Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо нафақахӯри ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки аз шаш моҳ ба ин тараф аз нафақаи ҳар яке онҳо 100-сомонӣ боздошта мешавад. Дар бораи вуҷуди чунин ихтисор дар нафақа, ба гуфтаи онҳо, ҳудудан 100 нафар шикоят доранд.

Одинашоҳ Нуров, сокини деҳаи Чинори ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 24-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар моҳ аз давлат 258 сомонӣ нафақаи пирӣ мегирифт, аммо аз моҳи май ба ин сӯ 100 сомонӣ аз нафақаи ӯ боздошта мешавад. Одинашоҳ Нуров мисли дигар нафақахӯрон дар аввал ба Раёсати Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кӯлоб шикоят кард.

Ин пиронсолон мегӯянд, ки бархе 20 сол ва иддае 15 сол мешавад, ки нафақа мегирад, аммо бо чунин як мушкил бори аввал дучор мешаванд.

"Аз моҳи май 100 сомонӣ пули маро мегардонанд ва ман шикоят кардам, ки чаро пули ман гардонида мешавад ва дар кадом асос онҳо ба ман ягон ҳуҷҷат пешниҳод накарданд? Баъди ин ба прокурор арз кардам. Посухе, ки аз Раёсати Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кӯлоб шунида будам, ба ман гардонида доданд. Ҳоло боз аз болои идора ба Оҷонсии зиддикоррупсия шикоят кардам",-гуфт ӯ.

"Соҳиби саҳми замин нестам"

Одинагул Мирзоева, як зани дигари нафақахӯр, ки худро ҷабрдида меномад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ӯву дигар нафақахӯронро “соҳиби саҳми замин” гуфта, нафақаашро мегардонанд. Одинагул Мирзоева гуфт, ки ӯ баъди кор ба ҳайси фаррош ба нафақа баромад ва намедонад, ки кай соҳиби саҳмияи замин шудааст. Ӯ мегӯяд, ки баъди ихтисори нафақааш моҳе танҳо 100 сомонӣ ба даст мегирад ва ин пул барои ҳалли ҳеҷ мушкили рӯзгораш намерасад.

Одинагул Мирзоева.
Одинагул Мирзоева.

Вай афзуд, ҳеҷ гоҳ ба ҳайси колхозчӣ кор накардааст, вале ҳоло бо чӣ сабабе ӯро “саҳмиядори замин” номидаанд. “Ман ҳеҷ ҷой рафта наметавонам, вале ҳамин бачаҳо шикояти маро бурда расониданд ва ҳама ҳуҷҷат карда додем, аммо касе ба дарди мо нарасид ва худамон низ намедонем, ки чаро чунин шуд", - гуфт Одинагул Мирзоева.

Мақомот: "Иштибоҳе сурат нагирифтааст"

Дар шарҳи мақомот ба шикояти пиронсолон гуфта шуд, ки ҳеҷ ҳолати иштибоҳ, тақаллуб ваё хилофкории дигаре, ошкор нашудааст. Аз ҷумла, додситонии Кӯлоб дар пайи шикояти пиронсолон посух додааст, ки мушкил дар гузориши нодурусти раҳбарияти хоҷагии деҳқонӣ дар бораи аъзои он буд ва ба ҳамин хотир, ҳоло мақомот ҳаҷми барзиёди нафақаи аъзои ин хоҷагиҳои деҳқониро бозпас мегиранд.

Одинашоҳ Нуров.
Одинашоҳ Нуров.

Аз ҷумла, дар матни номаи додситонии шаҳри Кӯлоб омадааст: "Прокуратураи шаҳри Кӯлоб аризаи Шуморо оиди аз тарафи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб нодуруст бозҳисоб намудани нафақаатон мавриди санҷиш қарор дода, муайян карданд, ки Шумо, аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонии "Зайд-12" ва "Ҳасанов Ҳисайн" буда, дар хоҷагиҳои номбурда, фаъолият карда истодаед. Бо сабаби аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии номбурда саривақт ба Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод накардани рӯйхати аъзоёнаш, ба шумо нафақаи барзиёд ҳисоб карда шудааст. Бинобар ин ҳам барои баргардонидани маблағҳои зиёдатӣ ба Шумо бозҳисобӣ карда шуда, то пурра барқарор намудани он аз ҳисоби нафақаҳоятон маблағҳои муайян боздошта мешавад",-омадааст дар посухӣ додситонӣ.

Боздошта шудани нафақаи баъзе аз пиронсолони ин ҷамоатро аз Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд. Шовалӣ Абдураҳмонов, як масъули ин идора ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар моҳ на 100 сомонӣ, балки ҳудуди 40 ва 50 сомонӣ аз ин сокинон баргардонида мешавад, вале ҷузъиёти қазияро шарҳ надод. Ӯ танҳо гуфт, ки додситонӣ аллакай ин қазияро санҷидааст ва дигар зарур намедонад, ки чизе дар ин маврид гӯяд.

Раис: "Ҳайронам, чаро ҳоло ҷаримабандӣ мекунанд"

Давлатмад Пиров, раиси хоҷагии собиқи "Ҳасанов Ҳисайн" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хоҷагии онҳо соли 2012 барҳам хӯрда буд ва ӯ ҳайрон аст, ки чӣ тавр пиронсолонро барои узви ин хоҷагӣ будан ҳоло ҷаримабандӣ мекунанд. Пиров гуфт, ки дар муроҷиати яке аз нафақахӯрҳо ба ӯ, гувоҳнома додааст, ки ин шахс корманди хоҷагии онҳо нест ва хоҷагии онҳо аз соли 2012 барҳам хӯрдааст.

Посухи додситонӣ ба нафақахӯрон.
Посухи додситонӣ ба нафақахӯрон.

Ӯ мегӯяд, ки худ низ аз пушти ин ба Раёсати Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб шикоят кард, ки хоҷагии онҳо барҳам хӯрдааст ва ин корро аз куҷо пайдо кардаанд, ҳеҷ ҷавобе нагирифт. Хоҷагии "Зайд 12", ба гуфтаи ҷаноби Пиров, ҳамагӣ 6 узв дорад ва онҳо маъюбанд, вале нафақаи ночизе, ки аз ҳисоби маъюбӣ мегиранд, он ҳам ихтисор мешавад.

Масъулони ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки онҳо низ ҳайрон мондаанд, ки чаро Раёсати Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кӯлоб нафақаи ин пирамардонро ихтисор мекунад. Фарҳод Зоғаков, иҷрокунандаи раиси ҷамоати Даҳана дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзе нест, ки дари идораи ӯро пиронсолон накӯбанд. Фарҳод Зоғаков гуфт, ки 70 фоизи пиронсолони ин ҷамоат ба ин мушкилӣ дучор шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳатто онҳо ба аксарият гувоҳнома пешниҳод карданд, вале ин кор дар дасти Раёсати Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Кӯлоб аст ва онҳо медонанд, ки чаро пули нафақагирон гардонида мешавад.

Ҳуқуқшинос: "Ин поймол кардани ҳуқуқи нафақахӯрон аст"

Лутфулло Абдуҷабборзода, ҳуқуқшиноси мустақил мегӯяд, ки ҳар фард ҳуқуқ дорад, ки дар сурати вайрон шудани қонун аз болои он шикоят кунанд. "Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ гирем, бояд Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб буда, ҳуҷҷат нишон дода, баъд нафақи онҳоро мегардонд. Аммо вақте хоҷаги барҳам хӯрдасту онҳоро гунаҳгор мекунад, ин поймол кардани ҳуқуқи нафақахӯрон аст. Дар ин сурат онҳо метавонад ба додгоҳ шикоят баранд ва дар сурати исбот шудани ин хатогӣ, онҳо метавонанд боз ҷуброн талаб кунанд",--гуфт мусоҳиби мо.

Аксар пиронсолон мегӯяд, ки аз сохторҳои андозу ҷамоат ва дигар идораҳои дахлдор санад гирифтаанд, ки онҳо аъзои хоҷагии деҳқонӣ нестанд, вале касе ба онҳо гӯш намедиҳад. Ин пиронсолон мегӯянд, ки яке 20 ва дигаре 15 сол мешавад, ки нафақа мегирад, аммо бо чунин як мушкил бори аввал дучор мешаванд. Зимнан, нафақахӯрон мегӯянд, ки дар сурати барқарор нашудани нафақаи ночизашон, ба президент шикоят хоҳанд кард, то ҳақро ба ҳақдор расонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG