Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел хонаҳои мардумро дар Фархор зери об кард. ВИДЕО


Пас аз борони сел дар шаби 16-уми май даҳҳо сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор хонаҳояшонро аз тарси фурӯравӣ тарк карда, дар ҷойи амнтар маскан гирифтаанд.

Сайрам, сокини деҳаи Сурхоб, гилему ҷиҳози хонаашро ба ҷойи дигар бурда, ният дорад шабро дар хонаи ақрабояш гузаронад. “Дар наздикии кӯҳ духтари хоҳарам зиндагӣ мекунад. Бояд ба ҳамон ҷо биравем. Мегӯянд, ки боз сел меояд”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сел дар Фархор даҳҳо хонаро зери об гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Бори аввал нест, ки борони сел ба сокинони деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор зарар мерасонад. Ин деҳа дар соҳили дарёи Сурхоб ва паҳлӯи кӯҳ ҷойгир аст. Ҳангоми борони зиёд аз дараҳои ин кӯҳ лойоб ҷорӣ мешавад, ки ба заҳбурҳо мерезад. Ҳамзамон сатҳи дарёи Сурхоб боло мешавад ва оби заҳбурҳо дигар намеполояд. Аз ин рӯ, об ҷамъ шуда, ҳавз ба вуҷуд меояд ва хонаву замини мардум зери он мемонад.

Баҳром Уметалиев дар замини назди хонааш зироат кишта буд. Ҳоло меваҳои норасиди боғаш болои об шино доранд ва аз зироат нишоне намондааст.

Уметалиев ҳамзамон раиси маҳалла аст ва мегӯяд, ки то 50 дарсади деҳа зарар дид. Ба гуфти ӯ, рӯзи 17-уми май як ҳайат аз ҳукумат ва созмонҳо омада буданд ва ваъдаи кумак карданд.

Назокат Хидирова, сокини деҳаи Сурхоб, мегӯяд, сел вақти бомдод ба хонаи ӯ расид. Чун об аз ҳар тарафи хона меомад, натавонистанд пешашро бигиранд.

Боронгариҳои шадиди шаби 16-уми май дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон низ чандин хонаро вайрон карда, талафоти ҷонӣ дар пай доштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса дар ноҳияи Панҷ ду кӯдак, яке дусола ва дигаре чаҳорсола, ба ҳалокат расидаанд.

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, борони сел дар рӯзҳои баъдӣ идома меёбанд. Баъзе аз сокинони деҳаи Сурхоб, ки хонаашон аз фалокат эмин мондааст, нигаронанд, ки хонаву зироати онҳо низ зери об мемонанд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG