Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамасола ҳудуди 200 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон паси партаи мактабӣ менишинад. Аммо ҳар сол дар Тоҷикистон танҳо ҳудуди 30 ҳазор ҷойи нави таҳсил бунёд мешудааст, ки барои кӯдакони соли аввал кифоя намекунад. Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон таҳсил дар кишвар ройгон аст, ҳарчанд дар Тоҷикистон мактабҳои хусусӣ ва пулакӣ низ вуҷуд доранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Коршиносон масоили камбуди мактабу устодон, сатҳи пасти маоши муаллимон ва набуди донишгоҳҳои хусусиро аз мушкилоти аслии арсаи маорифи Тоҷикистон унвон мекунанд. Шодибег Қодиров, раҳбари созмони ғайридавлатии “Иқтисод ва маориф” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муҳимтарини соҳаи маорифи Тоҷикистонро ба камбуди ҷойи нишаст дар мактабҳо рабт дод.

Ҳисобҳои соддаи риёзӣ нишон медиҳад, ки ҳатто дар соли таҳсили ҷорӣ ҳудуди 50 ҳазор нафар бе ҷойи таҳсил мондаанд.

Вай гуфт: "Дуруст аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон аз будҷа маблағгузории соҳаи маориф 10-15 дарсад афзоиш меёбад ва ин рақам дар миёни кишварҳои дигари пасошӯравӣ бештар аст. Аммо мушкил ин аст, ки дар мактабҳо ҷойи таҳсил барои хонандаҳо кам аст, ки сабаби асосиаш афзоиши аҳолии Тоҷикистон мебошад. Ҳамасола ҳудуди 200 ҳазор нафар барои таҳсил ба синфи як мераванд, аммо ҳамасола дар Тоҷикистон тақрибан 30 ҳазор ҷойи нави мактабхонӣ бунёд мешавад."

Бинои вазорати маорифи Тоҷикистон.
Бинои вазорати маорифи Тоҷикистон.

Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ 18 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин оморро тасдиқ кард ва аз ҷумла гуфт, "воқеан дар соли таҳсили 2016-2017 ба синфи якум 216 ҳазор кӯдак қабул карда шуд. Вале ҳамзамон барои 39 ҳазор мактабхон ҷойи таҳсил, асосан аз тариқи бозсозии мактабҳои қаблӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ 124 ҳазор нафар синфи ёздаҳумро хатм карда, мактабро тарк мекунанд."

Ҳисобҳои соддаи риёзӣ нишон медиҳад, ки ҳатто дар соли таҳсили ҷорӣ ҳудуди 50 ҳазор нафар бе ҷойи таҳсил мондаанд. Мушоҳидаҳо ҳокист, ки чунин вазъият дар чанд соли ахир идома мекунад ва ин амр мояи нигаронии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон шудааст. Зеро, ба эътиқоди соҳибназарон, як қишри умдаи ҷавонон дур аз таҳсил монда, минбаъд наметавонанд дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд. Ба гуфтаи коршиносон, бештаре аз кӯдакони ба истилоҳ “аз таҳсил дур монда” дар ниҳоят дар синфҳои пур аз мактабхонҳо таълим мегиранд, ки ба сифати омӯзиш таъсири манфӣ мегузорад.

Дар ҳамин ҳол, ҳазорон волидайн дар Тоҷикистон ба сабабҳои мухталиф, аз ҷумла набудани ҷой таҳсил дар маҳалли зист ва ё камбуди ҷойи таҳсил дар мактаби наздик водор мешаванд фарзандони худро барои таҳсил ба мактабҳои дурдаст фиристанд. Фахриддин Гулмадов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ҳарчанд дар рустои онҳо ҳудуди 5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, аммо барои фарзандонашон мактабе бунёд нашудааст.

Фахриддин Гулмадов мегӯяд, ки мактаби наздиктарин аз маҳалли зисти онҳо дар масофаи 3 километр воқеъ мебошад ва роҳ валангор аст ва ҳар рӯз маҷбур мешавад бо мошин ё таксӣ фарзандонашро ба мактаб фиристад. Вай бо тааҷҷуб мепурсад, ки "чаро барои 5 ҳазор аҳолии деҳаи мо то ҳол мактабе бунёд намекунанд."

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни як суханронии худ тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар низоми маорифи замони шӯравии собиқро мавриди интиқод қарор дода, изҳор дошт, ки дар солҳои истиқлолият сокинони кишвар ба таври воқеӣ аз омӯзиши босифат бархурдор шудаанд.

Алмос Сайфиддинов.
Алмос Сайфиддинов.

Алмос Сайфиддинов, раиси Бунёди Сорос дар Тоҷикистон 18 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо дарназардошти мушкилоти иқтисодӣ, дар кишвар бояд низоми ғайридавлатии маориф низ тақвият дода шавад. Вай афзуд: "Низоми феълии маориф дар Тоҷикистон ба равандҳои нав ниёз дорад. Бояд аз таҷрибаи Америка ва кишварҳои аврупоӣ истифода кард. Ба унвони мисол, ҳоло мушоҳида мешавад, ки дар арсаи маорифи Тоҷикистон муассисаҳои давлатӣ бартарӣ доранд. Шахсан, ман мехостам ҳузури бештари бахши хусусӣ дар ин соҳаро бубинам. Вақти он расидааст, ки дар Тоҷикистон ҳатто донишгоҳҳои хусусӣ арзи ҳастӣ кунанд. Зеро, дар кишварҳои пешрафта маҳз нақши донишгоҳҳои ғайридавлатӣ дар рушди илм ва фанновариҳо бештар эҳсос мешавад."

Зимнан, дар давраи истиқлолият мактабҳои олии Тоҷикистон аз 13 ба 39 адад расида ва миқдори омӯзгорон нисбат ба соли 1991, 4 ҳазор маротиба зиёд шудааст. Шумораи мактабҳои миёна низ сол аз сол афзоиш меёбад ва ҳамакнун ба ҳудуди 4 ҳазор расидааст.

Аммо ҳамчунон мавориди аз таҳсил дур мондани кӯдакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон боиси афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонони кишвар низ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 15 феврал дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони пойтахт аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон дар Душанбе нигаронӣ карда гуфт, дар панҷ соли охир 14 ҳазор ноболиғ беҳудагардӣ кардаанд. Вай ин равандро "ташвишовар" хонд ва гуфт, талошҳои мақомоти интизомӣ барои пешгирӣ аз он муассир набудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи интиқоди раиси ҷумҳур дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ аз волидон дар кишвар хост, ба фарзандони то 20-солаи худ иҷоза надиҳанд, ки шабона ба марказҳои дилхушӣ бираванд, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ, санҷишҳо нишон медиҳанд, баъзе ноболиғон ва танҳо дар Душанбе то 100 нафар шабона ба ин гуна муассисаҳо рафта ва дур аз назари волидайн, ба “кирдори номатлуб” даст мезананд.

Амалиёти “Тартибот” аз ҷониби ниҳодҳои интизомии шаҳри Душанбе танҳо дар ноҳияи Шоҳмансур 82 ҳолати нақзи қонунро сабт кард. Ҳатто аз ин ҳолатҳо “23-тои он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ва ё кашидани носу сигорро ташкил дода ва 25 ҳолати дигар вобаста ба масъулияти падару модар будааст ва ин волидон барои “беэътиноӣ дар тарбияи фарзанд”, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, яке аз қонунҳои баҳсбарангезест, ки моҳи июли соли 2011 қабул шудааст ва то кунун бар асоси он ҳазорон волидайнро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ҷарима кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG