Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи бонуи тоҷик барои "антибиотик" дар Кореяи Ҷанубӣ (ВИДЕО)


Истифодаи пайвастаи антибиотикҳои сахттаъсир ва гоҳе бидуни тавсияи табибон, мояи нигаронии муттахасони соҳаи тиб дар Тоҷикистон шудааст.

Биҳамида Маҳкамова, номзади илмҳои кимиё ва тиб, мегӯяд, бо истифодаи нодурусти антибиотик мардум ба бемориҳое гирифтор мешаванд, ки табобаташон ба осонӣ даст намедиҳад. Ӯ рӯзи 1 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “духтур чизе нагуфта мардум худашон антибиотик менӯшанд ва ба як тартиби муайян истифода намекунанду дисбактериоз мешаванд. Табобати он қимату мушкил аст. Барои ҳамин, ба хулосае омадем, ки зарур аст, то давое омода созем, ки ориза ё зарар надошта бошад.”

Биҳамида Маҳкамова, номзади илмҳои кимиё, баъди ҳашт соли пажӯҳиш ба ин хулоса омадааст, ки мешавад антибиотикро бо гиёҳҳои шифобахш ва безарар иваз кард ва бо ин роҳ ба инсонҳо даво бахшид.

Ҷоизаи бонуи тоҷик барои "антибиотикаш" дар Кореяи Ҷанубӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Давое, ки ӯ дар ин самт ихтироъ кардааст, маҳлули “Фитосуман” ном дорад ва он ахиран дар як озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби нишони тилло гашт. Донишманди тоҷик бо ин навоварии худ дар соҳаи тиб дар миёни 400 зан аз 25 кишвари дунё яке аз беҳтарин занони ихтироъкор дониста шуд.

“Агар ин маводро мо ҳангоми дарунравӣ ба кӯдак диҳем, ӯ дисбактериоз намешавад. Вақте бача дисбактериоз нашуд, албатта, як беморӣ камтар хоҳад буд. Мо ҳаракат кардем, ки ин дору арзону дастрас бошад ва аз гиёҳу растаниҳои кишвар истифода бурдем. Қариб 12 намуд растаниро дар ин маҳлул истифода кардаем. Маҳлул, маҳлули спиртӣ аст. Ҳам дастрас аст ва ҳам онро мешавад дурудароз нигоҳубин кард,” - мегӯяд, Биҳамида Маҳкамова.

Дар нуҳумин намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ, дар баробари Биҳамида Маҳкамова аз сӯи Муассисаи давлатии маркази миллии патент ва иттилооти Тоҷикистон кори ду бонуи дигари донишманд пешниҳод шуд. Ибодат Умедова, як масъули ин марказ, ки ихтирои донишмандони тоҷикро дар озмуни ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст, гуфт, “ихтирокори дигар Зарина Яминова барои кашфи тарзи ҳосилкунии оҳори нахи пахта бо медали нуқра ва ихтироъкори севум Мубоширахон Раҳимова барои ихирои тарзи дарёфти равғани зағир бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шудааст. Ин соли панҷум аст, ки занони тоҷик дар ин озмуни ҷаҳонӣ ширкат кардаву ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд.”

Соли 2014 Мубошира Раҳимова, доктори фанҳои кимиё ва тиб, аз озмуни байналмилалии ихтироъкорон дар Кореяи Ҷанубӣ барои ихтирояш дар соҳаи кимиё бо 4 медал, аз ҷумла бо нишони тилло баргашта буд. Дар маҷмӯъ, бино ба иттилои Муассисаи давлатии маркази патенту иттилоот, дар кишвар 140 зан барои ихтирои худ соҳиби патент шудаанд. Занони тоҷик маъмулан дар соҳаи тиб навоварӣ ва ихтироъ мекардаанд.

Хуршед Ғаниев, раҳбари озмоишгоҳи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мегӯяд, бонувон, ки модаранд, бештар дар бораи сиҳатии мардум пажӯҳиш мебаранд ва навовариҳои муҳиме пешниҳод мекунанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ин ихтироот дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд, дар кишвар заҳматҳои чандсолаи занони донишманд аксаран ба душворӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Ӯ афзуд: “Имконият надорад, ки онро дар истеҳсолот ба роҳ монад. Барои ин маблағҳои муайян ва стандартҳоеро бояд пушти сар кунад. Мутаассифона, бисёр ихтирооте, ки тасдиқи худро меёбанд, дар истеҳсолот ба душворӣ ба роҳ монда мешавад. Дар оянда агар истеҳсолотро бо илм зич пайваст намоянд, хеле хуб мешуд.”

Ҳоло давои ихтироъкардаи Биҳамида Маҳкамова, ки дар озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор соҳиби нишони тилло шуд, интизори посуху иҷозаи Кумитаи фармокологии кишвар аст. Дар сурати дарёфти муҷаввиз ва сарпарасту шароит, ин давои камхарҷу ба иддаои муаллиф безарарро мешавад дар дорухонаҳои кишвар пайдо кард.

XS
SM
MD
LG