Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фақат кӯдаконро гирифтем, дигар ҳамаро бурд" ВИДЕО


Мӯъмин Юсуфов бо 8 фарзандаш инҷо зиндагӣ мекард.

Аз хонаи панҷутоқӣ, анбор ва оғили Мӯъмин Юсуфов, сокини деҳаи Селгаҳи Панҷ, деворҳои гилини нимавайрон монду бас. "Сели шаби 15-уми май ҷойи хоби кӯдакону китобу дафтар ва ҳама чизро бурд", - мегӯяд Мӯъмин Юсуфов, ки 8 фарзанд дорад ва ҳоло дар хонаи хешовандон зиндагӣ мекунанд.

Чанд дафтару китобҳои фарзандонаш олуда ба гил зери офтоб хушк мешаванд. Ҳеч чизи хонаро берун оварда натавонист, фақат кӯдаконашро гирифту аз сели харобиовар ба ҷойи амн паноҳ бурд. Дар умум сел дар се деҳаи ноҳияи Панҷ - Коммунизм, Пешқадам ва Селгаҳ - ба даҳҳо хона осеб расонд.

Аз 15 хона зиёд вайрон шудааст. Бисёри дигар кафидаанд ва дар ҳоли чаппа шудан ҳастанд.

Дар деҳаи Селгаҳ, ки Мӯъмин Юсуфов зиндагӣ мекунад, ба гуфтаи ӯ, “аз 15 хона зиёд вайрон шудааст. Хонаҳои дигар кафидаанд ва дар ҳоли чаппа шудан ҳастанд."

Дар хонаи ӯ на имкони зиндагӣ ҳаст ва на имкони таҳияи хӯроку пӯхтани нон. Сел ошхонаро ҳам вайрон кард ва танӯри нонпазиро низ.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки баъди арзёбии оқибатҳои фалокат маълум карданд, ки танҳо ноҳияи Панҷ аз сел 12 миллион сомонӣ зарар дидааст. Ба хонаи Мӯъмин Юсуфов ҳам омаданд ва гуфтанд, ки кумакашон мекунанд. "Омаданд, нигаҳ карданд, ҳама чиро навишта гирифтанд. Гуфтанд, ки ба ҳамин наздикӣ сар мекунем, ёрдам мекунем", – гуфт ӯ.

Айни замон сокинони деҳаи Селгаҳро мақомот бо маводи ғизоӣ таъмин мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, гузориши Радиои Озодӣ аз вазъи ногувори сокинони осебдида аз фалокат кумак кард, ки аз ҳоли онҳо огоҳ шаванд.

Гузориши видеоӣ:

"Фақат кӯдаконро гирифтем, дигар ҳамаро бурд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:25 0:00

“Мо ба коргарони Радиои Озодӣ ташаккури зиёд мегӯем, ки доди халқи маҳаллаи моро ба ҳама расонданд” – гуфт Гулиҷон Расулова, сокини дигари ноҳияи Селгаҳ. Ӯ рӯзи фалокат дар муҳосираи сел монд. Хонаашро гил зер кардааст, на киштзораш монда, на ҷойи дигар.

Сокини дигари деҳа Саидмудассир Латифов ҳоло дар андешаи он аст, ки чӣ гуна хонаи вайроншудаашро барқарор кунад. Аз онки мардуми хайрхоҳ ба сокинони мӯҳтоҷи деҳа кумак мекунанд, сипосгузор аст. Рӯзадор аст ва барояшон ифтор ҳамеша омода аст. "Соҳибмансабу баъзе одамоне, ки шароити зиндагии хуб доранд, садақаи ифтор мекунанд, барои мардум", - мегӯяд ӯ.

Яке аз онҳо овозхони ноҳия Ҳайдар Маҳмад аст, ки 21 рӯз боз дар хонааш барои мардуми мӯҳтоҷ ғизо омода мекунанд. Ӯ гуфт, “одамоне ҳастанд, ки хонаҳояшон чаппа шудааст, учоқу танӯр надоранд. Ҳамин ҷо ғизо мепазем, меоянду мегиранд.”

Рӯзона барои омода кардани ғизо 1500 сомонӣ харҷ мешавад ва саҳми дигарон низ дар ин кори хайр ҳаст. Ба қавли Ҳайдар Маҳмад, “аз як даст садо намебарояд. Агар танҳо мебудам, зӯрам намерасид”.

Ҳар ки ҳоло ниёзманд аст, бо расидани шом ба дари хонаи Ҳайдар Маҳмад меояд. Аз ин ҷо гоҳо палав мебаранд ва дуои хайр мекунанду мераванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG