Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хабарнигорон бояд нозири фаъолияти мақомот бошанд"


Майкл Оконалл, хабарнигори Радиои федералии ИМА.

Майкл Оконалл, хабарнигори Радиои федералии Амрико, мегӯяд, назорат ба фаъолияти ҳукумат вазифаи асосии хабарнигорон аст ва дар Тоҷикистон низ бояд чунин бошад. Ба гуфтаи ӯ, дар Қонуни асосии Амрико ин нукта аз замони таъсиси Иёлоти Муттаҳид зикр шудааст ва то ҳол расонаҳои амрикоӣ ин рисолатро анҷом медиҳанд.

  • Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Майкл Оконалл сӯҳбате доштанд ва нахуст аз ӯ дар бораи ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон суол карданд.
"Таъмини озодии бештари баён ва ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла барои Тоҷикистон низ муфид хоҳад буд."

Майкл Оконалл: Ман хабарнигори Радиои федералии Амрико ҳастам, аммо бештар дар сомонаи радио кор мекунам. Радиои мо бештар ба пахши хабарҳои ҳукуматӣ сари кор дорад. Вале бештар дар бахши подкастинг кор мекунам. Ҳадафи сафарам ба Тоҷикистон низ бештар ба таблиғи ин навъи хабаррасонӣ марбут аст. Сафари ман ба Тоҷикистон бо даъвати Департаменти давлатии Амрико сурат мегирад. То имрӯз дар чанд шаҳри Тоҷикистон бо хабарнигорон дар ин мавзӯъҳо машғулият анҷом додам.

Радиои Озодӣ: Ҳадафи асосии баргузории ин давраҳои омӯзишӣ аз чӣ иборат аст?

Майкл Оконалл: Мехоҳам шакли хабаррасонии подкастингро дар Тоҷикистон муаррифӣ кунам. Ин шакли нави таҳияи хабар мебошад. Мехоҳам ҷавонони тоҷик аз он бештар истифода кунанд, зеро дар миёни ҷавонони Амрико подкастинг хеле машҳур шудааст. Фикр мекунам, дар Тоҷикистон низ сокинон аз шароити истифодаи фаровони чунин шакли хабаррасонӣ бархӯрдор мебошанд.

Подкастинг чист?

Радиои Озодӣ: Лутфан дар бораи шакли хабаррасонии подкастинг маълумоти бештар медодед.

Майкл Оконалл: Подкаст - маҳсули нави мултимедиёӣ ва садоии иттилоърасонӣ аст, ки феълан дар Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ роиҷ шудааст. Агар шахс ба ин хадамоти иттилоърасонӣ обуна шавад, маҷмӯи хабарҳо ба дастгоҳҳои шунавоии мизоҷ меояд ва муштарӣ метавонад онро дар ҳар вақте ки хост бишнавад. Яъне, агар радио дар вақти муайян ахбор пахш кунад, подкастро шахс метавонад дар вақти дилхоҳ гӯш диҳад. Подкастро ҳар шахсе, ки аз меъёрҳои таҳияи хабар бархӯрдор аст, метавонад омода созад ва сипас дастандаркорон баста ё маҷмӯи хабарҳоро таҳия карда, ба муштарӣ мефиристанд. Ҳар шахс низ метавонад барои худ ёддоште карда, онро тавассути подкаст ба суроғаи худаш фиристад. Масалан, шахс ба бозор ё мағоза меравад ва қабл аз берун шудан аз манзилаш, номгӯи маҳсулоти заруриро подкаст карда, ба суроғаи худаш мефиристад. Дар бозор онро дубора гӯш медиҳад ва бидуни иштибоҳе маводди заруриро харидорӣ мекунад.

"Мушкилот танҳо хоси кори хабарнигорони тоҷик нест"

Радиои Озодӣ: Пеш аз сафар ба Тоҷикистон ҳатман бо вазъи кишвар ошноӣ пайдо кардаед. Назари шумо ба фаъолияти расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон чӣ аст?

Майкл Оконалл: Воқеан, пеш аз сафар чанд иттилоеро дар бораи Тоҷикистон пайдо кардам. Худ як подкастинге дорам ва дар онҷо бо ҳамтоёни амрикоӣ дар бораи вазъи хабаррасонӣ дар ИМА ва кишварҳои хориҷӣ сӯҳбатҳое анҷом медиҳем. Хусусан, дар бораи маҳдудиятҳо ва сензура дар фаъолияти хабарнигорон. Пеш аз сафар ба Тоҷикистон огаҳӣ ёфтам, ки дар фаъолияти хабарнигорони тоҷик мушкилоте вуҷуд дорад. Аммо, бояд таъкид кунам, ки чунин мушкилот танҳо хоси кори хабарнигорони тоҷик нест. Дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон чунин маҳдудиятҳо мушоҳида мешаванд. Вале, вазифаи асосии хабарнигор – ироаи хабари саҳеҳу дақиқро касе ҳоло манъ накардааст. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳам расонаҳои давлатӣ ҳастанд ва ҳам хусусӣ. Аммо, дар Амрико чунин нест. Расонаҳои давлатӣ нестанд ва куллияи нашрияҳову хабаргузориҳо ё хусусӣ ё моли ширкатҳои тиҷоратӣ мебошанд.

Маҳдудият дар кори хабарнигорон

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон хабарнигорон иддао доранд, ки озодии баён дар кишвар то андозае маҳдуд шуда, мақомот ҳамвора маҳдудиятҳои наверо дар кори матбуот роҳандозӣ мекунанд. Шумо дар ин бора иттилоъ доред?

Майкл Оконалл: Бале, то ҷое дар ин бора иттилоъ дорам. Аммо, ин хабарҳоро ман аз расонаҳо дарёфтаам. Бояд бигӯям, ки ба унвони хабарнигор ман ба озодии баён арҷ мегузорам. Вазифаи хабарнигор агар аз як сӯ расонидани иттилоъ бошад, аз тарафи дигар назорат ба кори ҳукумат аст. Муҳим дар кори хабарнигор дарёфти иттилои дақиқу саҳеҳ мебошад.

"Ҳаққ надорем бе далел касеро интиқод кунем"

Радиои Озодӣ: Пас, дар Тоҷикистон хабарнигорон ва мақомот барои аз байн бурдани чунин мушкилот чӣ кореро бояд анҷом диҳанд?

Майкл Оконалл: Ман аз кишваре омадам, ки дар он анъанаҳои хуби озодии баён ва матбуот вуҷуд дорад. Дар моддаи аввали қонуни асосии Амрико омадааст, ки ҳамаи сокинонаш, аз ҷумла, хабарнигорон аз озодии баён бархурдор мебошанд. Агар дар фаъолияти мақомот мушкилие бошад, онҳо ҳақ доранд аз чунин тарзи корбарӣ интиқод кунанд. Аммо мо низ ҳақ надорем бе далел аз нафаре интиқод кунем ё ӯро бадном созем. Мутмаинам, ҳар як хабарнигор дар ҳар кишваре ки набошад, бояд озодона фаъолият дошта бошад ва меъёрҳои касбиро риоя кунад. Яъне, масъулиятшинос бошад. Ман дар Тоҷикистон кор накардаам ва аз муносибатҳои миёни хабарнигорон ва мақомот огаҳӣ надорам. Аммо, медонам, ки дар Тоҷикистон низ бояд озодии сухан таъмин бошаду хабарнигорон тибқи меъёрҳои касбӣ фаъолият кунанд.

Монеасозӣ аз ироаи иттилои дақиқу саҳеҳ

Радиои Озодӣ: Аммо дар Тоҷикистон ҳолатҳои зиёде мешавад, ки мақомот аз ироаи иттилои дақиқу саҳеҳ ба хабарнигорон худдорӣ мекунанд. Оё ин ҳам навъи монесозӣ мебошад?

Майкл Оконалл: Бале, ин ҳам навъе аз монеҳо ҳисобида мешавад. Бояд бигӯям, ки чунин монесозиҳо дар Амрико низ мушоҳида мешавад ва мо бар зидди ин зуҳурот муборизаи сахте анҷом медиҳем. Ҳадаф ин аст, ки ироаи иттилоъ аз сӯи мақомот шаффофу дақиқ сурат бигирад. Дар ин ҳолат мо ба таҷдиди қонунгузории Амрико иқдом мекунем. Боз ҳам ба такрор мегӯям, ки хабарнигорон назораткунандаи кори мақомот мебошанд. Онҳо набояд барои гирифтани иттилоъ дар бораи фаъолияти сохторҳои давлатӣ, маҳдуд бошанд. Албатта, чунин талабот набояд ба масоиле рабт дошта бошад, ки ба сирри давлатӣ ё амниятии кишвар вобаста аст. Дар дигар маврид иттилоъ бояд шаффоф ва боз бошад. Ҳатто агар конгрессмене бо як ширкати тиҷоратӣ муомилоте дошта бошад, мо талаб мекунем, ки ҷузъиёти мукотибаи ин ду ҷониб ошкор карда шавад. Зеро, ин узви конгресси Амрико қабл аз ҳама ба мардуми ИМА хизмат мекунад.

"Ин муқаррарот бартарияти худр собит сохт"

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, муқаррароте, ки дар Амрико роиҷ аст ва хабарнигоронро дар назорати кори мақомот вазифадор медонад, бояд дар Тоҷикистон низ роҳандозӣ шавад?

Майкл Оконалл: Чунин муқаррарот ба давлати Амрико марбут аст. Зеро, ҳанӯз дар замони таъсиси ИМА дар Қонуни асосии он ин нукта зикр шудааст. Бо дарназардошти ин муқаррарот, хабарнигорон ва сокинон аз ҳуқуқи худ ҳимоя карда, аз мақомот талаб мекунанд, ки ҳуқуқашон ба дастрасӣ ба иттилоот ва озодии баён таъмин карда шавад.

Радиои Озодӣ: Манзурам, оё ин меъёр бояд дар Тоҷикистон низ роҳандозӣ шавад ё не?

Майкл Оконалл: Фикр мекунам, низоме, ки ҳоло дар ИМА ҷойгузин шудааст, бартарияти худро собит месозад. Тибқи ҳамин қонунгузорӣ, ҳар як шаҳрванди Амрико метавонад аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад ва ин бартарии қонунгузорӣ дониста мешавад. Таъмини озодии бештари баён ва ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла барои Тоҷикистон низ муфид хоҳад буд. Зеро, Қонуни асосии ИМА кафолат медиҳад, ки ҳар шахс озодона изҳори назар кунад ва барои чунин баён ҷазое пешбинӣ намешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG