Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Шабдолов: “Ҳеҷ гоҳ “Зинда бод Ҷаноби олӣ!” нагуфтам”


Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунист
Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунист

Мусоҳибаи ихтисоcии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунист, ки барои нахустин бор аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ба парлумони Тоҷикистон роҳ наёфт.

Бо эълони натиҷаҳои аввалияи интихоботи парлумонии Тоҷикистон маълум гардид, ҳизби коммунист аз дарёфти курсӣ дар Маҷлиси намояндагон маҳрум шудааст. Зеро тибқи ҳисобҳои пешакии КМИР, коммунистон танҳо 2,3 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаанд ва он барои шомил шудани ҳизби онҳо ба парлумон кофӣ нест.

Албатта, ду номзади коммунист (он ҳам яке узви собиқи ин ҳизб) тавонистанд аз ҳавзаҳои инфиродӣ дар вилояти Суғд пирӯз шаванд. Вале ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои бори аввал дар таърихаш аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ба парлумони ин кишвар роҳ намеёбад. Дар интихоботи соли 2000 ин ҳизб аз ҳавзаи ягона 8 нафар, дар интихоботи соли 2005 - 4 нафар ва 5 сол пеш 2 нафарро шомили Маҷлиси намояндагон карда буд.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистони тоҷик нахуст аз ӯ пурсида шуд, аз назари вай, чаро “кор чунин ранг гирифт?”

Шодӣ Шабдолов: "Аслан ҳукумат аз вуҷуди ман дар парлумон “дарди сар” шудааст. Чунки ман ҳеч гоҳ “Зинда бод, Ҷаноби Олӣ” намегӯям. Албатта, хидматҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро набояд сарфи назар кунем, аммо ҳамеша кӯшиш кардам, ки ҳарфи гуфтаам, барои беҳбуди мардуми бошад. Ман ба лоиҳаҳое, ки марбути ҳукумату тақсими қудрат аст, дахолат намекунам. Аммо вақте ки масоили иҷтимоӣ ва лоиҳаи қонунҳои марбут ба ин соҳа аз ҷониби ҳукумат ба парлумон ворид мешавад, ҳатман назари худамро мегӯям ва хомӯш наменишинам. Албатта, ин масъалаи андоз, нафақа, маорифу тандурӯстӣ, нархи барқ барои аҳолӣ ва ғайра аст, ки ман рӯирост ва ба таври ошкор дарди дил мекунам. Аммо ин мавқеи ман чандон маъқул нест. Барои мисол, ҳукумат, ба хусус раиси ҷумҳур гуфта буданд, ки мо истиқлолияти энергетикиро ба даст овардем, аммо ман гуфтам, ки инро нагӯед, чунки барои истиқлолияти энергетикиро ба даст овардан, вақти зиёд даркор аст ва фақат амнияти энергетикӣ гуфтан дуруст аст. Зеро ҳеҷ кишваре то кунун истиқлолияти энергетикиро ба даст наовардааст. Як чизро гуфта будам ва мегӯям, ки дар муфлисшавӣ ва қарздории “Барқи тоҷик” худи ҳукумат гунаҳкор аст. Ман, ки ин ҳарфҳоро мегӯям, барои онҳо “намефорад”.

Радиои Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки бояд дар суфуфи ҳизби коммунист ислоҳоте бояд сурат бигирад, чун аз ҳизби шумо ба унвони “куҳансолон” ном мебаранд ва шояд ҳамин сабаб коммунистонро аз парлумон дур кард?

Шодӣ Шабдолов: "Ин ақида, ки ҳизби коммунист, ҳизби кӯҳансолон аст, билкулл нодуруст аст. Чунки аксарияти мутлақи сафи моро занону мардони то 40-сола ташкил медиҳад. Албатта, ҳастанд онҳое, ки шахсиятҳои шинохтаи кӯҳансол, ки саҳме дар рушди кишвар доранд. Аммо ҳар сол мо 1, 5 - 2 ҳазор ҷавононро, ки умдатан донишҷӯ ҳастанд, ба сафи ҳизб шомил мекунем. Албатта, бояд сафи ҳизбро тоза кунем. ҳизби коммунист, ҳизби марксистӣ-ленинӣ аст. Ҳатто мо медонем, ки дар сафи мо он нафароне ҳастанд, ки “карйерист” ё ҷоҳталаб ҳастанд ва албатта, ки онҳо тоза хоҳанд шуд."

Радиои Озодӣ: Аммо бубинед, ҷавонон ё чеҳраҳои нав дар миёни номзадҳои Шумо дар интихоботи парлумонӣ ба назар намерасиданд...

Шодӣ Шабдолов: "Мо чеҳраҳои нав дорем ва ҳатто номзадҳои илм, аз ҷумла фалсафа, иқтисод ва дигар ҳастанд. Дар сатҳи маҷлисҳои маҳаллӣ пешниҳод шуданд. Аммо парлумон мактаби бузурге аст, ки кор дар он аз донишгоҳ душвортар аст. Мактаби сиёсат дар тамоми кишварҳо, ин парлумон аст. Ҳар касе, ки ду сол дар парлумон кор карда бошад, медонад, ки ин донишгоҳи сиёсӣ аст. Дар Туркия то шахс вакили парлумон нашавад, вазиру сарвазиру дигар мақоми баландро соҳиб намешавад. Ба порлумон чеҳраи наве, ки меояд, таҷрибаи қонун таҳия карданро надорад, чӣ гуна метавонад фаъолият кунад. Он вакилоне, ки собиқадори умури сиёсат ва порлумон буданд, албатта, тавони фаъолият дар порлумонро доштанд ва қонунҳои мукаммалро таҳия мекарданд, аммо вакилоне низ буданд, ки ин таҷрибаро надоранд."

Радиои Озодӣ: Таҳлилгарон мегӯянд, ҳизби коммунист дар ин интихобот қурбонӣ шуд. Чун ба таъкиди онҳо, талошҳо барои берун кардани ҳизби наҳзат рӯи даст буд ва ба ин хотир коммунистҳо низ қурбон шуданд?

Шодӣ Шабдолов: Ин ақида дуруст аст. Ҳарчанд ақидаи ҳизби наҳзат дигар асту аз ҳизби коммунист дигар. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, мулло нест, мадрасаро тамом накардааст, балки мактаби дипломатияро хатм кардааст. Суолҳоеро, ки Кабирӣ ҳангоми баррасии масъалаҳо дар порлумон мегузорад, на ҳамчун мулло, балки ҳамчун як шахси

Зиндагиномаи Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов моҳи октябри соли 1947 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расонидааст. Соли 1965 Донишгоҳи политехникии Душанбе ва соли 1970 аспирантураи Академияи улуми иҷтимоии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро хатм мекунад.

Номзади улуми иқтисодист. Фаъолияти кориро ба ҳайси устоди Омӯзишгоҳи техникӣ шурӯъ мекунад. Сипас дар сафи Артиши Шӯравӣ ба хидмати сарбозӣ даъват мешавад. Баъдан ба кори ҳизбӣ ҷалб шуда, дар солҳои 1965-84 дар Афғонистон ва солҳои 1984-85 котиби авали Ҳизби коммунист дар шаҳри Хоруғ ва сипас аз соли 1985 то 1989 дар дастгоҳи маркази ин ҳизб фаъолият кардааст.

Соли 1991 раиси кумитаи ташкилӣ ва аз январи соли 1992 то ба имрӯз раиси ҲКТ аст ва аз ҳамон сол ба ин сӯ вакил дар порлумони Тоҷикистон буд. Бо мукофоти Нишони фахрӣ қадрдонӣ шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

донишманд ва сиёсатмадор матраҳ мекунад. Бояд эътироф кард, ки Муҳиддин Кабирӣ, шахси донишманд аст. Ҳимматзода, низ аз ҲНИТ дар порлумон, шахси донишманд ва сиёсатмадор буд. Он чӣ алайҳи ин ҳизб шуд, ман фикр мекунам, ин ҳизбро аз саҳнаи сиёсат дур нахоҳад кард. Ҳатто ҳизби сотсиал – демократ низ дар майдони сиёсат хоҳад буд. Чун Қонуни Асосӣ фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро эътироф мекунад. Мо низ дар чорчӯби Қонуни Асосӣ ва қонунҳои кишвар амал хоҳем кард. Владимир Ленин як мақола дорад, зери номи “О парламентском кретинизме”, яъне “аблаҳии парламентӣ”. Маънӣ ин аст, ки “вақте ба порлумон ворид шудӣ, бо ин ҳукумати буржуазие, ки ҳаст, мехоҳӣ қонуну тартиботро дигар кунӣ, ин аблаҳист”. Порлумон ин як минбар ё трибун аст ва коммунистон низ бояд дар ин минбар бошанд. Барои мо коммунистон ин минбар зарур буд ва то имрӯз аз ин минбар ба таври дуруст истифода кардем. Бояд фаъолияти ҳизби коммунист барои ҷомеа ва насли наврас омӯзонда шавад. Чун ҳизби коммунист, ин таърихи Тоҷикистон аст ва саҳми бузург дар рушду нумӯъ ва ободии он ва ҳатто даврони истиқлол, барқарории сулҳу субот ва таъмини амният дорад."

Радиои Озодӣ: Шодӣ Давлатович, ояндаи порлумони Тоҷикистонро бидуни чанд вакили ҳизби мухолиф ва бо ҳузури намояндагони ҳизбҳое, ки тоза шомили он шудаанд, чӣ гуна мебинед?

Шодӣ Шабдолов: "Парлумони Тоҷикистон, ки як фраксияи ҳизби халқии демократӣ дорад, ҳамон хел мемонад. Фраксияи дигаре, ки аз ҷониби ҳизби аграрӣ ё кишвоварзӣ ташкил мешавад, давоми фраксияи ҳизби халқии демократӣ аст. Чун ҳизби аграрӣ ин давоми ҳизби халқии демократӣ аст ва ҳукумат онро ташкил кардааст. Албатта Рустам Латифзода, раҳбари ин ҳизб шахси арзанда ва инсони хуб аст, аммо рӯирост мегӯям, ки ин ҳизбро ҳукумат ташкил кард. Ба ин далел, дар порлумони оянда лоиҳаи қонуну қарорҳо бидуни баҳсу баррасиҳо ва бо як овоз қабул мегардад ва вакиле ҷасорат пайдо намекунад, ки дар муқобили лоиҳаи пешниҳодшудаи ҳукумат садо баланд кунад. Чун ман аз таҷрибаи фаъолияти се ҳайати порлумонии ахир медонам, ки аксарияти вакилон хомӯш менишинанд ва аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳукумат ва раиси ҷумҳур ҷонибдорӣ мекунанд. Мантиқ куҷост, вақте, ки шумо намояндаи як ҳизби дигар ҳастед ва аз барнома ва ақидаҳои ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ мекунед. Пас беҳтар аст, шумо ҳам раведу аъзои ҳизби халқии демократӣ шавед. Ниёзе ба шумо дар ҳизби коммунист, сотсиалист ё дигару дигар нест."

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки ба ҳеҷ куҷо муроҷиат намекунед, чаро?

Шодӣ Шабдолов: "Чунки муроҷиати ман натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Зеро тамоми сохторҳо, аз КМИРТ то додситониву дигару дигар дар дасти ҳукумат ва раиси ҷумҳур аст ва муроҷиати мо низ фоида надорад."

Радиои Озодӣ: Пас иқдоми баъдиатон чӣ хоҳад буд?

Шодӣ Шабдолов: "Ҳанӯз дар анҷумани қабл аз интихоботии ҳизби коммунист гуфта будам, ки биёед дар интихоб ширкат накунем, чун тақаллуб мешавад ва интихобкунандагон низ сарсону саргардон нашаванд. Аммо анҷуман тасмим гирифт, ки дар интихобот ширкат кардан даркор аст. Дар ҷараёни корзори интихоботӣ дар шимоли

Тоҷикистон, баъзе аз нафарон гуфтанд, ки коммунистон ду дарсад раъй ба даст меоред, ман назди Шермуҳаммади Шоҳиён омадам ва гуфтам, ки агар ин ҳарфҳо воқеият дошта бошад, пас мо дар интихобот ширкат накунем. Аммо ҷаноби Шоҳиён гуфтанд, ки ин ҳарфҳо дуруст нест ва ширкат кунед. Хуб, акнун, ки мо ба порлумон роҳ наёфтем, мо ҳеҷ гоҳ аъзоёни худро ба майдон намекашем ва раҳпаймоиву эътироз намекунем. Чун ки ҳанӯз даҳшати он рӯзҳо аз пеши назари мо коммунистон нарафтааст. Мо барои ду-се курсии вакилӣ дар порлумон, мардумро ба кӯчаву хиёбонҳо даъват намекунем."

Радиои Озодӣ: Пас, чун раҳбари як ҳизби сиёсӣ фаъолиятро идома медиҳед ё интизор доред, вазифаеро барои шумо пешниҳод мекунанд?

Шодӣ Шабдолов: "Ман ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ вазифаи давлатиро қабул накардам. Чун дар давронашон, Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев вазифаҳоеро, аз ҷумла, муовини раиси ҷумҳурро ба ман, пешниҳод карда буданд. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон низ чандин вазифаҳои баландро пешниҳод кард, аммо напазируфтам. Чаро? Чун вақте кас вазифаи давлатӣ мегирад, озодиашро аз даст медиҳад. Ба ин далел вакили порлумон шудам ва ҳарфамро мегуфтам."

Радиои Озодӣ: Хуб, дар ин сурат сарнавишти Шодӣ Шабдолов ва ҳизби коммунист чӣ мешавад?

Шодӣ Шабдолов: "Бобои ман Шириншо Шотемур, поягузори ҳукумати Тоҷикистон буд. Дигар пайвандони ман, падарам ва амакҳоям коммунист буданд ва хидматгори давлату миллат буданд. Ба ин далел, ман як ваҷаб аз ҳизби коммунист дур намешавам. Албатта, ман медонам, ки синну соли ман ба ҷое расидааст, аммо мо ҷавононро омода мекунем ва ба сатҳи раҳбарӣ мерасонем. Аммо бояд ин афрод марксист – ленинист бошанд, на ин ки ҷоҳталабу мансабхоҳ. Ҳизби коммунист фаъолияташро барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Тоҷикистон дар оянда равона хоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат.

XS
SM
MD
LG