Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии кишварҳои ғарбӣ аз баста будани Озодӣ ва "Азия Плюс"


Кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки дастрасӣ ба сомонаҳои Радиои Озодӣ ва "Азия-Плюс"-ро барқарор кунад. Ин вебсайтҳо аз охири моҳи ноябр боз дастнорасанд. Корбарон барои хондани хабарҳо аз филтршикан истифорда мекунанд.

Дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст

Сафоратҳои Бритониё, Олмон, Фаронса, Амрико ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми декабр аз пайваста масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ, "Азия-Плюс" ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

Онҳо бо нашри изҳороти расмӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки озодии матбуотро "дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалиаш таъмин намояд".

Интернети босуръат ва арзон

"Мо бовар дорем, ки пешрафти дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон масъулияти пурраи ҳукуматро ҷиҳати ҳифзи озодии сухан, озодии васоити ахбори умум ва ҳуқуқи рӯзноманигорон барои бе сензура ва ё бе ҷазо кор кардан талаб менамояд. Илова бар ин, дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст", - гуфтанд онҳо.

Вебсайти Радиои Озодӣ аз рӯзи 30-юми ноябр ба ин тараф тариқи ҳама ширкатҳои мухобиротӣ дастнорас аст. Масъулони хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтанд, ки аз аввали моҳи декабр вебсайти онҳо низ бастааст. Мақомот то ба ҳол далели расмии бастан ё масдуд кардани вебсайтҳоро нагуфтаанд.

Дар гузашта низ сомонаҳои Радиои Озодӣ ва "Азия Плюс" барои муддате дастнорас буданд. Ин маҳдудият дар остонаи ба кор андохтани чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун бардошта шуда буд.

Омбудсмен: Дақиқ мекунем, ки чаро бастаанд

Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 10-уми декабр дар як нишасти бахшида ба ҳафтодумин солгарди Эъломияи ҳуқуқи башар дар Душанбе гуфт, ба зудӣ дақиқ хоҳанд кард, ки сабаби бастани ин ду вебсайт чист.

Ӯ гуфт, “дар робита ба сайтбандиҳо қаблан дархост карда будам, ки қонуни махсусе тасвиб шавад. Вале ин кор сурат нагирифт. Ҳоло мехоҳем дар мавриди баста шудани сомонаи Радиои Озодӣ ва сайти хабаргузории “Азия-Плюс” таҳқиқоте анҷом дода, муайян кунем, ки мақомот ба чӣ далеле дастрасӣ ба ин сомонаҳоро маҳдуд кардаанд.”

Зариф Ализода
Зариф Ализода

Дар ҷараёни ҷаласае дар Душанбе, ки ба ифтихори 70-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар баргузор шуд, инчунин, таҳқиқи мунсифонаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд тақозо шуд. Дар ҳамоише бо иштироки раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Душанбе ва ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ин мушкил ба унвони намунаҳои доғи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар кишвар ёд шуд.

Талаби таҳқиқоти вижа дар бораи ошӯб

Баъди як моҳи ошӯб дар зиндони Хуҷанд ҳам, ки дар он 23 зиндонӣ ва ду зиндонбон кушта шуданд, ҷузъиёти ҳодиса ва ҷараёни тафтишот аз ҷомеа пинҳон мемонад.

Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико ва Мерилен Йосефсон, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар суханронии худ аз ҳодисаи пахши ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд ва баста шудани бархе аз сомонаҳои иттилоотӣ, назири сайти Радиои Озодӣ ва хабаргузории “Азия Плюс” изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо аз ҷумла, аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон тақозо карданд, ки дар робита ба ин ду мавзӯъ таҳқиқоти вижа анҷом бидиҳад.

Аз ҷумла, рӯзи 10 декабр дар ҳошияи нишасти бахшида ба 70-солагии Эъломияи ҳуқуқи башар ​Мерилен Йосефсон, дар сӯҳбат бо матбуот ба савол оид ба дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ин охирҳо гуфт:

“Бархе бахшҳо аз назари мо шоҳиди пешрафт шудаанд ва яке аз онҳо масъалаи мубориза бо шиканҷа ва бадрафторӣ аст. Тоҷикистон санади муҳими байналмилалро дар заминаи мубориза бо шиканҷа тасвиб кард (протоколи факултативии мубориза бо шиканҷа).

Ин бахш баробар бо пешрафт инчунин мушкили зиёд дорад ва мавриди нигаронӣ боқӣ мемонад. Масъалаи дигар – таъмини дастрасии озод ба вебсайтҳои хабаррасон аст. Феълан мо шоҳиди дастрасии мушкил ба вебсайтҳои хабарии Радиои Озодӣ ва “Азия-Плюс” ҳастем ва ин бахш ҳам яке аз онҳоест, ки мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, ки талошҳои худро дар амри таъмини дастрасии мардум ба матбуоти озод ва вебсайтҳои хабаррасон дучанд кунанд”.

Айни замон, дипоматҳои хориҷӣ аз ҷараёни муколамаҳо бо мақомоти Тоҷикистон дар амри арзёбии масоили ҳуқуқи башар ситоиш карда гуфтанд, ки ингуна муколамаҳо бояд идома ёбанд.

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, ки ин ниҳод ният дорад дар оғои соли нав ба таҳқиқи ҳодисаҳо дар зиндони Хуҷанд бипардозад.

Ализода гуфт, “дар оғози соли нави мелодӣ нозирони Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳодисаи ошӯби пурқурбонӣ дар зиндони шаҳри Хуҷандро таҳқиқ мекунанд. Вале тавофуқ шуд, ки ин таҳқиқот бе халалдор кардани ҷараёни тафтишот сурат бигирад. Натиҷаҳои онро ба Шумо эълон мекунем.”

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

"Комиссия бояд мустақил бошад"

Даъват ба ташкили комиссиюни вижаи таҳқиқи ошӯб дар зиндон инчунин аз забони фаъолони маданӣ ҳам садо дод. Ҳуқуқшиноси маъруф ва раҳбари созмони ҷамъиятии “Перспектива Плюс” Ойниҳол Бобоназарова гуфт, барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳодисаи ошӯби пурқурбонӣ дар зиндони шаҳри Хуҷанд ҳамчунон норӯшан боқӣ мондааст.

Ӯ афзуд, “дар робита ба ҳодисаи Хуҷанд мехоҳам, Омбудсмен, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯи вижае дорад, бо ширкати ҷомеаи мадании Тоҷикистон як комиссияи махсус таъсис дода, ҳодисаи ошӯб дар ин зиндонро таҳқиқ кунад. Аъзои ин комиссия бояд дар фаъолияти худ мустақил бошанд.”

Стратегияи нави рушди ҳуқуқи башар

Дар нишасти рӯзи душанбе инчунин дар бораи ҷараёни кор дар самти таҳияи Стратегияи нави рушди ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳам хабар дода шуд. Ба гуфтаи дастандаркорони ин санад, барномаи нав фаъолияти ҳукумату созмонҳои ҷамъиятӣ дар амри мурооти ҳуқуқи башар то соли 2030-ро дар бар мегирад.

Нигина Баҳриева, роҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсони «Нота Бене» ва коршиноси Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки тӯли як соли ахир ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти кишвар ба таҳияи ин санад машғул аст ва то ин лаҳза, ба гуфтааш, мақомот пешниҳоди ҷомеаи мадании Тоҷикистон барои ворид кардани онҳо ба барномаи навро қабуд доранд. ​Қарор аст ин барнома дар семоҳаи аввали соли 2019 таҳия ва такмил шавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG