Дар вилояти Хатлон мудирони даҳҳо мактабро “барои мутобиқат накардан ба вазифаи ишғолкарда” аз мақомҳояшон барканор кардаанд. Мудирони ин мактабҳо аз “ғалбери” вазорати маориф нагузаштаанд, чун зимни аттестатсия ва ё санҷиши дониш, натавонистаанд, ба суолҳо посухи дуруст бидиҳанд.
Имтиҳони мутобиқат ба вазифаи раҳбариро вазорати маориф аз моҳи октябри соли гузашта оғоз кард ва натиҷаи имтиҳонҳоро чанде пеш ба мудирони мактабҳо расонидааст. Имтиҳонро тамоми 1300 мудир супурдаанд, то нишон бидиҳанд, ки дар воқеъ сазовори раҳбарии муассисае ҳастанд, дар он садҳо кӯдак таҳсил мекунанд ва заминаро барои гирифтани донишу хубу зиндагии хуб дар онҷо мегузоранд.
Бар асоси оморе, ки дар шӯъбаи маорифи вилоят дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, аз миёни 1300 мудир, 28 нафар дар аттестатсия ноком монданд ва барои ҳамин аз мақомҳояшон барканор шуданд.
Бештар аз 1150 дар вазифаҳояшон мондаанд ва 132 мудири мактаб бо вуҷуди муввафақона супурдани имтиҳон бояд то охири соли таҳсил мақомашонро тарк кунанд, зеро ба синни нафақа расидаанд.
Сафармуҳаммад Алимардонов, як масъули идораи маориф ва илми вилояти Хатлон ва узви Комиссияи аттестатсионӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зимни аттестатсия онҳо муайян мекунанд, ки то куҷо савияи мудир ба донишҳои имрӯза мувофиқат мекунад.
Суолҳо душвор набуд, вале надонистанд
"Суолҳо душвор набуд, вале ҳама ба онҳо ҷавоб надоданд. Суолҳо дар бораи санъат, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва соҳаи маориф буд, ки бояд посух медоданд ва савияи донишӣ онҳо муайян мешуд" - гуфт, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ҳадафи ниҳоии аттестатсия барканории мудироне буд, ки дониши кофӣ надоштанд ва тасодуфан ба вазифа омадаанд. Акнун ба ҷойи онҳо ба қавли Алимардонов, омӯзгорони ботаҷрибаро таъйин кардаанд, то шароити таълиму тарбияро дар мактабҳо беҳтар намоянд.
Ғиёсиддин Зоҳиров, мудири собиқи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 14-и шаҳри Норак аст, ки дар аттестатсияи вазорати маориф ноком шудааст, ҳарчанд мегӯяд, собиқаи зиёди омӯзгорӣ дорад ва касбашро хуб медонад.
Ӯро баъди нокомӣ дар аттестатсия аз мақоми мудири мактаб гирифтанд.
"Дар бораи Садриддин Айнӣ пурсиданд, вале ман дар бораи қонунҳо омодагӣ гирифта, қонун дар бораи масъулияти падару модарро хондам, ба адабиёт аҳамият надодам, вале ба ман аз идораи маориф гуфтанд, ки аз имтиҳон нагузаштед"- гуфт Ғиёсиддин Зоҳиров ба Радиои Озодӣ.
Дар имтиҳони вазорат ҷадвали 15 баллӣ таъйин кардаанд ва ҳар мудир бояд ҳадди аққал аз 10 то 15 балл мегирифтааст. Зоҳиран баъзе аз омӯзгорони ботаҷрибаро суолҳо дар бораи идеологияи давлат гиҷ кардааст, ки дар варақаҳои имтиҳонӣ вуҷуд дошт.
Суолҳои идеологӣ ҳам буд
Мӯҳтавои суолҳоро Рамазон Одинаев, як масъули Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ба Радиои Озодӣ шарҳ дод ва гуфт: Суолҳо дар соҳаи маориф, таълиму тарбияи кӯдакон буд. Суолҳое буд, ки берун аз соҳа аст, вале идеологӣ аст, ки бифаҳманд, ки дониши идеологӣ доранд ё не. Донишу ҳуқуқӣ доранд, ё не, аз онҳо пурсида шуд".
Қарор дар бораи тартиби аттестатсияи омӯзгорон тобистони соли гузашта қабул шуд ва бар асоси он дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи омӯзгорӣ — категорияи олӣ, дараҷаҳои якуму дуюм муқаррар карда мешавад.
Аттестатсияи мудирони мактабҳо на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам гузаронида мешавад. Чунин аттестатсия охири соли гузашта дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор сурат гирифт ва ба гуфтаи вазорати маориф, аттестатсия маълум кард, ки “дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ камтаҷриба роҳбарӣ мекунан. Фаъолияти бархе аз роҳбарон ба талабот ҷавобгӯ нест ва бархе солҳои тӯлонӣ курсиро иваз накардаанд».
Аммо мушкили умда дар соҳаи маорифи Тоҷикистонро музди кам, маблағгузории нокофӣ ва таъмини номуносиби мактабҳо медонанд. Азбаски музди омӯзгорон кам аст, бисёре аз муаллимони ботаҷриба аз кор дар мактабҳои миёна даст мекашанд ва ба машғули тиҷорат, ё кори дигар мешавад.
Дар Тоҷикистон музди миёнаи кори муаллим бештар аз 700 сомонӣ, ё камтар аз 100 долларро ташкил медиҳад. Дар гузашта ҳолатҳое ҳам будаанд, ки баъзе аз мудирони мактабҳо баъди шикоят аз вазъи риққатбори мактабашон, аз кор ронда шудаанд.
Беном, хамин кудак аз ту дида бочасораттар аст ва миллионхо дусту мухлис дорад. Агар ту дах дар сади Самариддин обру медошти касал мешуди.
Инхел табибон бояд ба чазои сахтарин гирифтор шаванд ва то охири умр ба ин зан нафакаи калон дихад
Ин одам гражданини Россия аст, хатто паспорти точики надорад. Барои чи Озоди ин хабарро чоп кардааст, номаълум. Вале як чиз аён аст, ки ин одам алакай чи будани медийная личностиро фахмидааст. Ба кавли точикхо мазахурак шудааст. Хар чи набошад, интихоби худаш аст ва ба ягон точик на фоида овардааст на зарар. Суол хамоно он боки мемонад, ки Озоди барои чи махз ин хабарро чоп кард? Шояд ба чавонони точик сигнал дихад, ки онхо хам метавонанд мисли Рачабов "далер" бошанд? Ё ба хукуматдорони точик сигнал дихад, ки хушёр бошанд, дар мо хам хаст чавонони шердил? Дар будани чавонони шердил дар дохили Точикистон метавонад шак надошта бошад. Харорати дохили Точикистон хам наздик ба чушзадан аст. Ин процессхо дар Точикистон хело зуд итифок меафтанд. Танхо бояд рафтани Путинро мунтазир буд. Агар Россия ба чунбиш дарояд, тамоми давлатхои СНГ ба ларза медароянд. Ин парадигмаи сиёсии ин минтака аст.
Пешвои шумо барвакт хоки ватанро дод ба Чин ту чи савсата мехони инчо
Темур! Як замоне, яъне 700 сол кабл марде бо хамин ном чахонро ба ларза оварда буд. Марде бо хамин ном асархои човидони офарид. Марде бо хамин ном дар 34 солаги дар ахди Шурави профессори математика ва рохбари Донишгохи Воронеж гардид. Иншааллох Ту Темур- набераи Рустами прокурор чахонро ба ларза меовари ва Парчами Ватани нозанинро дар Олимпиада партавафшон мекуни. Темур!!! Точикистон ва махсусан бачахои нохияи Рудаки дар хакки Шумо дуогуянд. Расул Бокиев нукра гирифт, Худо хохад тиллоро шумо ба Ватан тухфа хохед кард. Ба пеш Фарзонафарзанди кахрамони Точик!!! Пирузи насибат Темури азиз!!!