Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хабарҳоро аз даҳони мардум мегирем" ВИДЕО


Рӯзномахонӣ дигар мисли пешина зиёд нест. Мардум аҳёнан ба назди рӯзномафурӯшон меоянд.

Дар Кӯлоб чун дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳафтаномаву рузномаҳо камтар шудааст ва сабабҳояш ҳам яксон аст. Ру овардани мардум ба манобеи хабарии интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи рӯзномафурӯшон дар Кӯлоб як сабаби аслии сард шудани бозори нашриёти чопӣ, ба мазмун ва муҳтавои онҳо рабт дорад. Мағфират аз оилаи рӯзномафурӯшони машҳури Кӯлоб аст. То чанд сол пеш ин тиҷорат даромад дошт.

Мегӯяд, дигар бозори рӯзномафурӯшӣ дигар гарм нест ва мардум маҷаллаву ҳафтаномаҳоро кам мехаранд. Мағфират дар сар хаёли иваз кардани шуғлашро дорад, чунки шумораи рӯзномаҳои фурӯшӣ аз ҳазорҳо ба садҳо нусха коҳиш ёфтааст.

Мағфират мегӯяд, агар рӯзномаҳо дар бораи мушкилоти Кӯлоб бинависанд, мардум онро бо дилгармӣ мехоҳанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, аксарияти ҳафтаномаҳо дар бораи Душанбеву кӯчаҳои он менависанд, дар ҳоле, ки худи Кӯлоб даҳҳо мушкили ҳалношуда дорад.

Хабарҳоро аз даҳони мардум мегирем ва баъд...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Кӯлоб саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст, вале дар он расонаҳои шаҳрӣ тақрибан ки вуҷуд надорад.

"Дар Кӯлоб радио вуҷуд надорад ва мӯҳтавои телевизиони маҳаллӣ дар бештари маворид аз таърифу тавсиф иборат мебошад", мегӯяд, Мағфират.

Аҳмад Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки ду сол талош кард, дар Кӯлоб радио таъсис диҳад, аммо муваффақ нашуд. "Мо надонистем сабабаш чист, барои чӣ иҷозат надоданд?"

Дар шаҳри Кӯлоб ҳоло фақат радиоҳои давлатӣ барнома пахш мекунанд. Аҳмад Иброҳим мегӯяд, ба мардум бояд манобеи мустақили хабарӣ ҳам иттилоот расонанд.

Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим мегӯяд, ду нашрия "Пайк" ва "СССР" каму беш дар бораи Кӯлоб менависанд, дигар ҳеҷ кас таваҷҷӯҳ надорад, ки дар Кӯлоб чӣ мегузарад".

Сокинони Кӯлоб мегӯянд, ба рӯзнома бештар бовар доранд, чунки иттилоотро санҷида нашр мекунанд. Яке аз аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба расонаи "Пайк" боварӣ дорам, чун ҳақиқатро рӯи сафҳа меорад".

Яке сокинони Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи ҳодисае, ки дар Кӯлоб дар наздикии хонааш рух медиҳад, бинобар набудани расонаҳои маҳаллӣ, аз "Фейсбук" маълумот мегирад. Дар Кӯлоб мардум фақат чаҳор шабакаи телевизионӣ ва радиои давлатиро мебинанду мешунаванд.

Дар Кӯлоб радио вуҷуд надорад ва мӯҳтавои телевизиони маҳаллӣ дар бештари маворид аз таърифу тавсиф иборат мебошад

Тамоми матолиби ин радиову телевизионҳо ситоиш ва тарғиби "дастовардҳои ҳукумат" аст. Агар барои гирифтани иттилло ба Интернет рӯ биёранд, онро ҳам ба сахтӣ мегиранд, чун суръати интернет суст аст ва дар мавориди зарурӣ дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ низ маҳдуд мешавад.

Бархе ҳам гуфтанд, ҳанӯз хабарҳоро аз забони дигарон ва аз мардум мешунавад. Албатта, ин гуна манобеъ гоҳҳо иттилоотро мебофанд, ё дурӯғ мегӯянд. Мусоҳибон мегӯянд, набудани манобеи гуногун боиси натиҷагирии якҷониба ё нодуруст мешавад.

Дар Тоҷикистон вазъи матбуот дар дигар манотиқ ҳам беҳтар нест, ҳарчанд дигар вилояту манотиқ телевизион ва радиоҳои мустақил зиёд доранд. Дар вилояти Суғд даҳҳо телевизиону радиои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ вуҷуд дорад, дар Хатлон камтар.

Дар умум вазъи озодии баён дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир аз тарафи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ танқид мешавад, чун ҳукумат пайваста, дастрасӣ ба вебсайтҳои хабариро, ки мақолаҳои танқидӣ менависанд, мебандад.

Тоҷикистон соли 2018 дар шохиси озодии матбуот аз миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор гирифт. Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба сайтбандӣ хотима диҳад ва ба озодии баён, ки яке аз рукнҳои аслии демократия аст, эҳтиром бигузоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG