Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломиҳои Тоҷикистон "Боко Ҳаром"-ро маҳкум карданд


Духтарони гаравгон дар асорати "Боко Ҳаром"
Духтарони гаравгон дар асорати "Боко Ҳаром"

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи "Боко Ҳаром" бо гаравгонгирии беш аз 200 духтари ноболиғ номи Ислому мусалмононро бад мекунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҲНИТ) гаравгонгирии беш аз 200 духтар аз сӯи гурӯҳи “Боко ҳаром” дар кишвари африқоии Нигерияро маҳкум кард. Дар баёнияи ҲНИТ, ки шоми 13 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин ҳизб гаравгонгирии духтарони ноболиғ аз сӯи "Боко Ҳаром", гурӯҳеро, ки ба унвони як гурӯҳи “исломӣ” ном бурда мешавад, қотеъона маҳкум намуда, “ин амали ғайриахлоқиро дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ медонад.“

ҲНИТ – умдатарин ташаккули сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон – мегӯяд, “амали ингуна гурӯҳҳои ба ном исломӣ натанҳо бо дини поки Ислом, ки тарвиҷгари меъёрҳои инсондӯстона аст, ҳеч робита ва созгорие надорад, балки василаи дигаре барои бадном кардани чеҳраи ислом аз ҷониби душманони он мегардад.“

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, гаравгонгирӣ дар Нигерия ҳамгироӣ ва гуфтугӯ миёни адёни мухталифро низ дучори мушкил мекунад ва “агарчӣ гуруҳҳои тундрав ва ифротгаро дар ҳар дину мазҳаб ва миллат ақалият мебошанд, вале бо содир кардани ҷиноятҳои сангин ва овозадор тасаввуроти ғалатро дар бораи ин дину мазҳаб ва миллатҳо ба вуҷуд меоранд.” Ба ақидаи исломиҳои Тоҷикистон, аъмоли ҷиноии афроду гурӯҳҳое, чун “Боко ҳаром” ва он ҳам аз номи Ислом ба номи поки дини Ислом доғ меорад ва “маҳз дар ҳамин рӯзҳо масъулияти мусалмонон барои нишон додани чеҳраи воқеъии Ислом ва пайравони он бештар мегардад.”

ҲНИТ бо ҳимоят аз талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои озод намудани духтарони гаравгон, аз кишварҳои мусалмонӣ ва созмонҳои исломӣ ҳам хостааст, то дар ҳалли ин бӯҳрон саҳми бештар бигиранд.
Абӯбак Шекав
Абӯбак Шекав
“Боко Ҳаром” як созмони тундрави мазҳабӣ дар кишвари африқоии Нигерия аст, ки аз соли 2009 алайҳи ҳукумат бо талаби таъсиси низоми исломӣ ва ҷорӣ кардани қонунҳои шариат дар ин сарзамин меҷангад. Ҷангиёни “Боко Ҳаром” рӯзи 14 апрел беш аз 270 духтарро дар шимоли Нигерия асир гирифта, таҳдид кардаанд, ки онҳоро хоҳанд фурӯхт.

Дар навори 17-дақиқаие, ки ҷангиён чанд рӯз пеш нашр карданд, ин духтарон бо сатри исломӣ ва ҳангоми қироати сураҳои “Қуръон” зоҳир мешаванд ва ҷангиён иддао доранд, ки ин гаравгонҳо ҳама Ислом овардаанд. Яке аз гаравгонҳо дар ин навор мегӯяд, ки ӯ дар воқеъ масеҳӣ буд ва ҳоло ба Ислом гароид. Вале духтари дувум гуфтааст, ки ӯ мусалмонзода аст. То кунун танҳо ба 50 духтар муяссар шудааст, ки аз дасти гаравгонгирон фирор кунанд. Сарнавишти бақия то ҳол маълум нест.

Абӯбакр Шекав, раҳбари “Боко Ҳаром” гуфтааст, ин духтаронро бо ҳамсафони зиндонияш иваз хоҳад кард. Ӯ қаблан гуфта буд, ки гаравгонҳоро мефурӯшад ваё зӯран ба шавҳар медиҳад. “Боко Ҳаром” бар ин аст, ки духтарон бояд шавҳар кунанд, на таҳсил.
XS
SM
MD
LG