Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ: "Боздошти Адолатов амали навбатии тарҳрезишуда аст"


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти Саодатшоҳ Адолатов, раиси созмони ин ҳизб дар Бадахшонро "як амали навбатии тарҳрезишуда" алайҳи худ хонд

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел бо интишори як баёния дар робита ба боздошти Саодатшо Адолатов, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ВМКБ, мегӯяд, ки ин боздошт як амали навбатии тарҳрезишуда алайҳи ин ҳизб мебошад.

Маҳмудҷон Файзираҳмонов, сухангӯи ҲНИТ имрӯз 16-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзат ҷаласаи худро рӯзи чоршанбе баргузор кард ва масъалаи боздошти Саодатшо Адолатов, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ВМКБ-ро баррасӣ намуд.

Дар баёнияи ҲНИТ аз ҷумла омадааст, ки «эҷоди тавтиа ва тӯҳмату бӯҳтонҳо алайҳи аъзову ҷонибдорони ҳизб ба таври доимӣ рӯй даст гирифта шуда, муддатест, ки тавассути расонаҳои давлатӣ бо шиддат идома дорад ва қазияи ба сари Саодатшо Адолатов низ аз ин раванд истисно нест.»

Дар ин баёния гуфта мешавад, ки «ҳанӯз чанд моҳ қабл мақомоти гуногуни давлатӣ фишору таҳдидро алайҳи ин марди якрӯву собиту устувор дар роҳи интихобкарда бо нашри ҳаргуна мақолаву овозаҳои бардурӯғ барои аз масъулияти ҳизбӣ канор рафтани ӯ роҳандозӣ намуда, умед доштанд, ки ба ин ҳадафи худ комёб мегарданд.»

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар поёни баёнияи худ зикр кардааст, ки «фазои носолиме, ки мақомоти давлатӣ ба вуҷуд овардааст, нигаронкунанда ва таҳдид ба амнияту субот буда" ва аз раҳбарияи кишвар тақозо кардааст, ки пеши роҳи чунин як қонуншиканиҳо ва ноадолатиҳоро бигиранд.

Саодатшоҳ Адолатов, раҳбари созмони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Бадахшон рӯзи 14-уми апрел аз сӯи маъмурони амниятб боздошт шуда. Наздикони Саодатшоҳ Адолатов рӯзи 15-уми апрел дар тамос ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки бегоҳи рӯзи душанбе чанд нафар ӯро аз хонааш бурдаанд. Аммо онҳо дар ин робита ки оё Адолатов аз ҷониби кӣ ва бо чӣ иттиҳоме боздошт шудааст, изҳори бехабарӣ карданд.
Саодатшоҳ Адолатов
Саодатшоҳ Адолатов
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 15 апрел хабар дод, ки Саодатшоҳ Адолатов рӯзи 14-уми апрел аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллӣ дар ноҳияи Ванҷ бо гумони барангехтани кинаю адовати динӣ миёни ҳамдеҳагонаш боздошт шудааст. Боздошти Адолатов бар асоси шикояти 30 нафар аз сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вразни ҷамоати Язгулом ба мақомоти зирабт сурат гирифтааст.

Бино ба гузориши "Ховар", "ташхиси пешакии мутахассисони соҳаи диншиносӣ дар робита ба мазмун ва мундараҷаи аризаи дастаҷамъона ва баёноти сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вравзи ҷамоати Язгулом нишон додааст, ки дар ҳаракатҳои С.З.Адолатов барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин дида мешавад."

Бино бар ин манбаъ, алайҳи Саодатшоҳ Адолатов бо аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 189-и Кодекси ҷиноятииТоҷикистон пешбинишуда (барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин" тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин)" парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Саодатшоҳ Адолатов дар моҳи августи соли гузашта раҳбарисозмони ҲНИТ дар вилояти Бадахшон интихоб шуда буд. Дар конфронси шӯъбаи ҲНИТ дар Бадахшон, ки рӯзи 17-уми август доир шуд, оқои Адолатов дар ин мақом ҷойгузини Муслима Броҳимшоева шуд. Хонум Броҳимшоева дар тобистони соли 2012 ба дунболи қатли Сабзалӣ Мамадризоев дар амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар Хоруғ, дар ин мақом ифои вазифа менамуд.

Ду рӯз қабл аз интихобаш ба ин мақом Адолатов ва ҳайати эъзомии ҲНИТ, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Аммо мақомот то ҳол ошкор накардаанд, ки оё он ҳамларо кӣ анҷом дода буд?

Шарҳҳоро бинед (22)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG