Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейди Хуҷанд. "Ҳиҷобро мегирам, рӯймолро аз паси сар мебандам"


Идораи кор бо занон ва оила дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, барои маълум кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш “рейд” гузарондааст. Масъулони ин ниҳод якҷо бо ходимони умури дин ва фаъолони маҳаллаҳо занонро ба бастани рӯсарӣ ба шеваи миллӣ тарғиб кардаанд.

Ин ҳуқуқи ман аст. Аммо аз ман талаб доранд, ки рӯймоламро ба хости онҳо бибандам.

Чунин маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ соли гузашта дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар ҳам баргузор шуд. Мақомот он вақт гуфтанд, ки танҳо як гурӯҳи тарғибгарон тавонистанд фикри 8 ҳазор нафарро тағйир диҳанд. Вале ҳамоно занони зиёде мегӯянд, талоши таъсиррасонӣ ба шеваи либоспӯшии онҳо дахолат ба ҳарими хусусиашон ва хилоф бо меъёрҳои озодии интихоб аст.

"Баёнот додам, ки рӯймолро аз паси сар мебандам"

Мақомот дар Тоҷикистон барои муқобила бо ифротишавии ҷомеа тарзи пӯшиши мазҳабӣ ё ба гуфтаи онҳо “либосҳои бегона”-ро таҳти назорат гирифтаанд.

Муҳаббат Давлатова
Муҳаббат Давлатова

Муҳаббат Давлатова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар 9 моҳи охир аз ҷониби маъмурони пулис ду бор огоҳӣ гирифт. Ин бор ҳушдор додаанд, ки рӯсариашро на ба тарзи ҳиҷоб, балки ба тарзи миллӣ, яъне аз пушти сараш бандад. Давлатова ин амрро нақзи ҳуқуқ ва ихтиёраш дар пӯшидани либос медонад ва тавассути рақами телефони “Боварӣ” ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шикоят кардааст.

Муҳаббат Давлатова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки рӯзи 4-уми апрел дар назди бозори “Панҷшанбе” кормандони шуъбаи кор бо занон ӯро нигоҳ дошта, талаб карданд, ки ҳиҷобашро аз сар кашад ва ба таври оддӣ бандад. Ӯ гуфт, ҳарчанд нахост ба ҳарфи онҳо гӯш диҳад, водор карданд, ки аризаи мувофиқаташ бо гуфтаи онҳоро имзо намояд.

“Хулоса, нисбат ба ман корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд. Бо навиштани ариза розиям. Дигар хатоямро такрор намекунам. Яъне, рӯймоламро аз паси сар мебандам”, - гуфт ӯ. Муҳаббат Давлатова гуфт, ҳиҷобро на ба хотири худнамоӣ, балки ба хотири эҳсоси амният ва ҳам роҳат будан дар муқобили чашми бади мардон бастааст. “Ин ҳуқуқи ман аст. Аммо аз ман талаб доранд, ки рӯймоламро ба хости онҳо бибандам. Онҳо худашон аз рӯи хости худ ба таври аврупоӣ либос мепӯшанд. Вақте ки либоси худи занҳои корманди ҳукумат миллӣ несту аврупоӣ аст, чаро аз мо талаб мекунанд, ки ба таври миллӣ либос бипӯшем?” - суол гузошт ӯ.

"Рӯймолатонро гирифтанӣ нестем"

Муқаддасхон Шодибоева, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Хуҷанд, дар маҳаллаи “Панҷшанбе” бо занони ҳиҷобпӯш сӯҳбатҳо кардааст. Ӯ рӯзи панҷуми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз ҳамсуҳбатонаш Муҳаббат Давлатова буд.

“Он кас ба таври аврупоӣ либос пӯшида буданд. Гуфтанд, ки либоси ман ҳам мисли Шумост. Чун ба таври аврупоӣ либос дар бар доштанд. Ман гуфтам, ки фақат аз гардан боло ба фарҳанги либоспӯшии мо мувофиқ нест. Ин аз фарҳанги бегона аст. Мо рӯймолатонро аз саратон кашиданӣ нестем, фақат Шуморо расман огоҳ мекунем, ки ба тарзи худамон бандед”, - шарҳ дод ӯ.

Як намунаи либоси миллӣ
Як намунаи либоси миллӣ

Вале эътироз ва садо баланд кардани Давлатова дар мавриди нақзи ҳуқуқи лисбоспӯшии ӯ боиси мудохилаи нозири минтақавӣ ва кӯчондани ҷараёни “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ба қароргоҳи пулиси бозори “Панҷшанбе” ва забонхат гирифтан аз ӯ шудааст. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Хуҷанд мегӯяд, дар ҷараёни рейд ба чанд зану духтари ҳиҷобпӯш фаҳмондаанд, ки аз либоси ба фарҳанг ва урфи тоҷикон бегона даст кашанд.

"Баъзеҳо бо талқини шавҳар ҳиҷоб ба сар кардаанд"

Ба қавли ӯ, дар тақрибан 2,5 соле, ки байни мардум вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, муошират, риояи либоспӯшӣ, симои зоҳирӣ ва рафтори шаҳрвандон кор мебаранд, теъдоди занони ҳиҷобпӯш ба маротиб кам шудааст. Ӯ гуфт, “ҳангоми суҳбат маълум мешавад, ки баъзе занону духтарон бо талқини шавҳар ё падару модари худ ҳиҷоб ба сар кардаанд, бархе ҳам аз роҳи тақлид мепӯшанд. Онҳо вақти суҳбат мегӯянд, ки намоз намехонанд, ба саволҳои оддӣ ҷавоб дода наметавонанд. Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки биёед, фарҳанги худамонро арҷ гузорем, либоси миллиамонро бипӯшем.”

Яке аз намунаҳои либоси миллӣ
Яке аз намунаҳои либоси миллӣ

Муносибати сокинон ба “рейд”-ҳои мақомот дар мавриди пӯшишҳои мазҳабӣ мухталиф аст. Аксарият ҳиҷобро қабул надоранд ва онро як рукни фарҳанги бегона медонанд, ки занони тоҷик аз роҳи тақлид қабул кардаанд. Вале бархе дигар ва умдатан занону духтароне, ки ҳиҷобпӯширо интихоб кардаанд, бо роҳи “ихтиёрӣ - маҷбурӣ” даст кашидан аз онро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии худ медонанд. Онҳо мегӯянд, назорати шадид зиндагӣ ва озодии онҳоро маҳдуд карда, пеши роҳи қабули онҳо барои кор ба муассисаву идораҳои давлатӣ ва ҳоло дар бозору фурӯшгоҳҳо низ сад гузоштааст.

Бар асоси тағйири қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар соли гузаштаи 2017 пӯшидани либоси миллӣ дар маъракаҳо ҳатмӣ шуда, пӯшидани либоси сиёҳи якранг дар маросими азодорӣ низ иҷоза нест.

Барои нахустин бор дар қонуни Тоҷикистон таъкиди махсус дар заминаи либоси шаҳрвандон ворид гардид. Ин бандро бархе фаъолон ва ҳуқуқшиносон хилофи меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ва маҳдудшавии озодиҳои инсонӣ унвон мекунанд. Сарқонуни Тоҷикистон дар интихоб ва пӯшидани либос ба шаҳрвандон маҳдудияте ҷорӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG