Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Турсон: “Чорае ҷуз бознишастагӣ надоштам”


Акбари Турсон
Акбари Турсон

Қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мавриди ба русӣ ё англисӣ сурат гирифтани ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар кишвар баҳси мақоми забони тоҷикӣ ва сатҳи илмро дубора ба миён овард.

​Мақомоти Вазорати маориф пас аз расонаӣ шудани ин қарор гуфтанд, ки манзур танҳо фароҳам овардани имконияти ҳимояи рисолаҳо бо забонҳои ғайр дар кишвар аст ва вазорат олимонро аз имконияти бо забони модарӣ ҳимоя кардани рисолаҳояшон ба пуррагӣ маҳрум накардааст. Ба гуфтаи мақомоти вазорат, олимон дар Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон ҳаққи бо забони модарӣ ҳимоя кардани рисолаҳояшонро доранд, ҳарчанд дар матни қарор чунин як интихоб зикр нашудааст.

  • Ифтитоҳи Шӯрои диссертатсионӣ. Профессор зиёд мешавад?

  • Дар ин замина рӯзи 18-уми ноябр суҳбате доштем бо донишманди тоҷик Акбари Турсон, ки пас аз солҳои зиёди кору тадрис дар Амрико ба Тоҷикистон баргашта, солҳои ахир раёсати Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт ва шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улумро бар уҳда дошт. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки ба таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Тоҷикистон чӣ назар дорад?
Олимӣ дар Тоҷикистон як роҳи пулкоркунӣ шудааст, ки пеши роҳи онро гирифтан зарур аст. Чанде пеш ман дар бораи Аҳмади Дониш як эссе навиштам, ки дар он Дониш мегӯяд, “ҳеҷ гоҳ илмро барои дарёфти рисқу рӯзӣ” аз роҳи ахлоқан вайрон истифода набаред.

Акбари Турсон: "Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Тоҷикистон сатҳи илмии моро поин мебарад. Бинобар ин, фикр мекунам, ба ҷуз аз илмҳои филология ва таърих, масъулияти арзёбии илмҳои табиатшиносӣ ва боқимонда фанҳоро бар уҳдаи Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Русия гузошт. Айни замон худи мо аз уҳдаи арзёбии сатҳу сифати рисолаҳои илмӣ дар ин арсаҳо намебароем. Вақте ман аз Амрико ба Тоҷикистон баргаштам, дар Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт ва шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улум шӯрои илмии дифои дессертатсияҳоро боздоштам. Чунки кадрҳое, ки дар ин шӯро ҳимоя карданд, сатҳи илмиашон хеле паст аст. Ман аз ҳисоби кадрҳои ҳозира Пажуҳишгоҳро тавре, ки мехостам, сохта натавонистам. Ҳам аз ҷиҳати сохтори илми академӣ ва ҳам аз ҷиҳати мавзуъ. Дар пажӯҳишгоҳ муҳаққиқоне нестанд, ки мавзуъҳои ҳозиразамонро дар сатҳи байналмилалӣ таҳқиқ карда тавонанд. Бинобар ин, вақте хостам ин ҳамаро тағйир диҳам, танҳо мондам, чунки натанҳо раёсати Академия, балки коллективи Пажӯҳишгоҳ муқобили ман баромаданд. Аз ин рӯ, ман чорае ҷуз аз ба нафақа рафтану бознишаста шудан надоштам. Чанд вақт пеш матбуоти Русия ишораи Дмитрий Медведев, нахуствазири он кишварро чоп кард, ки аз ҷиҳати шумораи рисолаҳои илмӣ Тоҷикистон аз ҳама пеш аст. Аммо аз ҷиҳати сатҳу сифат чӣ? Мо аз кӣ пеш ҳастем? Шахсан худи ман дар сатҳи як пажӯҳишгоҳ ислоҳоте барои боло бурдани сифати илм ҷорӣ карда натавонистам, чӣ расад дар сатҳи ҷумҳурӣ. Айни замон барои илмӣ мо як назорат аз берун бисёр зарур аст."

Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, кишвар боз ҳам аз хадамоти ВАК-и Русия истифода кунад. Аммо ВАК-и Русия талаб мекунад, ки рисолаҳо бо забони русӣ навишта шаванд. Оё ин талабот ба унвонҷӯён мушкил пеш намеорад?

Акбари Турсон
Акбари Турсон

Акбари Турсон: "Барои олимоне, ки муҳаққиқи илмҳои табиатшиносӣ ҳастанд, ба русӣ ё англисӣ навиштан набояд мушкил эҷод кунад. Ба забонҳои байналмилалӣ навиштани асари илмӣ сатҳи масъулияти олимро баланд мебардорад. Чунки олим пеш аз навиштан фикр мекунад, ки ин навиштаи моро олимони забардасте хонда, баҳогузорӣ мекунанд. Олими воқеӣ дар зеҳнаш қудрати олимшавӣ дорад, навҷӯ аст, ин талабот ягон мушкил эҷод намекунад. Омӯхтани як забони дигар ин як унсури рушди тафаккур аст. Барои олими ҳақиқӣ омӯхтани забони дигар ҳеҷ мушкил надорад. Аммо барои онҳое, ки унвонҳои илмиро воситаи пулкоркунӣ ва мансабталошӣ қарор додаанд, ин монеа аст. Мисли як садди чинӣ. Бинобар ин ман тарафдори онам, ки то як муддати муайян, то замоне ки мактабҳои қавии илмӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд наояд, арзёбии рисолаҳои илмӣ ба ихтиёри ВАК-и Русия вогузор карда шавад. Ин шояд барои баъзеҳо вазнинӣ кунад… Аммо барои онҳое вазнин аст, ки олим нестанд. Олимӣ дар Тоҷикистон як роҳи пулкоркунӣ шудааст, ки пеши роҳи онро гирифтан зарур аст. Чанде пеш ман дар бораи Аҳмади Дониш як эссе навиштам, ки дар он Дониш мегӯяд, “ҳеҷ гоҳ илмро барои дарёфти рисқу рӯзӣ” аз роҳи ахлоқан вайрон истифода набаред. Ба ибораи имрӯза коррупсия дар илм бояд ҷой надошта бошад. Агар мо ҳоло доираи пулгирию пулиситониро дар илм ҳам васеъ кунем, обрӯяш комилан мерезад."

Радиои Озодӣ: Агар нафари ислоҳотоҳе дар Академия ва Пажӯҳишгоҳи манзури Шумо ба кор ояд, метавонад, вазъиятро тағйир бидиҳад?

Акбари Турсон: "Ҳоло ислоҳи ин вазъият барои ҳар роҳбаре ҳам, ки дар пажӯҳишгоҳ таъин шавад, мушкил аст. Чунки ҳар кӯшиши ислоҳот ба зиддият бармехӯрад ё тамоми Академияро ба худаш душман мекунад. Баромада меравад, дигар илоҷ нест."

Радиои Озодӣ: Пас, чӣ гуна мешавад ин бахш ислоҳот кард?

Акбари Турсон: "Корро аз зинаҳои поёнӣ бояд шурӯъ кард. Бояд олимони ҷавони бовиҷдонро ба кор ҷалб кард. Яъне, ҳанӯз дар зинаи аспирантура ва магистратура маҳсули илмии олимшавандаҳоро бояд санҷид. Оё он чизе, ки навиштааст, худаш медонад ё аз куҷое, барои мисол, аз интернет рӯйнавис кардааст? Навиштааст чӣ ҷанбаи наве дорад? Ҳамин гуна имтиҳони ҷиддӣ пеш аз қабул зарур аст, ки ин ҷавон қудрати илмӣ дорад, ё не? Ҳоло дар илми мо ҳамин гуна имтиҳон нест. Бинед, ҳоло оламро шоир зер кардааст, касе аз онҳо намепурсад, ки ту оё қоидаҳои шеърро медонӣ ё не? Гап танҳо дар сари қофия нест, эстетикаи шеър умуман аз байн рафтааст. Ҳатто дар миёни овозхонҳо як навъ имтиҳон ҳаст, аммо дар илм касе аз олимшавандаҳо намепурсад, ки ту қобилияти олимшавӣ дорӣ ваё надорӣ?"

XS
SM
MD
LG