Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи Шӯрои диссертатсионӣ. Профессор зиёд мешавад?


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби Шӯрои диссертатсионӣ шуд ва акнун ҳақ дорад, мустақилона аз довталабони унвони илмии доктор имтиҳон бигирад.

Дар ин донишгоҳ рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзb 16-уми май маросими боз кардани Шӯроҳои диссертатсионӣ бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва аз ҷумла дастёри раиси ҷумҳур Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар донишгоҳ баргузор шуд.

“Дар ин рӯз шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа, ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, химия ва технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ таъсис ёфт.” – гуфтанд дар донишгоҳ.

Фармон дар бораи таъсиси Шӯроҳои диссертатсиониро охири моҳи апрел Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имзо кард. Худи коммисия соли гузашта ва баъд аз як баёнияи баҳсбарангези Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия таъсис ёфт.

Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев тирамоҳи соли гузашта дар ҳузури донишмандони рус дар шаҳри Санкт Петербург, аз теъдоди зиёди номзадҳо ва докторҳои илм дар Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб кард. Ба қавли Медведев, танҳо дар соли 2015 дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст, ки суолбарангез аст.

Дипломи Русия беҳтар, ё аз Тоҷикистон?

То он замон унвонҳои илмии Тоҷикистонро Комиссияи олии аттестатсионии Академияи илмҳои Русия содир мекард. Баъди баёнияи Медведев, Русия моҳи ноябри соли 2016 додани унвонҳои илмӣ ба донишмандони Тоҷикистонро қатъ кард ва мақомот гуфтанд, ки аз ин баъд ҳимояти рисолаҳои илмӣ дар дохил сурат мегирад ва унвонҳои илмиро ҳам Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон медиҳад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ таъсиси Шӯроҳои диссертатсионӣ қадаме ба ҳамин самт аст.

Дар ин рӯз аз шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа, ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, химия ва технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ таъсис ёфт.

Баҳси қатъ кардани вобастагӣ аз Комиссияи олии аттестатсионии Русия ва ташкили айни комиссия дар Тоҷикистон солҳо боз идома дошт. Тарафдорони иқдом мегуфтанд, дар сурати таъсиси чунин комиссия, вобастагии Тоҷикистон аз Русия рафъ мешавад ва унвонҷӯён солҳо мунтазири ҷавоби донишмандони рус намемонанд. Ва ё дар хориҷ, маблағи зиёд харҷ намекунанд ва сарсону саргардон ҳам намешаванд. Аммо мунтақидон мегуфтанд, дар ин сурат хатари хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста уфтодани унвонҳои илмӣ зиёд мешуд.

Мақомоти Комиссияи олии аттестатисонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки имсол гирифтани имтиҳону додани унвонҳои илмӣ шурӯъ мешавад. Коре дигаре, ки бояд комиссияи олӣ имсол бояд бар тибқи нақшаи кориаш иҷро кунад, аттестатсияи онҳоест, ки хориҷ аз Тоҷикистон соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ шудаанд. Масъалае, ки бешак баҳси дигарро дар байни донишмандону ҷомеаҳои илмӣ дар Тоҷикистон бармеангезад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG