Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо хонандаи мактаб дар ҷануби Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки пули истифодаи китобҳо дар чанд соли пешро пардохт кунад. Ин аст, ки ҳоло ҷамъоварии пули китоб дар аксар мактабҳои вилояти Хатлон ҷараён дорад.

"Маърака"-и пулҷамъкунӣ дар мактабҳо

Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон низ талош дорад, то пули қарзи хонандагон аз китобҳои дарсиро ҳар чӣ зудтар ба вазорати маориф ва илм бозпас гардонад. Ин амр имкон медиҳад, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон китобҳои наве барои мактабҳо интишор диҳад. Қарзҳои мактабҳои вилояти Хатлон барои истифодаи китобҳои дарсӣ маблағи беш аз 7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Иддаи аз волидон дар тааҷҷубанд, ки пули қарзи китоб аз куҷо пайдо шудааст. Онҳо ин суолро мегузоранд, ки чаро бояд ин пулро пардохт кунанд?

Масъулони Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон рӯзи 6-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пуле, ки баргардониданаш ба дӯши хонандагон ва волидайни онҳо вогузор шудааст, то 31 октябри соли ҷорӣ маблағи 7 милиону 380 сомонӣ будааст ва ин қарз аз солҳои қабл мондааст. Дар баробари волидайн, раҳбарони синфҳо дар мактабҳо низ хона ба хона гашта ва пули қарзи китоб ҷамъ мекунанд.

Мақомот: "Пул ҳар чӣ зудтар баргардонида шавад"

Давлатмурод Эшмуродов, як масъули Корхонаи табъу нашр дар минтақаи Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонандагони мактабҳо муддати солҳои 2001 то 2016 китобҳоро гирифта, вале пули иҷораи онро барнагардонидаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Эшмуродов, ҳоло бояд ин пул ҳар чӣ зудтар ба вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргардонида шавад: "Вазорати маориф ва илм бо идораҳои маориф санаде дорад, ки бояд бар асоси он пули китобҳо баргардонида шавад. Бар асоси ин санад теъдоди китобҳо ва миқдори пул мушаххас аст".

Ба гуфтаи Давлатмурод Эшмуродов, танҳо маблағи қарз аз китоб дар мактабҳои ноҳияи Бохтар ҳудуди 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол мудирони идораҳои маориф ва илми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ба ҷамъоварии пули китобҳо аз хонандагон машғуланд.

Волидон: "Тавони додани пулро надорем"

Ҳамакнун ба гуфтаи Рӯҳулло Ҳакимов, мудири идораи маориф ва илм дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аллакай 75 ҳазор сомонӣ аз хонандагон ҷамъоварӣ шуда ва ба вазорати маориф ва илм бозпас гардонида шудааст. Аммо на ҳама волидай имкони пардохти пули китоби фарзандонашонро доранд.

Ҷумъагули 45-сола, аз занҳои танҳо дар водии Вахш аст, ки соҳиби чор фарзанд аст ва онҳо ҳама мактабхон мебошанд. Ба гуфтаи ин зан маблағи пули ки барои чор фарзандаш 100 сомониро ташкил медиҳад ва ӯ ҳоло имкони пардохти инро надорад;

“Ман 50 сомонӣ надорам, ки ба муаллимон барои китоб диҳам. Чӣ расад ба 100 сомонӣ. Муаллимҳо мегӯяд, ки пул диҳед, вале вазъияти оилаамро, ки ҳеҷ куҷо кор намекунам ва танҳо ҳастам ба онҳо гуфтаму фаҳмондам. Гуфтам агар кӯмакпулӣ аз ягонҷо пайдо шуд, бароятон медиҳам. Онҳо низ хомӯшанд",-мегӯяд ин зани сокини Вахш.

Пули қарз аз куҷо омад?

Аммо иддаи дигаре аз хонаводаҳо дар тааҷҷубанд, ки пули қарзи китоб аз куҷо пайдо шудааст. Онҳо ин суолро мегузоранд, ки чаро бояд ин пулро пардохт кунанд? Дар посух ба ин суол масъулони идораи маориф ва илми вилояти Хатлон гуфтанд, ки тибқи қарордод аз ҷониби хонандагон як китоб то 3 сол мавриди истифода қарор мегирад ва арзишаш 10 сомонӣ аст. Ба гуфтаи ин масъулон хонандагон дар соли аввал 34 дарсад ва солҳои баъдӣ боқимондаи онро бояд баргардонанд.

Дар ҳоле, ки масъулони идораи маориф ва илм дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон талаби баргардонидани пули қарзи китобро доранд, теъдоде аз хонандагону волидайнашон дар ташвиш ҳастанд, ки ин пулро чӣ гуна баргардонанд. Чун аксари онҳо фақру нодоранд ва ба ҳамин сабаб наметавонанд пулӣ қарзи китобро гардонанд.

Зимнан, дар вилояти Хатлон беш аз 1000 мактаб фаъол аст, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 670 ҳазор хонанда таҳсил мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG