Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Тоҷикистон "ибрат" мегирад?


Намози Ид дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон шояд мисли Тоҷикистон наврасону кӯдаконро иҷозат надиҳанд, ки танҳо ба масҷид ва ё калисову ҳар ибодатгоҳи дигар бираванд.

Мумкин аст, тамоми ибодатгоҳҳоро сабти ном кунанд ва дар мадрасаҳои динӣ дар баробари улуми мазҳабӣ таълими дигар фанҳо ба мисли риёзиёту иқтисодиёт ҳатмӣ шавад. Ин ҳама дар сурате амалӣ мешавад, ки тарҳи нави Қонун дар бораи озодии дин ва созмонҳои динӣ дар Қирғизистонро қабул кунанд.

Дар ин кишвар сол ба сол теъдоди мардуме, ки баъди шунидани азон ба масҷид мешитобанд, зиёдтар мешавад. Мардум бахусус дар деҳот бачаҳояшонро ба назди мулло мефиристанд, то намозу рӯзаро ёд бигиранд.

Аммо дар 10 соли гузашта қонуни Қирғизистон дар бораи озодии эътиқоду созмонҳои динӣ ислоҳ нашудааст. Барои ҳамин дар чаҳор соли гузашта, донандагони ислом, динҳои дигар ба мисли масеҳӣ сари тарҳи нави қонун кор мекарданд, то бо назардошти тағйирот дар ҷомеа онро ислоҳ намоянд.

“Барои тағйиру ислоҳот на танҳо намояндагони созмонҳои динӣ ва ҷомеаи маданӣ, балки коршиносони варзидаи қонунҳои дохилӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ ҷалб шудаанд” – мегӯяд, Галина Колодзинская. Ба қавли ӯ, ҷалби теъдоди мутахассисони зиёд, имкон дод, ихтилофот дар қонуни феълиро маълум кунанд.

Агар ноболиғе барои ибодат ба назди онҳо биёяд, бояд бидонанд, ки аз волидонашон иҷоза гирифтаанд, ё не?

Тағйироти асосӣ дар қонун ба ҳуқуқи ноболиғон рабт мегирад. Агар тарҳи пешниҳодшударо қабул кунанд, пас дигар кӯдакон ва наврасон дигар ҳақ надоранд, дар кори созмонҳои динӣ ширкат кунанд, дар кӯчаҳо ба тарғиби дин машғул шаванд, дар масҷиду калисоҳо кор кунанд. Илова бар ин кӯдакон ҳақ нахоҳанд дошт, бе иҷозаи волидон ва ё танҳо ба ибодатгоҳ бираванд. Агар яке аз волидон ҳамроҳашон бошад, боке нест.

“Мо дар ин қонун масъулиятро ба дӯши созмонҳои динӣ мегузорем. Агар ноболиғе барои ибодат ба назди онҳо биёяд, бояд бидонанд, ки аз волидонашон иҷоза гирифтаанд, ё не?” – мегӯяд, Зокир Чотаев, муовини раиси Кумиссиёни давлатӣ оид ба умури динӣ дар Қирғизистон.

Ба қавли ӯ дар ин ҳолат, “Масъулият ба дӯши рӯҳонӣ хоҳад буд. Аз тарафи дигар, волидон ҳам бояд масъули ширкати фарзандон дар маросими динӣ бошанд, ва донанд, ки бачаҳояшон куҷост. Ҳолатҳое ҳастанд, ки кӯдакон аз дарс мегурезанд ва ба намозхонӣ мераванд.”

Тағйири дигари муҳим дар Қонун дар бораи озодии дин ва созмонҳои динӣ ҳатмӣ шудани иҷозатнома барои тамоми муассисаҳои таълимии динист. Агар мехоҳанд, корашон қонунӣ бошад ва идома ёбад, бояд барномаи таълимиашонро бознигарӣ кунанд, бар иловаи улуми динӣ, фанҳои таърих, инсон ва ҷомеа ва забон таълим бидиҳанд ва дониши рӯҳониёнро боло баранд.

Зокир Чотаев мегӯяд, ки масъалаи мазкурро дар ду ё се соли гузашта бо вазорати маориф ва намояндагони созмонҳои динӣ баррасӣ кардаанд.

“Мо ба ин мувофиқа расидем, ки бояд ҳадди аққал чанд фанне ворид кард, ки шаҳрвандони мо ба зиндагӣ омода бошанд” – мегӯяд, ӯ.

Масҷиде дар Бишкек
Масҷиде дар Бишкек

Дар тарҳи қонуни нави Қирғизистон, бори аввал аст, ки ибораи «утоқи намозгузорӣ” ворид мекунанд. Дар кишвар 400 утоқи намозхонӣ вуҷуд дорад, вале дар ягон санади қонунӣ ба ин ном чизе зикр нашудааст.

Бар асоси қонуни нав ҳар утоқи намозгузорӣ дар муассиса, қаҳвахона, ё корхона бояд бар асоси меъёри ягонаи сохтмонӣ сохта шавад ва фақат барои ибодат бошад.

Бар асоси тарҳи нав, бояд вуруди адабиёти динӣ ба Қирғизистон ҳам зери назорат гирифта шавад. Ҳамаи ин тағйирот ҳоло рӯи коғаз аст ва вакилони порлумони Қирғизистон бояд моҳи сентябр баъди бозгашт ба кор онро ба баррасӣ бигиранд.

Дар Қирғизистон мисли Тоҷикистон солҳои ахир ифротгароии исломӣ афзоиш ёфтааст ва садҳо нафар ҷавонони қирғиз ҳам ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ пайвастаанд.

Тоҷикистон дар чанд соли пеш Қонун дар бораи масъулияти падару модарро қабул кард, ки бар асоси он кӯдакону наврасони то 18-сола ҳақ надоранд, ба масҷид бираванд. Таълимоти динӣ ҳам бо иҷозаи махсус сурат мегирад ва агар муллое наврасеро бе иҷоза дарси динӣ бидиҳад, ҷарима мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG