Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодӣ Шабдолов: "Ҳамла ба вакил ҷиноят аст"


Саидумар Ҳусайнӣ.
Саидумар Ҳусайнӣ.

Раҳбари коммунистони Тоҷикистон ҳамлаи рӯзи гузашта ба Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумон ва муовини раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Хоруғро ҷиноят номид.

Вакили Маҷлиси Намояндагон Шодӣ Шабдолов, ки бо сафари корӣ ба манзури шарҳи паёми раиси ҷумҳур дар Панҷакент қарор дорад, рӯзи сешанбеи 29 апрел зимни сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" ҳамлаи ахир ба Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумон ва муовини раҳбарои ҲНИТ -ро маҳкум кард ва гуфт, ки "ҳеҷ касе ҳақ надорад ба вакили порлумон ҳатто бо ангушт даст расонад ё ӯро тела диҳад."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Шабдолов вакили порлумон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад ва ҳар гуна дастдарозӣ ва ҳамла ба вакил ҷиноят маҳсуб мешавад. Раҳбари коммунистони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳодисаи ахир бояд ба вакил муносибат шавад, на ба намоянда ё раҳбари як ҳизби сисёӣ, ҳол он ки раҳбари ҳизби сиёсӣ низ инсон аст ва набояд ҳуқуқи ӯ поймол гардад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, бо он ки ақидаҳои Ҳизби коммунист аз Ҳизби наҳзати исломӣ фарқ дорад, аммо қазияи ҳамлаи ахир ба Сайидумар Ҳусайнӣ бояд ҷиддӣ аз сӯи мақомот пайгирӣ ва таҳқиқ шавад.

Ҳамла ба Саидумар Ҳусайнӣ дар Хоруғ

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон, ки барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва шарҳи паёми раиси ҷумҳур ба Хоруғ рафта буд, бо ҳамроҳонаш латтукӯб шудааст. Саидумар Ҳусайнӣ, ки ҳамзамон муовини авали расии ҲНИТ мебошад, дар тамоси телефонӣ аз шаҳри Хоруғ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳамла ба онҳо чанд лаҳза қабл, замоне, ки мехостанд бо мардум вохӯрӣ намоянд, дар дафтари минтақавии ҳизб сурат гирифтааст. Ҷаноби Ҳусайнӣ афзуд, ки ба онҳо ҳудуди 15 нафар, бо шумули ҷавонон ва занон ҳамла карда писарашро, ки ҳамзамон ронандаи онҳо будааст, сахт маҷрӯҳ кардаанд.

Ба гуфтаи Саидумар Ҳусайнӣ, дар ҳамлаи ин гурӯҳ мақомоти амният ва корҳои дохилии вилоят ва ҳукумат даст дорад. Чунки ба гуфтаи вай, «мо соати 11 ба ҳукумати вилоят даромадем, аз даромадгоҳи ҳукумат моро дағалона пешвоз гирифтанд.»
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:33 0:00
Линки мустақим

Саидумар Ҳусайнӣ афзуд, онҳо дар бинои ҳукумати вилояти Бадахшон барои мӯҳр задани роҳхатҳои сафар ва таъини вохӯриҳо бо мардум рафтаанд. Аммо аз тарафи роҳбарияти вилоят хуш пазироӣ нашуданд.

Ҳатто ба гуфтаи Саидумар Ҳусайнӣ онҳоро, ки як вакили дигар ҳам ҳамроҳӣ мекард, раиси дастгоҳи вилоят дар дафтари кории худ қабул накардааст. Танҳо як нафар, ки аз ӯ «шахси наздики раиси вилоят» ном бурдаанд, ваъда додааст, ки раис баъд аз зуҳр онҳоро қабул мекунад. Аммо вақте ба назди қабулгоҳи раиси вилоят рафтаанд, дар қабулгоҳи раис аз ин кор изҳори беиттилоӣ карда гуфтаанд, ки раиси дар коргоҳаш нест ва ҳам наметавонад касеро қабул кунад.

Ҷаноби Ҳусайнӣ гуфт, баъд аз он, ки аз қабулгоҳи раиси вилоят ҳам ҷавоби радд гирифтаанд, ба дафтари минтақавии ҳизб рафтаанд: «Ба дафтар даромадан замон ҳамон «шахси наздики раис» аз паси мо даромада гуфт, ки раис фиреб кардааст, қабул намекунад. Дар ҳамин замон ҳудуди 4 нафар зан ва 15 мард ба дафтар даромаданд ва ғалоғула бардоштанд. Гуфтанд, ки шумо ба чӣ мақсад инҷо омадед, агар 5 дақиқаи дигар дар инҷо бимонед, ҳолатон бад мешавад, ҳамаатонро аз тирезаҳо берун мепартоем. Чанд нафари онҳо нӯшидагӣ буданд, бӯи шароб мекарданд. Мо ба хотири зиёд нашудани ҷанҷол, дигар чизе нагуфтем ва аз коргоҳ берун шудем. Ҳачанд, гуфтем, ки мо на ҳамчун намояндаи Ҳизби наҳзат, балки ҳамчун вакили парлумон омадаем, вале онҳо бо намояндагони мо даст ба гиребон шуданд.»

Саидумар Ҳусайнӣ дар идома афзуд, онҳо зуд ба мошин нишастанд, то ҳарчӣ зудтар аз ҷои ҳодиса дуртар равад, аммо ҳамлагарон ба ин монеъ шудаанд. "Шахси наздики раис" ронандаамро, ки мошинро омодаи ҳаракат карда буд, бурун кашида, ҳамроҳи дигарон чунон латтукӯб карданд, ки аз даҳону бинияш хун ҷорӣ шуд ва ман зуд вайро аз миёни онҳо кашида, ба мошин шинондам ва худам сари чамбарак нишаста мошинро рондам.»

Ба гуфтаи ин вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамлаварон то охирин лаҳза талош карданд, ки миёни онҳо занозанӣ ва муноқишаи шадид рух диҳад, аммо онҳо аз ин иҷтиноб варзида ва пароканда шуданд.
XS
SM
MD
LG