Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Тоҷикистон ба истгоҳи Оқсарой ҳайати худро фиристод


Акси муҳоҷирони боздоштшуда дар вебсайти "Азия-Плюс" нашр шудааст

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, аз тақдири 150 шаҳрванди боздоштшудаи кишвар дар марзи Русия нигарон аст ва барои раҳоии онҳо талош ба харҷ медиҳад.

Аз рӯзи 2 то 6 ноябр мақомоти марзбонии Русия зиёда аз 180 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми бозгашт ба ватан аз Русия ба Душанбеву Хуҷанд аз қатор фароварда боздошт кардаанд. Дар ин муддат се қатори ба самти Тоҷикистон ҳаракаткунанда мавриди тафтиш қарор гирифт ва даҳҳо шаҳрванди ин кишвар барои нақзи муқаррароти будубош дар Русия аз қатор берун оварда шуданд. Феълан 150 нафари онҳо дар ҳолати боздошт қарор доранд ва бояд мурофиаи додгоҳӣ сарнавишти онҳоро мушаххас кунад.

Ин нафарон ба нақзи муқаррароти будубоши Русия муттаҳам мешаванд. Дар миёни боздошшудаҳо кӯдакон ва маъюбон низ ҳастанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 8 ноябр

Баъзеашон як сол бидуни қайд истодаанд ва баъзеи дигар патент ё иҷозати кор надоранд. Инҳоро асосан бо ҳамин ҷурмҳо фароварданд. Шаҳрвандони мо бисёраш ҳамин қоидаҳоро вайрон мекунанд. С.Бахтӣ

дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар истгоҳи хурде бо номи Оқсарой дар ҳудуди вилояти Астрахани воқеъ дар марзи Русияву Қазоқистон ҷой гирифтаанд ва талош барои халосии онҳо идома дорад.

Ба таъкиди Сарвар Бахтӣ, сафорати Тоҷикистон дар ин замина рӯзи 7 ноябр ба мақомоти Русия ёддошти расмӣ супурда, дархост кардааст, ки масъалаи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон фавран ҳал шавад.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, аксар шаҳрвандони боздоштшуда муқаррароти будубош дар Русияро нақз кардаанд.

Сарвар Бахтӣ гуфт: “Онҳо асосан ба нақзи қоидаҳои будубош дар Русия, аз ҷумла надоштани қайди расмӣ ва патент муттаҳам дониста мешаванд. Баъзеашон як сол бидуни қайд истодаанд ва баъзеи дигар патент ё иҷозати кор надоранд. Инҳоро асосан бо ҳамин ҷурмҳо фароварданд. Шаҳрвандони мо бисёраш ҳамин қоидаҳоро вайрон мекунанд.”

Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, теъдоди дақиқи шаҳрвандони боздошшудаи кишвар дар марзи Русия барои онҳо маълум нест. Танҳо ба гуфтаи Сарвар Бахтӣ аз рӯзи 2 ноябр то имрӯз ҳудуди 180 шаҳрванди Тоҷикистон дар марз боздошт шуда, 30 нафарашон озод шудаанд. Ҳоло зиёда аз 150 шаҳрвандони Тоҷикистон дар истгоҳи марзии Оқсарои вилояти Астрахан нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳайати дипломатии сафорат дар Маскав, ки ба ҷои ҳодиса сафарбар шудааст, бояд вазъро аз наздик таҳқиқ кунад. Ӯ гуфт, ҳайат бояд дар сурати зарурӣ муҳоҷирони соҳиби шаҳодатномаҳои мӯҳлаташ бо сабаби боздошт анҷомшударо тамдид ё нав кунад.

“Вазъи нагаҳдории муҳоҷирон вахим аст”

Муҳоҷирони тоҷик сар аз шоми 2-юми ноябр, ҳангоми бозгашт ба ватан дар қатори Маскав-Душанбе фароварда шуданд. Мақомоти марзбонии Русия иддао карданд, ки аксари ин афрод барои нақзи қоидаи будубош ва шаҳодатномаи қалбакии бозгашт ба ватан муттаҳам мешаванд.

Шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои кишвар дар Русия барои он шаҳрвандоне медиҳад, ки шиносномаи худро гум кардаанд, ё муҳлати истифодаи шиносномаашон гузаштааст. Баъди санҷиши гурӯҳи аввали муҳоҷирон, санади 40 нафари онҳо дуруст ва қонунӣ арзёбӣ шудаанд.

Собир Латипов, як муҳоҷири 28-солаи тоҷик тӯли 6 рӯз аст, ки дар истгоҳи Оқсарой дармондааст. Ӯ рӯзи 1 ноябр тариқи қатор аз Маскав ба роҳ баромад ва бояд ба Душанбе мерафт. Аммо мегӯяд, рӯзи 2 ноябр дар истгоҳи Оқсарой онҳоро аз қатор фароварда, то ҳол инҷо нигоҳ медоранд.

Собир рӯзи 8 ноябр дар тамоси телефонӣ аз истгоҳи Оқсарой ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи нигоҳдории муҳоҷирони тоҷик дар инҷо хеле вахим аст, ҷойи хоб надоранд ва вазъи саломатии чандин нафар бахусус калонсолон бад шудааст.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, “дар дохили авиакасса як қолин бо болопуш аст, одамони калонсол ва занонро ҷой карда истодаем. Онҳо онҷо ҳастанд, вале бачаҳо гирд мегарданд, хунук хурда боз баромада мегарданд. Вазъият мушкил аст. Хурду хурок ҳама аз ҳисоби худашон аст. Кадом нафаре, ки маблағ надорад аз дигарон кӯмак мегирад. Бисёриҳо бепул ҳастанд, гушнаву ташна.”

Собир ҳоло интизори қарори суд аст ва дар назар аст, ки пагоҳ ӯро ба мурофиаи судӣ баранд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, як қисми муҳоҷирон бахусус занон ва калонсолонро аллакай тариқи суд ҷарима карда ба ватан фиристоданд. Эҳтимол Собир ва чандин нафар аз ҳамроҳони ӯ аз Русия ихроҷ шаванд.

Собир ҳамчунин гуфт, ба ғайр аз муҳоҷирони тоҷик боз муҳоҷирони узбакро ҳам аз қатор мефароранд, вале ба қавли ӯ “теъдоди онҳо кам буда, онҳоро тез-тез ҷавоб медиҳанд". Ин муҳоҷири дармондаи тоҷик ҳамчунин мегӯяд, маҳз набуди маблағ ӯро маҷбур кард, ки тариқи қатора ба ватан баргардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ “давоми 6 рӯзи маблағи ду чиптаи ҳавопайморо инҷо харҷ кардам.”

Коршинос: Охирин пулҳояшонро мегиранд

Коршиносон мегӯянд, масъалаи дармондани муҳоҷирони тоҷик дар истгоҳи Оқсаройро бесобиқа меноманд. Дар гузашта ҳама гуна фишор болои ҷамъи зиёди муҳоҷирони тоҷик бештар бо ҳадафҳои сиёсӣ, мисли ба узвияти созмони иқтисодии Авруосиё шомил шудани Тоҷикистон, анҷом мешуд.

Холиқназар Ҷумъаев, коршиноси масоили муҳоҷират ва муаллифи китоби “Парандаҳои муҳоҷир” мегӯяд, таҷрибаи чанд соли ахир нишон дод, ки Русия бо истифода аз фишанги муҳоҷират хеле масъалаҳои сиёсии худро ҳал мекунад. Вале ин дафъа, эҳтимолан, ҳадаф - "ҷаримабандии муҳоҷирон ва кашида гирифтани охирин маблағи онҳо аст". Чун ҳар муҳоҷир барои нақзи қонуни будубоши Русия ҷарима месупорад, ки ҳаҷми он аз 2 ҳазор рубл оғоз мешавад.

Бархе дигар коршиносон мегӯянд, дар фазои бӯҳрони иқтисодии Русия, ки дар паи ишғоли нимҷазираи Қрим ва шурӯи низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина сар зад, дар ин кишвар мушкили молӣ эҳсос мешавад. Ва дар ин шароит сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ назорат аз кори ҳама бахшҳои таъминкунандаи даромадро шадидтар карда, фишорро болои соҳибкорону тоҷирон ва инчунин муҳоҷирони хориҷӣ афзоиш медиҳанд.

“Вақте чиптаи ҳавопаймо гарон мешавад”

Бо сабаби бекорӣ дар Тоҷикистон, ҳар сол дар фасли баҳор даҳҳо ҳазор афроди қобили кор аз Тоҷикистон ба Русия рафта, тирамоҳ бармегарданд. Роҳи маъмулии бозгашти муҳоҷирон – аз тариқи ҳавопаймо буда, бархе бо сабаби камии даромадашон тасмим мегиранд тавассути қатор ва автобус ба ватан баргарданд. Дар фасли тирамоҳ, ки мавсими баргашти муҳоҷирон ба ватан аст нархи чиптаи ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон гарон шуда, барои аксар муҳоҷирон дастнорас мешавад.

Ахиран масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтанд, ки дар 9 моҳ тариқи қатор 102 ҳазор нафар мусофирро ба манзил расондаанд, ки дар муқоиса ба 3 соли пеш се баробар бештар аст. Дар гузашта бинобар мушкилоти роҳ, хусусан дар марзи Узбакистон ва Русия, мусофирон аз сафар бо қатор парҳез мекарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG