Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот дар бораи сайтбандӣ: "Зарур бошад, раво бошад"


Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ гузориши нави худ дар бораи маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро нашр кард. Муаллифони гузориш гуфтаанд, талошҳо барои сӯистифода аз иттилоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи ҳукуматҳо дар ҷаҳон бештар шудааст.

"Тоҷикистон аз ин мушкилот орӣ нест"

Гузориши Созмони Freedom House рӯзи 1-уми ноябр таҳти унвони "Сӯистифода аз сомонаҳои иҷтимоӣ бо манзури халалдор сохтани равандҳои демократӣ" нашр шуд.

Мутахассисони бахши фанноварӣ мегӯянд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳо дигар роҳи муносибе барои пешгирӣ аз паҳн шудани иттилоъ нест.

Дар ин гузориш вазъи дастрасӣ ба Интернет дар 65 кишвари ҷаҳон таҳлил шудааст. Дар гузориш кишварҳои ҷаҳон аз рӯи маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет ба се гурӯҳ - озод, қисман озод ва ғайриозод ҷудо шудаанд. Кишварҳои аврупоӣ, ИМА, Австаралия, Африқои Ҷанубӣ, ҳамчун кишварҳои озод аз рӯи дастрасӣ ба Интернет муаррифӣ шудаанд. Аз қораи Осиё танҳо Ҷопон ва Филиппин дар ин қатор ҳастанд.

Дар гузориши Созмони Freedom House гуфта мешавад, ки соли 2017 ҳукуматҳо дар ҷаҳон талошҳояшонро барои сӯистифода аз иттилоъ дар сомонаҳои иҷтимоӣ бештар кардаанд.

"Режимҳои Чин ва Русия наҳваи мудохила ба баҳсҳои онлайнӣ ва фишор ба гуногунандеширо ҳанӯз даҳ соли пеш шурӯъ карда буданд, вале аз он замон ин таҷриба наҳваи фаромиллӣ касб кард. Чунин мудохилаи ҳукуматҳо ба унвони хатари ҷиддӣ ба мафҳуми интернет ҳамчун фанноварии озод таҳдид мекунад",-гуфта мешавад дар гузориши созмони Хонаи Озодӣ.

Исми Тоҷикистон ин бор дар гузориши Хонаи Озодӣ зикр нашудааст. Чун ба гуфтаи Роберт Руби, сухангӯи Хонаи Озодӣ, 65 кишвар аз рӯи методологияи таҳқиқи озодиҳои интернет барои арёзбӣ интихоб шуданд ва Тоҷикистон ин бор мавриди таҳқиқ қарор нагирифт.

Аммо Роберт Руби мегӯяд, набудани исми Тоҷикистон дар ин гузориш ба маънои он нест, ки кишвар аз мушкилоти марбут ба дастрасӣ ба интернет орӣ аст.

Дар ҳамин ҳол кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо шумули Узбекистон ва Қазоқистон аз рӯи дастрасӣ ба интернет ба рӯйхати кишварҳои "ноозод" ворид шудаанд. Қирғизистон ин бор низ дар рӯйхати кишварҳои “қисман озод” ҷой дода шудааст.

"Маҳдудият бояд бар асоси қонун бошад, на хоси касе"

Дар Тоҷикистон ҳам солҳои охир дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ борҳо маҳдуд шудааст. Ҳарчанд бар асоси қонунгузории кишвар бастани сомонаҳо танҳо бо қарори додгоҳ амалӣ мешавад, аммо бисёр вақт ин муқаррарот риоя намешавад.

Умед Бобохонов.
Умед Бобохонов.

Сомонаи хабаргузории "Азия-плюс" аз ҷумлаи онҳост. Дар панҷ соли ахир чандин маротиба дастрасӣ ба сомонаи ин хабаргузорӣ маҳдуд шудааст. Мушкиле, ки ба қавли масъулини хабаргузорӣ, шумораи хонандагон ва ҳамин тавр даромади онҳоро коҳиш медиҳад.

Умед Бобохонов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги "Азия-плюс" мегӯяд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба ҳамагуна сомонаҳо бояд дар доираи қонун сурат гирад, на бо хоҳиши касе.

"Агар сухан дар бораи сайтҳои марбут ба созмонҳои террористӣ равад, албатта онҳоро бастан лозим аст, чун ингуна сомонаҳо ба амнияти кишвар метавонад таъсири манфӣ дошта бошад. Вале агар сомонаҳои иттилоотӣ бошад ва дар асоси қонун амал кунад, онҳоро набояд баст. Пахш кардани нуқтаи назари дигар, аз ҷумла "баровардани буғи норозигӣ" дар ҷамъият мебошад, ки ба устувор будани давлат кӯмак мекунад",-афзуд Умед Бобохонов.

Муассиси хабаргузорӣ мегӯяд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи "Азия-Плюс" онҳоро водор мекунад, ки роҳҳои дигари расонидани иттилоъ ба хонандагонро ҷустуҷӯ кунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, ба гуфтаи Умед Бобохонов аз қабили ин роҳҳо мебошанд. Аз ҷумла ба гуфтаи роҳбари "Азия-плюс", шумораи хонандагони онҳо дар канали "Телеграм" дар вақтҳои ахир ду маротиба афзоиш ёфтааст.

Мақомот: "Амният ҳама вақт дар ҷои аввал аст"

Сайфулло Сафаров.
Сайфулло Сафаров.

Мақомоти тоҷик то ин вақт маҳдудияти дастрасӣ ба сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро бештар ба «мушкили фаннӣ» рабт медиҳанд. Аммо ишораҳое ҳам аз сӯи мақомот садо додаанд, ки ин кор баъзан барои таъмини амният зарур аст.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ мегӯяд, ба хотири таъмини амният баъзан ногузир аст, ки дастрасӣ ба интернет маҳдуд карда шавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, "амният ҳама вақт дар ҷойи аввал аст ва ин барои тамоми шаҳрвандон аст. Дар ҳолате, ки масъалаи амният пеш меояд, инҷо ҳуқуқи мардум вайрон намешавад."

"Иттиҳоди Аврупо: Интернет бояд озод бошад"

Аммо созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ, ки аз озодии баён ва меъёрҳои демократӣ ҳимоя мекунанд, борҳо аз ин иддаои мақомоти тоҷик интиқод кардаанд. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон хост, аз бастани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашад.

Мэрилин Йосефссон, раҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.
Мэрилин Йосефссон, раҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Масъулини Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, аз тасмимиҳои Тоҷикистон барои таъмини субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ мекунад. Вале суботи дохилӣ ва дастрасии озод ба иттилоот бо ҳам дар ихтилоф нестанд. Баръакс, ба гуфтаи масъулини созмон, метавонанд якдигарро комил кунанд.

Мэрилин Йосефссон, раҳбари нави намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо боварӣ дорад, ки интернет бояд барои мубодилаи иттилоот ва ғояҳо дар ҳамаи қисматҳои ҷаҳон, дар ҳар давру замон озод бошад.

Ба қавли хонум Йосефссон, дастрасии бемамонеа ба интернет имкониятҳои зиёдеро барои рушди иқтисод, тиҷорат, туризм ва сохторҳои самараноки ҳукумат дар кишварҳои гуногун, чун Тоҷикистон, фароҳам меорад.

"Маҳдуд кардан дигар роҳи муассир нест"

Маҳдудият дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон одатан пас аз ягон рухдод дар кишвар сурат мегирад. Аз ҷумла дар вақти амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, нашри навори Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ маҳдуд шуда буд. Таҳлилгарон мегӯянд, вазъ дар ин самт бадтар мешавад.

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ мегӯяд, мушкили аслӣ дар он аст, ки маҳдудкуниҳо берун аз доираи қонун ва чаҳорчӯба сурат мегирад.

Ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, "бояд ин тавр набошад, ки ҳар кас ҳар тавре хост сомонаеро бибандад. Бояд як муқаррарот ва мушаххасоте дар доираи қонун қабул гардад, ки барои истифодабаранда, фароҳамкунандаи интернет ва ҳам мақомот қобили қабул бошад".

Бо ин ҳама мутахассисони бахши фанноварӣ мегӯянд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳо дигар роҳи муносибе барои пешгирӣ аз паҳн шудани иттилоъ нест. Чун ба қавли мутахассисон, аксари мардум акнун метавонанд бо истифода аз қулфшиканҳо вориди сомонаҳо гарданд. Ҳарчанд ин кор сарфи интернет ва харҷи истифодабарандаро бештар мекунад.

"Маҳдуд кардан ҳеҷ вақт ба фоидаи Тоҷикистон нест"

Хуршеди Атовулло.
Хуршеди Атовулло.

Таҳлилгарон мегӯянд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани иттилоъ барои Тоҷикистон пайомади хуб надорад.

Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, бахусус маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳое, ки расман дар кишвар фаъолият доранд, паёмади худ надорад. Баръакс ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик, пешниҳоди маълумоти дақиқ метавонад аз паҳн шудани хабарҳои нодуруст ва беасос пешгирӣ кунад.

Бо ин ҳама Хуршед Атовулло мегӯяд, тарафдори он аст, ки сомонаҳои хабарие, ки дар берун аз Тоҷикистон дар бораи кишвар хабарҳо пахш мекунанд, дар баробари расонаҳои дохилӣ масъулият дошта бошанд.

Дар солҳои ахир чандин маротиба дастрасӣ ба сомонаҳои "Азия-плюс" ва Радиои Озодӣ, ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук" ва "Ютуб" маҳдуд шуда буд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG