Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зери заррабин. Донишҷӯёни мадрасаҳои исломӣ ба мақомот ҳисобот медиҳанд


Ҷавононе, ки аз таҳсил дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон баргашта буданд, муваззаф шуданд, ки ҳадди ақал дар шаш моҳ як дафъа ба идораи милисаи маҳалли зисташон ҳозир шаванд.

  • Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2010 ба ин тараф беш аз се ҳазор ҷавони тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ба ватан оварда шудаанд.
Шояд бисёре аз онҳо воқеан ҳам таълими динӣ гирифтаву дар асл ба терроризму экстремизм олуда нашуда бошанд. Лекин сӯҳбатҳои ман бо бисёре аз чунин ҷавонон ошкор кард, ки эҳсоси мазҳабиашон хеле болост

​Мепурсанд, ки чӣ хондем ва ҳоло чӣ кор мекунем

Дилшод, сокини шаҳри Ҳисор, соли 2010 пас аз даъвати мақомот билофосила аз Миср ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ соли 2009 барои омӯхтани забони арабӣ ба яке аз мадрасаҳои Қоҳира шомил шуда буд.

Ин сокини 32-солаи шаҳри Ҳисор рӯзи 8-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот бештар дар бораи вазъияти ҳозираи кору зиндагӣ, дар куҷо будани хешу табор ва бо кӣ робита доштанашон суол мекунанд. "Онҳо ё занг мезананд ё огоҳинома мефиристанд, ки ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ ҳозир шавем. Ин кор дар фосилаи панҷ-шаш моҳ як бор сурат мегирад. Мақомот мехоҳанд, бо худ як дона сурат ва ҳамчунин аз идораи ҷамоат маълумотнома барем", - нақл кард ӯ.

Бозгашти ҷавонон аз кишварҳои исломӣ. Моҳи январи соли 2011. Акс аз бойгонӣ.
Бозгашти ҷавонон аз кишварҳои исломӣ. Моҳи январи соли 2011. Акс аз бойгонӣ.

​Ба қавли ҳамсуҳбати мо, маъмурони милиса аз онҳо дар бораи мавзӯи таҳсилашон дар мадрасаҳои исломӣ низ мепурсанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, "дар бораи чӣ хонданамон дар хориҷа борҳо гуфтаем. Вале ҳар боре, ки даъват мешавем, боз аз нав мепурсанд."

Дилшод гуфт, кормандони милиса ҳангоми суҳбат бо онҳо дағалӣ намекунанд ва танҳо мақсадашон ин аст, ки бифаҳманд онҳо дар куҷо ҳастанд ва чӣ кор мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар Миср ҳамагӣ нӯҳ моҳ забони арабӣ омӯхта, нияти дохил шудан ба Донишгоҳи "Ал-Азҳар"-ро дошт, аммо пас аз даъвати мақомот ҷиҳати бозгашт ба Ватан, билофосила ба Тоҷикистон баргашт.

"Баъди бозгашт мақомот бо ман сӯҳбат доштанд, рақами телефонамро ба онҳо додам. Як соли дигар ба Маскав рафта кор кардам. Панҷ сол боз дар Тоҷикистон аз ҳисоби дуредгарӣ зиндагии худу оилаамро пеш мебарам", - афзуд Дилшод.

Пешниҳод барои паст кардани "ҳарорати мазҳабӣ"

Ҳадди ақал се ҳамсӯҳбати мо аз шумори ҷавононе, ки дар Арабистони Саудӣ, Покистон ва Миср таҳсил карда, пас аз даъвати мақомот ба Тоҷикистон баргаштанд, даъват шудан ба идораи милисаи маҳалли зисташонро тасдиқ карданд. Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳадафи мақомотро дарк мекунанд ва ҳозиранд, ки "рафтори каҷ" надоштани худро дар назди мақомот мунтазам исбот кунанд.

Комроншо Сияров, унвонҷӯи Донишгоҳи дӯстии халқҳо дар Маскав (РУДН), мавзӯи гароиши ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ таҳқиқ мекунад. Ӯ гуфт, бисёре аз марказҳои таълимии ифротӣ дар кишварҳои Ховари Миёна зери ниқоби мактабҳои динӣ фаъолият мекунанд ва маълум нест донишҷӯёни тоҷик ҳангоми таҳсил дар ин гуна марказҳо то чӣ ҳад мағзашон олудаи афкори экстремистӣ шудааст.

"Шояд бисёре аз онҳо воқеан ҳам таълими динӣ гирифтаву дар асл ба терроризму экстремизм олуда нашуда бошанд. Лекин сӯҳбатҳои ман бо бисёре аз чунин ҷавонон ошкор кард, ки эҳсоси мазҳабиашон хеле болост ва аз андак маҳдудият метавонанд зуд ба шӯр оянд ва даст ба кирдорҳои ғайриқонунӣ зананд", - шарҳ дод ӯ.

Барои мисол, ба гуфтаи Сияров, як хабари манъи ҳиҷоб рӯсарӣ, ё манъи ба масҷид рафтани мактаббачагон ба хотири халал наёфтани таҳсил дар мактаб метавонад ин гуна ҷавонони мазҳбиро сахт хашмгин кунад, ва ба бовари ин пажӯҳишгар, "онҳо метавонанд дар як они воҳид ба ифротгаро табдил ёбанд".

Абдураҳим Холиқзода, раиси пешини Кумитаи дини Тоҷикистон.
Абдураҳим Холиқзода, раиси пешини Кумитаи дини Тоҷикистон.

​Пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, барои поён бурдани ба истилоҳ "ҳарорати мазҳабӣ" ва эҳсоси шадиди динии ҷавононе, ки давраҳои таҳсили диниро дар хориҷа пушти сар кардаанд, танҳо ба пурсиши милиса ҷалб кардани онҳо кофӣ нест, балки ба мафкураи онҳо бояд бештар кор кард.

Ӯ гуфт, "давлат ва ё созмонҳои ғайридавлатӣ бояд барои ин гуна ҷавонон давраҳои махсусе гузаронанд, то бештар аз роҳи васеъ кардани сатҳи ҷаҳонбинӣ, донишҳои нави дунявӣ онҳоро аз як қишри осебпазир берун кунанд."

Бархе аз мақомдорони тоҷик аз оғози имсол нисбат ба ифротгароӣ осебпазир будани ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсили ғайриқонунии динӣ гирифтаанд, таъкид мекунанд.

Абдураҳим Холиқзода, раиси собиқи Кумитаи дин ва айни замон раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии порлумон, дар маърӯзаи охири хеш ба мақомоти қудратии кишвар тавсия дод, ҷавононеро, ки дар донишгоҳҳои исломии давлатҳои дигар бе иҷозат таҳсил намудаанд, "зери назорати фаврӣ қарор бидиҳанд".

"Назорати ҷавонон табъиз аст"

Надежда Атаева.
Надежда Атаева.

​Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, саросар зери назорат гирифтани ҷавонон танҳо ба далеле, ки онҳо таълимоти дини гирифтаанд, як навъ “дискриминатсия” ваё табъиз ба шумор меравад. Надежда Атаева, ҳомии ҳуқуқи инсон ва роҳбари Анҷумани ҳукуқуқи инсон дар Осиёи Миёна дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин амали мақомотро нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон медонад.

Атаева гуфт, “таҳти назорат гирифтану тафтиши доимии ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсили динӣ гирифтаанд, ҳуқуқи бунёдии онҳоро поймол мекунад. Чун касе принсипи асли бароатро (презумпция невиновности) бекор накардааст ва ба бозпурсӣ даъват кардани одамон танҳо ба далели таҳсили динӣ нақзи ҳуқуқи онҳо аст."

Дастури бозгашти ҷавонон аз кишварҳои исломӣ

Мақомоти Тоҷикистон соли 2010 пас аз як ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз хавфи зери нуфузи террористон қарор гирифтани ҷавонони тоҷик дар мактабҳои динии хориҷӣ, аз волидон даъват кард, ки билофосила онҳоро ба ватан бозгардонанд. Пас аз даъвати раиси ҷумҳур мақомот беш аз се ҳазор ҷавони тоҷикро, ки асосан дар мадрасаҳои динии Яман, Сурия, Миср, Покистон, Афғонистон ва Ироқу Эрон таҳсил доштанд, бозгардониданд.

Дар дохили кишвар ҳам таҳсили динии ҷавонон зери назорати шадиди мақомот гирифта шуд ва тақрибан 20 мадрасаи динии сабти ном шуда баста ва танҳо як Донишкадаи исломӣ боқӣ монд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG