Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз дар қабули вазири маориф


Рӯзҳои шанбе, аксар идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии кишварро хеле орому камодам дарёфтан мумкин аст, ба ҷуз вазорати маориф, ки дар ин рӯзи кӯтоҳи корӣ, рӯи ҳавлии он серодам аст. Дар миёни ҷамъомадагон, аксаран ҷавононро дидан мумкин аст, ки барои ворид шудан ба вазорат навбат меистанд.

Ин рӯз, рӯзи қабули вазири маориф аст ва ҳар нафаре, ки мушкил ё шикояту суоле дорад ва ба он дар сатҳи поёнтар, мактабу донишгоҳҳо ҳаллу посухе намеёбад, метавонад дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо вазир онро матраҳ кунад.

Вазири маориф арзи мардумро мешунавад

Дар қабули навбатӣ, ман ҳам яке аз ин муроҷиаткунандаҳо будам, вале мақсад баррасии ягон масъалаи шахсӣ набуд, танҳо мехостам бидонам, ки мардум бо чӣ мушкиле ба вазир муроҷиат мекунанд ва то куҷо баъди ин мулоқот ба мушкили онҳо расидагӣ мешавад.

Мавлуда Ҳафизова, модаре, ки замони ҳузури мо аз назди вазир берун шуд гуфт, барои озод кардани як фарзанди донишҷӯ ва бемораш аз таҳсили шартномавӣ омадааст. Ин модар, ки худ ва ҳамсараш омӯзгор аст, 5 фарзанд дорад ва мегӯяд бо сарфа аз хӯроку либос, се нафари онро дар гурӯҳҳои шартномавии мактабҳои олӣ мехононад.

«Маблағи таҳсили духтарони калониам 400 доллар ва духтари дуввумам 800 доллар ва аз писарам 1250 доллар аст. То имрӯз кӯшиш мекардам месупурдам, вале писарам маъюб аст, ба наздики ӯро ҷарроҳии қалб кардем. Ба духтур зиёд ниёз дорем ва барои супурдани маблағи таҳсилаш ҳоло бисёр мушкилӣ мекашем, Ӯ хеле мехоҳад таҳсилашро идома диҳад ва ман маҷбур шудам назди вазир биёям. Шароитамон намерасад, агар шароит бошад, ман боз ҳамин қадар пули дигар медиҳам, то фарзандонам соҳибмаълумот бошанд. Ман худам омӯзгорам ва ҳеҷ гоҳ намехоҳам онҳо бедониш монанд.»

Посухи вазир чунин будааст, ки онҳо ҳуҷҷатҳои зарурии тиббиро ба вазорат пешниҳод кунанд ва имкон дорад таҳсили фарзандаш ройгон ва ё маблағи шартномаи он 50 дар сад кам карда шавад. Ба ҳар ҳол, ин мулоқот баъди саргардониҳои зиёд дар дохили донишгоҳ ба хонум Ҳафизова, модари як донишҷӯи бемор умед бахшид.

Дар қабулгоҳи вазир
Бархе хушҳол, бархе ноумед бармегарданд


Ӯ мегӯяд, таъсиси рӯзҳои қабул ва сӯҳбати рӯ ба рӯ бо сарони вазорату ниҳодҳои дигари масъул барои мардуме чун ӯ корафтода хеле зарур аст. «Мо баъзе масъалаҳода пеш вақт меомадем, як моҳ ду моҳ омада бе ҷавоб мерафтем»

Масъалае, ки модари дигар, омӯзгор Мухторова аз ноҳияи Рӯдакӣ, мехост дар мулоқот бо вазири маориф матраҳ кунад, аҷиб буд. Аз сабаб набудани мактаби 12 сола дар деҳи онҳо, духтари ӯ баъди синфи 9-ум натавонистааст таҳсилро идома диҳад, аммо ҳоло ин духтар 27 сол дорад ва тасмим гирифтааст барои гирифтани шаҳодатномаи мактаби миёна ба мактаб баргардад. Вале баъди 2 моҳи таҳсил дар синфи 11-ум, ӯро бо сабаби мувофиқ набудани синну солаш аз мактаб берун мекунанд.

Модари ин духтар, хонум Мухторова меафзояд:
«Аз маориф одам омадааст мактаб барои тафтиш. Мебинад, ки синни ин духтар калон, бо гапҳои дағал ӯро аз дарс берун мекунад. Ба ӯ гуфтааст, ки ту бояд инҷо нахонӣ. Ман куҷо барам духтарамро? Ҳоло духтар аз мактаб берун карда шуд, ба ҷое, ки фармони президентро дар бораи ҷалби духтарон ба мактаб амалӣ кунанд, онҳо баръакс духтаронро аз мактаб меронанд.»

Ба фарқ аз аксар дигар муроҷиаткунандаҳо, ин зан аз вазорат хеле хушҳол берун шуд, чун ба духтари 27 солааш иҷозаи таҳсил дар мактаби миёна дода шуд. Ҳамин тавр, бархе аз қабули вазир бо умеду хушҳол, вале гурӯҳи дигар, ки баъди ин мулоқот ҳам ба мушкили худ роҳҳал пайдо намекарданд, ноумед ва бо ашки чашм мебаромаданд.

Мисли донишҷудухтари яке аз донишгоҳҳои кишвар, ки мегуфт имкони идомаи таҳсил дар гурӯҳи шартномавиро надорад ва хоҳиш мекард, ба ӯ иҷозаи таҳсили ройгон дода шавад, аммо вазир гуфт ин донишгоҳ тиҷоратӣ аст ва ҳоло имкони озод кардани ӯ аз таҳсили шартномавӣ вуҷуд надорад.

Дархости умдаи муроҷиаткунандагон чист?

Аксари донишҷӯёну волидони онҳо айнан бо ҳамин дархост, яъне гузаштан аз гурӯҳи шартномавӣ ё пулакӣ ба таҳсили ройгон муроҷиат мекунанд, гуфт дар сӯҳбат бо мо вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, вале меафзояд ӯ, низомномаи таҳсил танҳо дар як ҳолат ба донишҷӯ ин иҷозаро медиҳад.

«Ин низомнома иҷоза медиҳад, ки донишҷӯе, ки 2 сол бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад ва ҳамчунин дар рӯзномаву маҷаллаҳо мақола менависаду дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъол аст, метавонад аз гурӯҳи шартномавӣ ба буҷавӣ интиқол ёбад.»

Ба ин тартиб, ҳар моҳ дар доираи рӯзҳои қабули вазири маориф, ки ба гуфтаи худи ӯ дар асоси супориши президенти кишвар оид ба қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст, беш аз 100 то 200 нафар бо масоилу мушкилоти мухталиф, аз ҷумла, барқарор кардани донишҷӯе, ки бо кадом як иллат аз донишгоҳе хориҷ шудааст, таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар, 50 дар сад кам кардани маблағи таҳсил ва ё расонидани кӯмак муроҷиат мекунанд.
XS
SM
MD
LG