Пайвандҳои дастрасӣ

Чиллаи "тирамоҳ" дар зимистони Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ: Обигарм

Рӯзи 3 январ дар бештаре аз қаламравҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 20 дараҷа гарм шуд. Гармии тирамоҳӣ дар чиллаи зимистон бештар кишоварзонро нигарон кардааст, ки ба далели гарм омадани фасли зимистон, аз ҳосили кам ва ҳам талаф ёфтани ҳосил дар баҳорон ҳарос доранд.

Ҳарорати ҳаво ҳарчанд дар ду рӯзи баъдӣ дар Душанбе эҳтимолан то 7-8 дараҷа поин меояд, вале боз то якшанбе то 14 дараҷа баланд мешавад ва боз даҳ рӯзи баъдӣ дар ҳамин ҳудуд мемонад.

Вируси зуком

Дар чанд рӯзи ахир вируси грипп ё зуком ҳам дар ҳоли гардиш аст ва

Дар 40 соли ахир аз беш аз 14 ҳазор пиряхи кишвар, ҳудуди як ҳазор ададаш комилан аз байн рафтааст

табибон сабаби онро дар гармии номуносиб ба тақвими зимистона рабт меҳиданд. Дар хонаводаи Карим, як сокини Душанбе як ҳафта аст ду фарзанду ҳамсараш аз зуком азият мешаванд. Табибон ба онҳо гуфтаанд, ки бо сабаби гармии ғайримаъмулии ҳаво вирус ҳам дар гардиш аст ва боиси сироят шудани нафарони бештар мешавад.

Дар кӯчаву бозор низ аксар сӯҳбат аз гарм будани ҳарорати ҳаво дар чиллаи зимистон аст. Одамони касбу кори гуногун ин ҳолатро риққатовар медонанд ва мегӯянд, паёмади он хуб нест.

Нигаронии кишоварзон меафзояд

Махфират Саидраҳмонова раҳбари хоҷагии деҳқонии “Идибек” аз ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз гарм омадани фасли зимистон изҳори нигаронӣ кард. Хоҷагии ӯ бо парвариши сабзаҷот машғул аст ва ҳарос дорад, ки баҳори имсол барои онҳо номуваффақ меояд. Ҳарорати ҳаво ин шабу рӯз дар Шаҳритуз монанд ба Душанбе аст ва ин хонум кишоварз аз ҳоло дар фикри хисороти эҳтимолӣ аст:

«Мо тирамоҳ дар заминҳоямон гандум, картошка ва пиёзи баҳорӣ кишт кардем. Вале моҳи дуввуми зимистон мегузараду на сардиву на барфборӣ мешавад. Ҳамаи кишоварзони ноҳияи мо нигарон ҳастанд, ки ҳашароти зараровар ҳосили ояндаи талаф хоҳад дод. Ман аз Интернет хабар ёфтам, ки баъд аз даҳ рӯз бояд борон борад. Аммо мо ба сардиҳо низ ниёз дорем, то ҳашарот нобуд шавад».

Абулқосим Мӯъминов, коршиноси арсаи кишоварзӣ низ мегӯяд, наборидани барф заҳмати кишоварзонро барбод хоҳад дод, зеро ҳашарот нобуд намешавад ва бо фарорасии фасли баҳор боғот ва полезиҳои кишоварзонро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Ба гуфтаи ҷаноби Мӯъминов, ҳарчанд кишоварзон заминҳои худро баъд аз ҷуфтсозии тирамоҳӣ кишт кардаанд, вале гарм омадани фасли зимистон талошҳои онҳоро барбод хоҳад дод:

«Дуруст аст, ки доруву даво ҳашароти зарарнокро нобуд мекунад, аммо бештаре аз кишоварзон ба далели мушкилоти молӣ имкони харидории онро надоранд. Гузашта аз ин, истифодаи зиёди доруҳои заҳрнок харидорони маҳсулоти ин кишоварзонро коҳиш медиҳад».

Кишоварзон, ки беш аз дигарон аз сардиву гармӣ ва дигар тағйироти ҳаво вобаста ҳастанд, мегӯянд, ҳикмати ҳар мавсим ҳам дар он аст, ки мувофиқи меъёр ва тақозои табиат аз рӯи тақвим гарму сард, борониву барфӣ шавад, то ки нияту ормонҳои деҳқон ҳам бароварда шавад.

Пешбинии барфу борон дар моҳи феврал

Зоҳиран, даҳаи дуюми январ ҳам нисбатан гарм мемонад ва боришотро танҳо баъди даҳумҳои январ ваъда медиҳанд. Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 3 январ гуфт, ки эҳтимоли боришот дар рӯзҳои наздик чандон зиёд нест. Вай гуфт, ки гармии номуносиб ба мавсими зимистон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Русия ҳам мушоҳида мешавад:

«Тирамоҳи соли гузашта мо зимистони гарму камборишро пешбинӣ карда будем ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар рӯзҳои нахустини моҳи декабр дар Тоҷикистон барф борид ва то ҳол дар водиҳо дигар барфрезӣ мушоҳида нашуд. Харитаҳои ҳавошиносии мо, ки тавассути моҳвора таҳия мешаванд, нишон медиҳанд, ки аз уқёнуси Ором ва минтақаи Сибири Русия ба Осиёи Марказӣ воридшавии абрҳову сардиҳо пешбинӣ намешавад.

Чунин мушкил ҳатто дар Русия дида мешавад. Дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон танҳо боди ҳавоӣ аз ҷануби Осиё давр мезанад. Пешбинии мо ин аст, ки эҳтимол дорад дар моҳи феврал дар Тоҷикистон боридани барф сурат бигирад ва фасли баҳор борон бештар меборад».

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки тағйири иқлими ҷаҳонӣ ба нармшавии ҳаво дар фасли зимистон дар Тоҷикистон сабаб шудааст. Ба унвони мисол коршиносон мегӯянд, ки агар дар моҳи январи соли гузашта ҳамарӯза аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон хабари тармафароӣ расида бошад, имрӯзҳо бештаре аз қисматҳои кишварро ҳавои офтобӣ фаро гирифтааст. Ба унвони мисол ҳатто гуфта мешавад, ки 3 январи соли гузашта дар минтақаи Майхураи шимоли шаҳри Душанбе қабати барф ба 1,5 метр баробар буд, аммо то ба имрӯз дар ин минтақа танҳо 37 сантиметр барф боридааст.

Захираҳои об кам мешавад

Рамазон Раҳмонов, мудири шӯъбаи пешбинӣ ва бойгонии Маркази пиряхшиносии Тоҷикистон 3 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки наборидани барфи зиёд ва набудани сардиҳо боис мешаванд, ки захираҳои оби кишвар, ки манбаи асосиашон пиряхҳо мебошанд, кам шавад.

«Ҳангоми гармшавии ҳаво пиряхҳо об шуда, ба ҳаракат медароянд ва зуд об мешаванд. Имсол боридани барф хеле кам аст, вале захираҳои солҳои қаблӣ аз камобии фасли тобистон наҷот медиҳад. Бо ин вуҷуд, боридани миқдори андаки барф моро нигарон сохтааст. Зеро, бидуни боришоти ками зимистони соли ҷорӣ миқдори пиряхҳо дар Тоҷикистон ба шиддат коҳиш меёбад».

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо аз гармоиши иқлим дар ҷаҳон ва дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, дар 40 соли ахир аз беш аз 14 ҳазор пиряхи кишвар, ҳудуди як ҳазор ададаш комилан аз байн рафтааст. Ин дар ҳолест, ки 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Ба ин далел президент Раҳмон дастур дод, ки дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази пажӯҳиши пиряхҳои кишвар таъсис дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон қасд дорад дар як соли дигар ду агрегати нахустини нерӯгоҳи “Роғун”-ро фаъол сохта, содироти нерӯи барқ ба Афғонистону Покистонро дар ҳамаи фаслҳои сол шурӯъ кунад. Оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон манбаи аслии тавлиди нерӯи барқ дар кишвар дониста мешавад ва дар сурати камбориш омадани зимистон, эҳтимоли мушкили ҷамъоварии об барои нирӯгоҳ ҳам вуҷуд дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG