Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимони ҷавон дар фикри нон бошанд ё кашфиёти илмӣ?


Cоҳибназарон мегӯянд, ки бинобар шароити сахти молӣ ва вазъи номуносиби корӣ, насли ҷавони тоҷик чандон майл ба фаъолиятҳои илмӣ надорад.

Ин як ҳуҷра дар хобгоҳ, утоқи корӣ барои донишманди ҷавон, манзили зист барои ҳамсару фарзанд ва ҳам гоҳе меҳмонхона барои дӯстону наздиконаш аст. Фарҳод Ҷабборов 29 сол дорад ва аз замони донишҷӯӣ то ҳол дар ин макон ба сар мебарад. Дороии ин донишманди ҷавон ҳамагӣ як телевизор ва ноутбук аст. Аммо ӯ бо ин шароит тавонистааст, се китоби худро нашр кунад.

Фарҳод аспиранти Академияи илмҳои Тоҷикистон аст ва дар риштаи ҳуқуқшиносӣ рисолаи илмӣ менависад. Вай ҳамзамон барои таъмини хонавода дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳам ба донишомӯзон дарс мегӯяд.

Фарҳод Ҷабборов
Фарҳод Ҷабборов

Дилбастагии донишмандони ҷавон ба илм, ки даромади молии зиёд надорад, гоҳҳо узви хонаводаҳои онҳоро ки хостаҳояшон бароварда намешавад, дилгир мекунад, аммо боз ҳам ин ҳамаро таҳаммул мекунанд.

Шоҳидахон Ҷабборова, ҳамсари Фарҳод мегӯяд, умед дорад, ки шавҳараш рӯзе олим мешавад ва зиндагии беҳтар насибаш мегардад: "Рӯзҳое мешавад, ки мегям аз ин касб даст кашанд, кори дигар кунанд, вале мебинам, ки худашон намехоҳанд. Шояд рӯзе олими машҳур мешаванду мо ифтихор мекунем."

Соҳибназарон ва донишмандони тоҷик аз пиршавии муҳити илми изҳори ташвиш мекунанд ва мегӯянд, ки вазъи номуносиби кор ва шароити молӣ, алоқамандии насли ҷавонро ба фаъолиятҳои илмӣ кам кардааст.

Аскаралӣ Раҷабов, донишманди тоҷик мегӯяд, барои донишманди муваффақ шудан, бояд ҷавонон талоши бештар кунанд. Вай бо ишора ба афзоиши аспирантону унвонҷӯён дар кишвар гуфт, агар бархе барои расидан ба орзуҳои худ, ба фаъолияти илми машғул шаванд, гурӯҳи дигарро ҳаваси номзади илм будан, ба ин роҳ бурдааст. Вале ба гуфтаи вай, "агар ҷавонон воқеан донишманд будан мехоҳанд, бояд дониши худро мисли таҳкурсии девор мустаҳкам кунанд."

Аммо мисли Фарҳод садҳои ҷавони дигар ин ҳама камбудиро нодида мегиранд ва ба хотири дарёфти унвонҳои илмӣ умри худро маҳз дар чунин шароит, пушти сар мекунанд. Унвони илмиро аксари олимони ҷавон барои боло шудан ба зинаҳои баландтар истифода мекунанд. Аммо бархе ҳам то ба охир номзад мемонанд ва бо маоши начандон зиёд қаноат мекунанд.

Олимони ҷавони тоҷик ва сахтиҳое, ки мекашанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Мино Муҳамадюсуфова, раҳбари Шӯрои олимони ҷавон дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Радиои Озоди гуфт, ҳоло дар Фарҳангистони улум наздики 700 донишманди ҷавон кору таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи вай, Шӯрои олимони ҷавон тасмим тасмим дорад дар баробари мусоидат ба рушди маънавӣ, ҳамзамон ба донишмандони ҷавон кӯмаки молӣ ҳам кунад.

Фарҳод ва мисли ӯ донишмандони ҷавони тоҷик, ки ҳоло асарҳои илмии худро дар ҳуҷраҳои якутоқа ва дар пасманзари гиряву хандаи кӯдакон менависанд, умед доранд, ки рӯзе проффессор мешаванд аз ин хобгоҳ ба дар мераванд ва ба як зиндагии шоиста ва эҳтирому эътибор даст меёбанд.

XS
SM
MD
LG