Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти беш аз 100 муҳоҷири тоҷик дар марзи Русияву Қазоқистон


Беш аз сад муҳоҷири тоҷик ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон боздошт шудаанд. Мақомоти марзбонии Русия онҳоро барои нақзи қоидаи будубош дар он кишвар муттаҳам мекунанд.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки муҳоҷирон тариқи қатор аз Маскав ба Душанбе мерафтанд ва тафтиши онҳо дар гузаргоҳи Оқсарой дар наздикии сарҳади Қазоқистон сурат гирифтааст. Як ҳамсуҳбати мо дар сафорат рӯзи 4-уми ноябр теъдоди боздоштшудаҳоро тақрибан 115 нафар гуфт.

“Дар ҳақиқат, аз қатори роҳи оҳан тақрибан 115 шаҳрванди моро фаровардаанд. Онҳо ба вайрон кардани қоидаи будубош дар Русия айбдоранд. Ҳоло бо шаҳрвандон дар тамос ҳастем ва масъаларо пайгирӣ дорем”, - афзуд мусоҳиби мо.

Дар Хадамоти матбуоти раёсати марзбонии ФСБ-и Русия дар ҷумҳурии Қалмиқистон ва вилояти Астрахан рӯзи 3 ноябр ба хабаргузори “Астрахан 24” гуфтаанд, ки боздошти ин теъдод аз муҳоҷирон рӯзи 2-юми нобяр сурат гирифт. Ин хабаргузорӣ теъдоди боздоштшудаҳоро 90 нафар гуфта буд.

Ҳар сол дар фасли баҳор даҳҳо ҳазор афроди қобили кор аз Тоҷикистон ба Русия рафта, тирамоҳ бармегарданд. Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик бештар тариқи ҳавопаймо ба Русия равуо мекарданд, аммо тайи ду соли ахир ба далели буҳрон ва камии сармоя дубора ба мусофирбару қатори роҳи оҳан рӯй овардаанд.

Масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон моҳи гузашта гуфтанд, дар 9 моҳ тариқи қатор 102 ҳазор нафар мусофирро ба манзил расондаанд, ки дар муқоиса ба 3 соли пеш се баробар бештар аст. Дар гузашта бинобар мушкилоти роҳ, хусусан дар марзи Узбакистон ва Русия, мусофирон аз сафар бо қатор парҳез мекарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG