Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бачаҳои тоҷик бо "ашрофзодаҳои" рус таҳсил мекунанд


Гурӯҳе аз донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои низомии Русия.
Гурӯҳе аз донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои низомии Русия.

Ҳукумати Тоҷикистон созишномае бо Русияро ба тасвиб расонд, ки бори аввал имкон медиҳад, наврасони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои низомии "ашрофзодаҳои" таҳсил кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон созишномае бо Русияро ба тасвиб расонд, ки бори аввал имкон медиҳад, наврасони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои низомии "ашрофзодаҳо" таҳсил кунанд. Як манбаъ дар вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси ин қарор, ки рӯзи 8-уми август раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо кард, ноболиғони тоҷик, аз ин баъд метавонанд дар омӯзишгоҳҳои низомии Русия, ба мисли омӯзишгоҳҳои низомии Суворов, Нахимов, омӯзишгоҳҳои ҳарбии баҳрии Русия таҳсил кунанд. Созишнома дар бораи омода кардани афсарон аз ҳисоби ноболиғони тоҷик дар Русия моҳи апрели соли 2012 дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин миёни ду тараф ба имзо расида буд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ сабаби баъди таъхири тақрибан сесола тасвиб шудани ин санадро нагуфт, вале афзуд, ҳукумат амр додааст, ки вазорати дифои Тоҷикистон бо дигар ниҳодҳои марбута барои иҷрои созишнома чора биандешанд ва вазорати умури хориҷӣ, Русияро аз тасвиби созишнома дар Тоҷикистон дар ҷараён бигузорад. Бар асоси ин санад, ки барои 5 сол баста шудааст, наврасони тоҷик бо ҳамсабақони русашон бо барномаҳои давлатии низомии Русия фаро гирифта шуда мисли ҳамсабақонашон «метавонанд, барои ба тартиб овардани синфхонаҳо, ободонии ҳавливу атрофи омӯзишгоҳ ҷалб шаванд".

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, таҳсили наврасони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои низомии Русия метавонад ҳам ройгон бошад ва ҳам пулакӣ. Ҳукумати Русия, ки ваъда додааст дар омода кардани афсарони тоҷик барои артиши миллии Тоҷикистон кӯмак кунад, барои наврасони тоҷик квота ҷудо мекунад ва онҳоро ройгон таълим медиҳад. Давлати Тоҷикистон дар сурати имконот метавонад, худаш наврасонро барои таълим ба омӯзишгоҳҳои Русия фиристода, пули иқомат ва хӯрокро дар тамоми замони таълим бипардозад.

Бар асоси созишнома, барои таҳсили ройгон, Тоҷикистон рӯйхати афсарони ояндаи артиши миллиро то 15-уми январ ба Русия мефиристад ва Маскав дар муддати ду моҳ - то 15-уми март ҷавоб медиҳад, ки чанд нафарро барои таҳсили ройгон қабул карда метавонад. Ҳоло маълум нест, ки чанд нафар аз наврасони тоҷик барои омӯхтани ҳунари маҳорати ҷангӣ ва фармондеҳӣ ба Русия фиристода мешаванд, вале айни замон садҳо ҷавони тоҷик дар Донишгоҳҳои низомии Русия таҳсил мекунанд.

Русия, ки пойгоҳи 201-уми низомии он бо 7 ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон ҷойгир аст, дар ивази тамдиди ҳузури ин пойгоҳ қавл додааст, ки барои тақвияти артиши Тоҷикистон бо аслиҳаву муҳимот кӯмак мекунад ва афсарони тоҷикро дар донишгоҳҳояш омӯзиш медиҳад. Садҳо донишҷӯи тоҷик айни замон дар Русия илми низомӣ мегиранд, вале бори аввал аст, ки наврасони тоҷик ба омӯзишгоҳҳои низомии Русия ҷалб мешаванд. Омӯзишгоҳҳои низомии Суворов ва Нахимов аз омӯзишгоҳҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар онҷо аксаран «ашрофзодаҳо» таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG