Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи тақрибан 3600 нафарро дар Тоҷикистон "буриданд"


Дар Тоҷикистон пардохти нафақаи тақрибан 3600 нафар қатъ шудааст. Назокат Одиназода – муовини раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон – рӯзи 21-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пардохти нафақаи ин нафарон то замони тасдиқ шудани дараҷаи маъюбиашон боздошта шудааст.

Ӯ гуфт, "шаҳрвандон нахуст аз ташхиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегузаранд ва бар асоси он Оҷонсӣ ба онҳо нафақа таъин мекунад."

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки баъзе аз сокинон санадҳои тақаллубиро ба оҷонсӣ пешниҳод карда, бар асоси он нафақа мегиранд. Барои ошкор сохтани чунин маъюбони ба истилоҳ "дурӯғин" ва онҳое, ки саломаташон дубора беҳтар гаштаааст, 3580 нафар нафақагир вазифадор шудаанд, дубора аз ташхис гузаранд.

Назокат Одиназода
Назокат Одиназода

Назокат Одиназода гуфт, "дар сурати тасдиқ шудани дараҷаи маъюбӣ нафақаи ин нафарон барқарор мешавад ва дар ғайри сурат онҳо аз нафақа маҳрум карда мешаванд."

Бозбинии нафақаи афроди маъюб ба дунболи тағийру иловаҳо ба “Қонун дар бораи таъмини нафақа”, ки ду соли пеш дар порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид ва расонаӣ шудани нафақаи бузургҳаҷми бархе аз мансабдорон, аз ҷумла Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини Роҳи оҳани Тоҷикистон, ба миён омад. Ба дунбол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба санҷиши ҳуҷҷатҳои мансабдороне пардохт, ки ба далели маъюбияшон нафақаи ҳангуфт дарёфт мекунанд.

Дар Тоҷикистон бинобар муқаррароти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ се дараҷаи маъюбӣ – гуруҳи якум, дувум ва севум муайян шудааст. Бинобар маълумоти Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон айни замон меъёри миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 146 сомонӣ аст. Андозаи миёнаи нафақа дар Тоҷикистон 272 сомонӣ муодили 30 доллари амрикоӣ мебошад.

Бинобар иттилои охирини Оҷонси нафақа дар Тоҷикистон айни замон 659 ҳазору 437 бознишаста нафақа мегиранд. Танҳо дар соли гузаштаи 2016 теъдоди гирандагони нафақа дар кишвар 18 ҳазору 598 нафар бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG