӯяд, ки роҳро то бемористон дар 6 соат тай карданд ва тамоми муддат ӯро дар рӯи як тахти латтагии равон (носилки) нигоҳ медоштанд.

Рустои Ҷизев яке аз рустоҳои зебоманзари водии Бартанг буда, дар он ҳамагӣ 10 хонавода зиндагӣ мекунад. Ин русто аз роҳи мошингарди Бартанг 8 километр дур буда, дар фасли тобистон аз мавзеъҳои дӯстдоштаи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Баъди расидани ин гурӯҳ бо бемор то деҳаи Емтс, ба шарофати пок шудани роҳ аз барфу тарма, яке аз хешовандони Таваккал ӯро савори мошинаш тавонист то бемористон расонад. Хуррам -- хеши Таваккал Ғуломиддинов мегӯяд, аз он ҷо то бемористон дигар роҳ дур набуд. Ба гуфтаи Хуррам, аз деҳаи Бағу ба тарафи рустоҳои болои водии Бартанг ҳанӯз роҳ баста аст.

Бемористони марказии ноҳияи Рӯшон дар шароити маъмулӣ корро пеш мебарад. Худоназар Мардонаев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Рӯшон дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, беморхона барои 140 бемор ҷой дорад, аммо феълан тахминан 80 бемор бистарӣ мебошанд. Ӯ мегӯяд, дар фасли зимистон ва сардӣ бештар одамони гирифтори бемориҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш ба беморхона муроҷиат мекунанд: “Инчунин беморҳое дар шӯъбаи касалиҳои дарунӣ дорем, ки аз дарди рӯдаву меъда ва гурда ранҷ мебаранд”

Имсол барои Бартанг соли душворе буд.
Имсол барои Бартанг соли душворе буд.

Ҷаноби Мардонаев гуфт, ҳарчанд то ҳанӯз шахсан Таваккал Ғуломиддиновро надидааст, аммо ба гуфтаи ӯ, “як рӯз баъд мо маҷлиси пагоҳирӯзӣ дорем ва нафароне, ки бемориҳои сангин доранд, дар бораи вазъи онҳо духтурони навбатдор дар маҷлис гузориш медиҳанд. Ман шахсан дар шӯъбаи ҷарроҳӣ будам, аммо нагуфтанд, ки бемории вазнин дорад ё ба ягон чиз ниёз дорад.”

Ба гуфтаи сардухтур Худоназар Мардонаев, бо вуҷуди тармафароиву мушкилоти роҳ, беморхона кори худро ба таври маъмулӣ пеш мебарад, захираҳои доруву дармон кифоят мекунад ва мушкиле дар таъминоти онҳо эҳсос намешавад. Вай гуфт, табибони бемористон омода ҳастанд, ки бо назардошти вазъи ғайримаъмулии боришоту тармафароӣ, ба осебдидагони офатҳои табиӣ кӯмак расонанд. Вай гуфт, табибон бахусус дар нисбати сокинони деҳаҳои Бартанг гӯш ба қимор ҳастанд.

Моҳи феврал дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ва ҳам манотиқи дигари кӯҳистони Тоҷикистон, назири вилояти Суғд яке аз мушкилтарин марҳилаҳо буд. Бар асари боришоти шадиди барф ва тармафароӣ дар маҷмӯъ 20 нафар, аз онҳо 3 нафар дар ҳудуди вилояти Бадахшон ҷони худро аз даст доданд.

Дар яке аз рӯзҳои аввали моҳи феврал гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳам барои сари вақт ҳозир шудан дар дарсҳо баъди таътили тобистона маҷбур шуданд 127 км роҳро дар байни барфҳо давоми 4 шабонарӯз тай кунанд.35 донишҷӯ рӯзи 29 январ пои пиёда аз деҳаи Рошорв ба роҳбаромада, дар рӯзи чорумаш то деҳаи Шуҷанд расиданд.

Шуҷанд дар чорроҳаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ҷойгир аст ва баъди расидан ба он ҷо, донишҷӯён ба самти Хоруғ бо мошини сарироҳӣ ҳаракат карданд.Танҳо рӯзи панҷум онҳо ба Хоруғ расиданд ва маълум шуд, ки баъзе духтарҳои ҳамсафари онҳо дар роҳ сармо хӯрдаанд.

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки боришоти барф дар вилояти Бадахшон кам шуда, ҷои онро борон мегирад ва дар як ҳафтаи оянда ҳарорати миёнаи ҳаво рӯзона то 2-4 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорат -7-9 дараҷа шуда, назар ба гузаштаҳо гармтар шудааст.

XS
SM
MD
LG