Пайвандҳои дастрасӣ

"Иқдоми баъдӣ чист? Оташ задани китобҳо?". САДО


Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон.

Комиссияи Аврупо алайҳи Маҷористон барои қонуни омӯзиши олӣ, ки боиси баста шудани Донишгоҳи марказии Аврупо воқеъ дар Будапешт мешавад, иқдоми қонунӣ рӯи даст гирифтааст. Комиссияи Аврупо ин иқдомро рӯзи 26 апрел бо пахши як баёния пас аз он ки қонунгузорони Иттиҳодияи Аврупо боздиди нахуствазири Маҷористон Виктор Орбанро дар як баҳси гарми парлумонӣ интиқод карданд, эълом намуд.

Донишгоҳи марказии Аврупо, ки аз бештар аз 100 кишвар ҳудуди 1 ҳазору 500 донишҷӯ дорад, қарор аст бар асоси ин қонун, қабули донишҷӯёнро мутаваққиф карда, соли 2021 дарҳояшро бибандад.

Гай Верхофстадт, нахуствазири пешини Белгия ва узви аршади Парлумони Аврупо гуфтааст, Орбан “ҳамаи арзишҳои Комиссияи Аврупоро нақз кардааст” ва суол кардааст: “Иқдоми баъдӣ чист? Оташ задани китобҳо?” Ин иқдоми қонунӣ ва изҳороти қонунгузорон таъкид ба таниш миёни Брюссел ва Орбан мебошад, ки мунтақидон ӯро барои ба хатар андохтани қонунҳои бунёдӣ ва муносибати нарм бо Русия муттаҳам мекунанд.

Дар баёнияи Комиссияи Аврупо гуфта шудааст, ки қонуни омӯзиши олии Маҷористон, ки аввали моҳи апрел ба тасвиб расид, бо “озодиҳои бунёдии бозори дохилӣ” ва ё “ҳуқуқи озодии илмӣ” созгор нест.

Нахуствазири Маҷористон Викор Орбан.
Нахуствазири Маҷористон Викор Орбан.

Донишгоҳи хусусӣ, ки соли 1991 аз сӯи Ҷорҷ Сорос бунёд шудааст, нуқтаи меҳварии баҳси сиёсӣ дар Маҷористон гардидааст. Орбан борҳо Соросро барои дахолат дар умури дохилии Маҷористон муттаҳам мекард ва барои созмонҳои вобаста ба Сорос маҳдудият эҷод менамуд. Валдис Домбровскис, муовини президенти Комиссияи Аврупо зимни як нишасти хабарӣ дар Брюссел гуфтааст: "Мо тасмим гирифтем бо ирсоли як нома ба ҳукумати Маҷористон дар баробари қонуни омӯзиши олӣ бар асоси арзёбии амиқ иқдоми қонунӣ бигирем."

Ин қонуни Маҷористон рӯзи 4 апрел дар парлумони ин кишвар ба тасвиб расид ва 10 апрел аз сӯи раисҷумҳур Янош Адер имзо шуд. Меъёрҳои ин қонун тақозо мекунанд, ки донишгоҳҳои хориҷӣ дар Маҷористон бино дошта бошанд ва курсҳои монандро дар кишварҳои худ пешниҳод кунанд. Донишгоҳи марказии Аврупо, ки аз бештар аз 100 кишвар ҳудуди 1 ҳазору 500 донишҷӯ дорад, қарор аст бар асоси ин қонун соли гузашта қабули донишҷӯёнро мутаваққиф карда, соли 2021 дарҳояшро бибандад.

Ин иқдоми Маҷористон интиқоди ҷаҳониро ба бор овард ва мунҷар ба мавҷи калони тазоҳурот дар хиёбонҳои ин кишвар шуд. Ҳукумати Орбан барои посух додан ба номаи Комиссияи Аврупо, ки ҳомили ҷузъиёти масъалаҳои ҳуқуқӣ аст, як моҳ фурсат дорад. Ин нома метавонад қадами аввалин дар раванд қабулшуда аз сӯи комиссия-раванди нуқта гузоштан ба нақзи қонунҳои Иттиҳодияи Аврупо ва таъмини иҷрои онҳо дар кишварҳои узв мебошад. “Комиссия қадамҳои баъдиро дар партави посухи ҳукумати Маҷористон мегирад”-гуфтааст Домбровскис.

Ин эъломи Комиссияи Аврупо дар мавриди иқдоми қонунӣ чанд соат баъд аз суханронии Орбан дар ҷаласаи умумии Парлумони Аврупо бо таъкид рӯи ҳуқуқҳои бунёдии Маҷористон ба миён омад. Орбан дар суханронии худ аз Донишгоҳи марказии Аврупо ва Сорос интиқод карда, дуввумиро “ҷаллоби молии Амрико” хондааст, ки ба қавли ӯ бо “ҳуҷум бар Маҷористон” “зиндагии миллионҳо аврупоиро бо ҳаннотиаш хароб кардааст”. Орбан инчунин Соросро “як душмани пули евро” гуфтааст. Ӯ дар мавриди иқдоми қонунии Комиссияи Аврупо сӯҳбат накардааст.

Чанд қонунгузори Иттиҳодияи Аврупо дар баҳси парлумон Орбанро шадидан интиқод карданд. Верхофстадт, раҳбари Иттиҳодияи либерал-демократҳои гурӯҳи Аврупо дар Парлумони Аврупо Орбанро ба далели эҷоди мамоният барои расонаҳо ва талоши бастани донишгоҳ муттаҳам кардааст. “Шумо дар Маҷористон ҳамаҷо душман мебинед”,- гуфтааст вай. “Дар расонаҳо, дар бахши энержӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳам дар бахши академикӣ. Шумо арзишҳои Иттиҳоди Аврупоро имзо кардаед. Шумо ҳамаи онҳоро нақз кардаед.”

Верхофстадт афзудааст: “Иқдоми баъдӣ чист? Оташ задани китобҳо?”

Орбан ба таври мухтасар аз қонуни зидду нақизи маорифи Маҷористон ёд кард ва онро “як ислоҳи ҷузъӣ” унвон кардааст, ки 28 донишгоҳи хориҷиро дар Маҷористон нигарон кардааст. Орбан гуфтааст, ки “ин кор ва масъулияти вай аст, ки итминон бидиҳад донишгоҳҳои Аврупо ва Маҷористон аз донишгоҳҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо камӣ надоранд, новобаста аз бузургӣ ва қудратмандии соҳибони онҳо”.

Ҳатто Манфред Вебер, раҳбари Ҳизби марказгарои халқи Аврупо - аз бузургтарин аҳзоб дар парлумони Аврупо, ки ҳизби Орбан ҳам шомили он аст, ҳукумати Маҷористонро даъват кардааст, ки “талаботҳои Комиссияи Аврупоро ба инобат бигирад ва иҷро кунад”.

Амрико аз тасвиби зуди ин қонун интиқод кардааст. Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 31 март пеш аз қабули ин қонун аз он изҳори нигаронӣ карда, Будапештро “барои ҷилавгирӣ аз қабули қонуне, ки фаъолият ва истиқлоли Донишгоҳи марказии Аврупоро ба хатар меандозад”, даъват кард.

Орбан, ки дар аввали солҳои 1990 ҳамчун сиёсатмадори зидди Шӯравӣ маъруф шуд, аз равобити наздик бо Русия дифоъ мекунад. Ӯ пас аз ба қудрат расидан дар соли 2010 чандин бор бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор дошт. Дидори охирин онҳо моҳи феврал ҳангоми сафари Путин ба Будапешт сурат гирифт.

Сафари соли 2015 Путин аввалин сафари вай ба кишвари узви Иттиҳоди Аврупо пас аз ғасби Қрим дар моҳи марти соли 2014 буд. Орбан аз пешниҳоди худ ба Маскав дифоъ кард ва гуфт, ки Маҷористон ба барқи арзони Русия ниёз дорад. Аммо, мунтақидон мегӯянд, ки раҳбари Маҷористон аз шеваи ҳукуматдории худкомаи Путин илҳом мегирад.

Ҳукумати Маҷористон низ пешнависи қонун, ки барои созмонҳои ҷамъиятӣ дар ба даст овардани пули хориҷӣ маҳдудият дар назар мегирад, рӯи даст гирифтааст. Ин лоиҳа шабеҳи лоиҳаи “агентҳои хориҷӣ”-и соли 2012-и Русия аст, ки мегӯяд, созмонҳои ғайридавлатӣ аз хориҷа дастгирӣ мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG