Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хориҷиёнро афв мекунад


Паноҳандагони афғон дар шаҳри Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон, ки бузургтарин мизбони паноҳҷӯён дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, тарҳи қонуни афви хориҷиён ва афродеро таҳия карданд, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи як мақоми расмии огоҳ аз ин санад, тарҳ комилан омода аст ва “ҳоло дар вазорату идораҳо мувофиқа мешавад.”

Ин мақоми расмӣ ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин санад, қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён ва ҳам афроди бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар зиндагии рӯзмарраашон ба мушкилоти зиёдӣ ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, таҳияи ин санад нишон медиҳад, ки ҳукумат сиёсати башардӯстона пеш гирифтааст ва бар асоси аҳдҳои байналмилалиаш амал мекунад. Дар Тоҷикистон бино ба омори расмӣ тақрибан 3 ҳазор паноҳҷӯ зиндагӣ мекунанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Эрону Ироқ ва ҳатто Украинаву Узбекистон ҳам ҳастанд.

Дар ин миён бештарини онҳо, яъне 2638 нафар аз Афғонистони ҳамсоя ҳастанд, ки аз ҷангу хунрезӣ гурехта, ба Тоҷикистон омадаанд. Дар соли 2018 дар кишвар се паноҳҷӯи эронӣ, 2 ироқӣ, ва ду нафарӣ аз Украинаву Узбекистон сабти ном шудаанд.

Бо вуҷуди солҳо зиндагӣ дар Тоҷикистон бисёре аз онҳо мақоми паноҳандагӣ ва шаҳрвандӣ нагирифтаанд ва ба гуфтаи худашон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.

Ихроҷи ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон

Теъдоди онҳое, ки шаҳрвандии ҳеҷ кишварро надоранд, вале дар Тоҷикистон бо хонаводаҳояшон зиндагӣ мекунанд, ба гуфтаи Комиссариати Олии Созмони Милал Дар Умури Паноҳандагон бештар аз 7 300 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд фақат 769 нафари онҳоро мақомот ҳамчун афроди бе мақоми шаҳрванд сабти расмӣ кардаанд.

Фарзандони ин мардум ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳангоми дар таҳсил, дарёфти хадамоти тиббӣ ва ҳам дигар хадамоти иҷтимоӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Волидонашон низ дар ҷойҳои корие, ки санад талаб мекунанд, қабул намешаванд ва маҷбуранд фақат ба кишоварзӣ ва корҳое машғул бошанд, ки санаде барои он лозим нест.

Аммо дар ин миён шикояти паноҳҷӯён аз амалкардҳои мақомоти интизомии Тоҷикистон зиёд аст, ки мегӯянд, маъмурони милиса аз онҳо бо ҳар баҳона пул талаб мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Тоҷикистон бар хилофи аҳдҳои байналмилалиаш борҳо афродеро, ки бо тақозои паноҳҷӯӣ ба кишвар омадаанд, ба ватанашон баргардондааст, ҳарчанд эҳтимоли таъқибу шиканҷа шудани онҳо вуҷуд дошт.

Танҳо дар соли 2017-ум мақомоти Тоҷикистон 11 паноҳҷӯ ва паноҳандаи афғонро ба Афғонистон ихроҷ кардааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ баъзе аз онҳо ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ронда шудаанд, зеро шикояти расмии онҳо дар додгоҳ ҳануз баррасӣ нашуда, мақомот онҳоро маҷбуран ба Афғонистон бозпас фиристодаанд.

Паноҳҷӯёни афғон ҳаққи кору иқомат дар Душанберо надоранд.
Паноҳҷӯёни афғон ҳаққи кору иқомат дар Душанберо надоранд.

Тоҷикистон аз соли 2000-ум ба ин тараф паноҳҷуён ва паноҳандагони афғонро аз ҳаққи истиқомат дар шаҳрҳои бузурги кишвар бахусус Душанбе маҳрум кард. Бисёре аз онҳо ба ноҳияҳои атроф, аз ҷумла Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ҳисор ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон рафтанд.

Тамаҷъӯӣ аз паноҳҷӯён бо ҳар баҳона

Дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла гузориши вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи ҳуқуқи инсон дар соли 2017 гуфт, “қарори ҳукумат дар бораи манъи истиқомати паноҳандагон дар шаҳрҳои бузург сабаби бештар шудани парвандаҳои маъмурӣ ба зидди паноҳандагон шуд. Ба ҳамин сабаб 40 паноҳанда ба шумули хонаводаҳояшон ба хатари ҷазо гирифтан ва ё ихроҷ аз Тоҷикистон қарор гирифтанд.

Даҳҳо нафар аз ин паноҳҷӯён ҳамчунин ба Комиссариати Олии Созмони Милал дар Умури Паноҳандагон шикоят кардаанд, ки маъмурони милиса дар Тоҷикистон бо баҳонаҳои гуногун аз ҷумла “надоштани санад” аз онҳо пул меситондаанд ва таҳдид мекардаанд, ки агар пул надиҳанд, аз Тоҷикистон ронда мешаванд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 29-уми декабр хабар дод, ки байни ин вазорат ва намояндагии комиссариати мазкури Созмони Милал ҳамкориҳоро баррасӣ карда ва як ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонидаанд. Дар баёнияи вазорат омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон “ҳамеша ба фирориён ва паноҳҷӯён таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд ва барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG