Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди сахти HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон


Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2018 бисёр бад шудааст ва ба ҳадде, ки мақомот тоби дидани нармтарин интиқодро ҳам надоштаанд.

Гузориши солонаи созмон дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2018 рӯзи 17-уми январ нашр шуд ва дар он омадааст, ки “вазъи фавқуллода бади ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2018 бадтар шуд. “

Дидбони ҳуқуқи башар, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон мунтақидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифин, хабарнигорон, хешовандони дигарандешон дар хориҷро бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

Дар баёнияи созмон дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ омадааст, “Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар шуд, чун мақомот маҳдудият дар озодии баён ва гирдиҳамоӣ, фаъолияти сулҳомези мухолифон, вакилони дифоъ ва ҳуқуқи мазҳабиро зиёдтар карданд. Бештар аз 150 фаъоли сиёсӣ, ба шумули вакилони дифоъ ва хабарнигорон ноодилона дар зиндон монданд. Мақомоти Тоҷикистон аз дигарандешони муқими хориҷ бо азияти хушунатбори хешовандони онҳо дар дохил ниқор гирифтанд.”

Маъракаи бозгардонидани мухолифони сиёсӣ

Манзури созмон аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” аст, ки дар қаламрави кишвар ҳардуро созмони террористӣ ва ифротӣ эълон кардаанд. Дар ин сол ба гуфтаи созмон, мақомоти Тоҷикистон маъракаи бозгардонидани мухолифони сиёсӣ аз хориҷро васеътар карданд ва барои овардани онҳо ба Интерпол пулиси байналмилалӣ дархостҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ фиристоданд. Ба гуфтаи созмон, дар ин маърака ба Тоҷикистон хадамоти амниятии Туркия ва Русия ҳам кумак кардаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар, Наимҷон Самиев, раиси собиқи бахши Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Суғдро мисол овардааст, ки рӯзи 30-уми ноябр дар Русия нопадид шуд ва сипас гуфтанд, ки ӯро ба Тоҷикистон овардаанд. Боздошти Мирзокарим Кузов, як фаъоли дигари ҳизб дар Юнон бо дархости Интерпол ва раҳоии баъдии вай бо мудохилаи ҳомиёни ҳуқуқ мисоли дигарест, ки муаллифони гузориш зикр кардаанд.

Фақат Туркманистон метавонад, ҳоло бо Тоҷикистон рақобат кунад

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, хешовандони дигарандешони тоҷик дар Олмону Фаронса ва Лаҳистон ба ин созмон гуфтаанд, ки маъмурони амниятӣ дар Тоҷикистон ба хонаи хешовандони онҳо мераванд ва фишор меоранд, то ки амалҳои наздикони худро маҳкум намоянд. Дар бораи ҷойи иқомат ва фаъолияти онҳо мепурсанд ва таҳдид мекунанд, ки агар хешовандонашон фаъолияти худро қатъ накунанд, онҳоро ба зиндон меандозанд.

Бастани вебсайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Муаллифони гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯянд, маҳдуд кардани озодии баён ба ҳадде расид, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барои интиқоди нарм ҳам саркӯб карданд.

Дар робита ба озодии баён Дидбони Ҳуқуқи Башар қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳои хабарӣ дар Тоҷикистонро зикр карда ва гуфтааст, “ҳар вақте агар матолиби интиқодие дар бораи раиси ҷумҳур, хонаводаи ӯ, ё ҳукумат нашр шавад, дастрасӣ ба хадамоти телефонҳои мобил қатъ мешавад.” Созмон қатъи дастрасӣ ба Фейсбук, Ютуб ва вебсайти Радиои Озодиро мисол овардааст.

Айни замон Стив Свердлов, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, ки соли гузашта ба чанд намунаи амалкардҳои мусбати ҳукумати Тоҷикистон дида шуд. Ӯ тағйири ҳукми Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори тоҷикро мисол овард, ки баъди тақозоҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи ҳукми зиндонашро тағйир дода озодаш карданд.

Иҷоза додан ба сафари Фотима Давлатова – духтари даҳсолаи Шабнам Худойдодова – як фаъоли сиёсии тоҷик, ки дар Аврупо ба сар мебарад, ба гуфтаи ӯ намунаи дигар аст.

Дар соли гузашта ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон баъди муроҷиатҳои зиёди ҳомиёни ҳуқуқ иҷоза дод, ки Ҳамза Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати ислом, ки аз бемории саратон ранҷ мебурд, ба хориҷ ба назди падараш ва барои муолиҷа биравад.

Мақомот ва намояндагони Ҳизби Халқии Демократӣ, ҳизби ҳоким дар кишвар мегӯянд, бо баёнияҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар мувофиқ нестанд ва онро беасос мешуморанд.

"Оё вазир, ё раиси кумита даъвое кардааст?"

Дар вокунише ба ин гузориш, Бахтиёр Сафарзода вакили порлумон ва раиси фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагон гуфт: “Шумо дидаед, ки барои танқиди ҳукумат нафаре саркӯб шуда бошад? Дидбони Ҳуқуқи Башар нодуруст мегӯяд, чун таъқиби журналистҳо ва ё дигарандешон вуҷуд надорад. Ман бо чунин натиҷагириҳо розӣ нестам. Ман бо чунин назари Дидбони Ҳуқуқи Башар розӣ шуда наметавонам. Дар Тоҷикистон вақте журналистҳо соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишварро танқид мекунанд, оё вазир, ё раиси кумита даъвое кардааст?”

Радиои Озодӣ барои гирифтани назари яке аз ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар бораи гузориши Дидбони ҳуқуқи башар муроҷиат кард. Ва ӯ гуфт, ҳоло замоне нест, ки онҳо чунин гузоришҳоро шарҳ бидиҳанд.

"Рақобат танҳо бо Туркманистон"

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷики муқими Бишкек ба Радиои Озодӣ гуфт, авзои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро, ки дар солҳои пеш ҳамеша аз Узбекистон беҳтар арзёбӣ мешуд, ҳоло фақат бо Туркманистон, пӯшидатарин кишвари Осиёи Марказӣ муқоиса метавон кард. Ӯ гуфт, мумкин аст, имсол вазъ дар Тоҷикистон тағйири зиёд накунад.

“Фикр намекунам, вазъ тағйир ёбад, зеро дигар аз ин ҳам бадтар буда наметавонад. Вазъи ҳуқуқи инсон дар минтақа аз ҳама бадтар дар Тоҷикистон аст. Бори аввал аст, ки Узбекистон дар бисёре аз нишондодҳо аз ҷумла озодии баён ва демократия аз Тоҷикистон боло гузашт. Фақат Туркманистон метавонад, ҳоло бо Тоҷикистон рақобат кунад" гуфт, Марат Мамадшоев.

Ба қавли Марат Мамадшоев, шояд имсол мақомот бо ҳадафи ҷалби сармояи хориҷӣ ва вонамуд кардан, ки вазъи ҳуқуқи инсон беҳтар мешавад, сиёсаташонро андаке тағйир диҳанд.

Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, бо вуҷуди помоли ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бозигарони калидӣ дар арсаи байналмилалӣ, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо аз эъмоли ҳаргуна таҳрим ба зидди Тоҷикистон худдорӣ карданд, чун бо назардошти мавқеи геостратегии кишвар, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, намехоҳанд, ки Тоҷикистонро аз худ дур накунанд.

Мурооти ҳуқуқ ва пешрафти иқтисодӣ даст ба даст пеш раванд

Дидбони Ҳуқуқи Башар, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, ки барои ҳамкориҳои бештари минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ ҳастанд, хост, ки риояти ҳуқуқи инсонро аз авлавияти кори худ қарор бидиҳанд.

“Барои беҳтар кардани зиндагии 105 миллион нафар аз сокинони Осиёи Марказӣ зарур аст, то мурооти ҳуқуқи инсон ва рушди иқтисодиву ҳамкории минтақавӣ даст ба даст пеш раванд” – гуфтааст, Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар.

Стив Свердлов ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дар воқеъ ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, вазъи иқтисод ва зиндагии мардум беҳтар шавад, бояд ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузорад.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

"Ба ин ҳад помол кардани ҳуқуқи инсон боиси мушкилоти азими иқтисодӣ мешавад. Мо аз ҳукумат мехоҳем, ки бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии худ, вазъро тағйир диҳад. Маҳбусони сиёсиро озод кунад, ба журналистон озодӣ диҳад, бигузорад, ки мақолаҳои танқидӣ бинависанд, вебсайтҳоро боз кунад, аз ҷумла вебсайти Радиои Озодиро. Озодиҳои мазҳабиро таъмин кунад" - гуфт, ӯ.

Стив Свердлов афзуд, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, вазъи иқтисодӣ беҳтар шавад ва неругоҳи Роғунро бо ҳамин ҳадаф соли гузашта ба кор андохт. Барои пешрафти иқтисод ба гуфтаи ӯ бояд, озодиҳоро таъмин кард.

Вай гуфт: "Агар шумо мехоҳед, сармояи хориҷӣ ҷалб кунед, пас ҳуқуқи мардумро риоят кунед. Шароите фароҳам биёред, ки соҳибкор ба мустақилияти додгоҳҳо бовар доштанд ва шаҳрвандон озодона зиндагӣ кунанд ва аз ҳуқуқи озодии эътиқоду баён баҳраманд ва аз боздоштҳои худсарона эмин бошанд."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG