Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Метарсем, хонаҳоямон дар Кӯлоб вайрон нашавад.ВИДЕО


Маҳалли сохтмон
Маҳалли сохтмон

Сокинони як бинои баландошёна дар шаҳри Кӯлоб мегӯянд, хонаи нави ҳафтошёнае, ки дар канори биноҳои қадимии онҳо месозанд, мумкин аст, хонаҳои онҳоро вайрон кунад.

Онҳо мегӯянд, тирамоҳи соли гузашта, соҳибкоре омад, паҳлуи хонаи онҳоро барои сохтмони бино канд, нақб ҳам аз об пур шуд ва таҳкурсии хонаи онҳо нам кашиду хатарнок шуд.

Нураҳмад Халифаев, сокини хонаи баландошёнаи рақами 3 дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин дар Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сохтмоне, ки дар инҷо оғоз кардаанд, дар ҷое бунёд мешавад, ки аз зераш ноқилҳои барқ, телефон ва лӯлаҳои обу ташноб мегузаранд.

Бар асоси меъёрҳои сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ бунёди иншоот рӯи ин зербунёдҳо комилан мамнуъ аст. Нураҳмад Халифаев мегӯяд: “Аз рӯи қоида гирем, дар инҷо бино кардан умуман иҷозат нест, зеро замини инро хати сурх мегӯянд. Ҳоло ҳамаро канда партофтанд, роҳҳоямонро маҳкам карданд.»

Ҳадаф ободонии шаҳр аст

Хонаро ширкате бо номи «Ориён-Рустам» месозад ва намояндагони он ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бино бар асоси меъёру муқаррароти сохтмонӣ ва нақша сохта мешавад ва ҳадафашон ободии шаҳр ва таъмини мардум бо хона аст.

"Метарсем, хонаамон фурӯ наравад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Санавбар Шарипова, яке аз сокинони дигари биност, ки аз корҳои сохтмонӣ тарсидааст. У дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шабҳоро бо тарс рӯз мекунад: “Як шаб овози баланд шуд, дар назарам хона фурӯ рафт, коргарон омаданд, гуфтанд, ки бароед. Баромадем ва аз ҳамон рӯз шабро бо тарс рӯз мекунем, ки хонаамон чаппа нашавад.»

Аммо ба қавли намояндагони «Ориён-Рустам» бинои нав, таъсири ҷиддие ба таҳкурсиву мустаҳкамии биноҳои сетабақаи қадима намегузорад.

Зафар Бобохонов, вакили хонаи №3 маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин ба Озодӣ гуфт, баъди огоҳ шуданд, ки дар бари хонаи онҳо бинои ҳафтабақа сохта мешавад, ба ҳукумат муроҷиат карданд. Ӯ афзуд: “Мо пешниҳод кардем, ки омада бинои моро чаппа карда, хона кунед ва баъди итмом ба мо хонаҳоямонро пас гардонед. Аммо касе ба мо гӯш накард ва омада кори худашонро анҷом доданд."

Даъвоҳое, ки пайваста такрор мешаванд

Бунёди биноҳои нав дар назди биноҳои қадимии замони шӯравӣ ҳамеша ба даъвову моҷаро олуда аст, чун сокинони хонаҳои қадимӣ мегӯянд, садои сохтмон оромии онҳоро халалдор мекунад.

Дигар ин ки майдонҳои васеъ барои бозии бачаҳояшон танг мешавад ва ё аз байн меравад. Мақомот мегӯянд, чунин талаботи сокинон, ки инҷо хона насозед ва ҷойи дигар бисозед, одилона нест, чун мухолифи нақшаҳои ободонӣ ва таъмини мардум бо хона мебошад.

Намояндагони «Ориён-Рустам» ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бинои истиқоматие, ки месозанд ҳамчунин, дар табақаи поёнӣ, мағозаву дигар муассисаҳои тиҷоратӣ ва хидматрасонӣ хоҳад дошт.

Қарор аст, сохтмони бино то замон таҷлили 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, яъне соли 2021 ба анҷом бирасад. Аммо сокинони бинои сетабақа ва қадимии шафати бинои нав нигаронанд, ки мумкин аст, то он сол хонаҳояшон фӯру биравад.

XS
SM
MD
LG