Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Оқсарой то Душанбе. Гуфтугӯ бо муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик. ВИДЕО


Муҳоҷирони ихроҷшуда. Шоми 22-юми ноябри 2017
Муҳоҷирони ихроҷшуда. Шоми 22-юми ноябри 2017

Гурӯҳи 17-нафарии муҳоҷирони кории тоҷикро, ки қаблан дар истгоҳи Оқсарой, дар марзи Русияву Қазоқистон, боздошт шуда буданд, шоми 22-юми ноябр ба ватан оварданд.

Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, баъди се сол ҳаққи вуруди дубора ба Русияро пайдо хоҳанд кард.

Кормандони Радиои Озодӣ ин гурӯҳи муҳоҷиронро аз истгоҳи ноҳияи Турсунзода то шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд. Ин гурӯҳ бахше аз он 229 муҳоҷирест, ки бо сабаби мушкил дар санад ё бо иттиҳоми нақзи муққаррароти будубош дар Русия аз 2 то 14-уми ноябр аз қатор фароварда шуда, мавриди баррасии додгоҳе дар Русия қарор гирифтанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бозгашти “муҳтарамона”-и муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Аксари онҳо дар суҳбат эътироф намуданд, ки мақомоти интизомии Русия барои вуҷуди камбуд ва норасоӣ дар санадҳояшон, аз ҷумла "надоштани иҷозатномаи корӣ", "надоштани сабти ҷои зист", "ба охир расидани муҳлати шиносномаи хориҷӣ" ва "риоя накардани талаботи дохилии кишвари Русия" боздошт шуданд.

Наврӯз Қосимов
Наврӯз Қосимов

Яке аз онҳо Наврӯз Қосимов аст. Вай шоми 22-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте моро фароварданд, билети ман электронӣ буд ва онро сарҳадбонони Русия тамдид накарданд. Билети мо сӯхт. Моро ба маҳкама кашида, гуфтанд, ки санадҳои Шумо нав нест ва моро ихроҷ карданд. Дар онҷо шабу рӯз аслан нону чой мехӯрдем, шароит хуб набуд."

Онҳо мегӯянд, мақомоти рус онҳоро дар толори истгоҳи Роҳи оҳан нигоҳ медоштанд ва ҳамаи онҳо аз ҳисоби худ харҷи ғизоро таъмин мекарданд. Баъди расидани ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз сафорат дар Маскав ва масъулини Роҳи оҳан аз Душанбе дар вагонҳо бо рахти хоб ва ғизои бепул таъмин шудаанд.

Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе
Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе

Қиёмиддин Азизов, як муҳоҷири дигар мегӯяд, баъд аз чанд рӯзи сарсонӣ бар асоси қарори додгоҳ бо пардохти 2000 рубл ҷарима ихроҷ шуд ва баъди як ҳафта бо кумаки Идораи роҳи оҳан савори қатори Душанбе шуд. Умед Содиқов, муҳоҷири дигар мегӯяд, "рӯзи 14-уми ноябр кормандони мақомоти интизомии Русия маро аз қатор фароварданд. Муҳлати патент ва иҷозатномаи корам гузашта буд. Ҳуҷҷатҳои моро санҷиданду ба додгоҳ доданд ва баъд аз ҷарима дар ҳаҷми 2000 рубл ихроҷам карданд."

Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, бо ихроҷ шуданашон аз хоки Русия акнун баъд аз се сол ҳаққи вуруди дубора ба ин кишварро пайдо хоҳанд кард.

Русия барои ин гурӯҳ ва садҳо ҳазор муҳоҷири дигар дар солҳои ахир макони аслии кору даромад шудааст, вале гаронии харҷи гирифтани иҷозати кору патент, хароҷоти зиндагӣ боис ба эҷоди мушкил дар қонунӣ шудани санадҳояшон мешавад.

Анвар Латифзода, сардори котиботи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи муҳоҷирон ройгон ва бо таъмини ғизо ба Тоҷикистон расонда шуданд. Ба иттилои ӯ, ин афрод баъд аз судури қарори ихроҷ ҳаққи бозгашт ба Тоҷикистонро ба даст оварданд.

Аз 2 то 14-уми ноябр мақомоти марзбонии Русия 229 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми бозгашташон ба ватан тавассути се қатори хатсайри Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд аз қатор фароварда боздошт кардаанд. Ба иттилои масъулон дар Тоҷикистон, гуруҳи охирини муҳоҷирини ихроҷшуда, ки аз 29 нафар иборатанд, дар қаторҳои самти Хуҷанд ва Душанбе аз Оқсарой ба Тоҷикистон бармегарданд. Ин гурӯҳ, қарор аст, рӯзи 24-уми ноябр ба Тоҷикистон бирасад.

XS
SM
MD
LG