Пайвандҳои дастрасӣ

Биноҳои навсохт гарданд хароб... на лифт, на об. ВИДЕО


Даҳҳо сокини биноҳои навсохти Душанбе, ки бо сад умед бӯрёкӯбон кардаанд, аз ин шикоят доранд, ки дар як муддати кӯтоҳ девори манзилҳояшон мушкил пайдо карда, зуд хароб мешаванд ва ба талаботи хонаҳои замонавӣ ҷавобгӯ нестанд.

Мақомот ҳам мегӯянд, дар чанд моҳи ахир садҳо камбудии биноҳои баландошёнаро ошкор ва даҳҳо соҳибкорро ҷарима бастанд.

Хонаи белифти Алишер

Алишер Усмонов чор соли пеш ба орзуяш расиду як хонаи замонавиро дар сохтмони ниматамом интихоб кард. Вай барои харидани хонаи

Сокинон бо умед хона мехаранд ва набояд бинои нотамом ё аз назари бехатарӣ мушкилдоштаро ба онҳо супорид

​якҳуҷраӣ аз ширкате, ки дар маҳаллаи 102-и Душанбе бинои истиқоматии 13-ошёна бунёд кардааст, тамоми пулро пардохт кард. Аммо бо гузашти чаҳор сол ҳанӯз наметавонад дар ин бино зиндагӣ кунад. Чун моликони ин бинои баландошёна, ки ҳанӯз даҳ соли пеш сохтмонро шурӯъ карда буданд, онро нотамом ва бо сифати паст ба сокинон супорида масъулиятро аз сари худ дур карданд.

Сохтмони баландошёнае, ки хонаи Алишер ҳам онҷост, лифт надорад. Аниқтараш, ҷояш холӣ асту лифт кор намекунад. Ин бино бо вуҷуди он ки аз муҳлати сохта ба истифода доданашон чор сол гузаштааст, ҳануз барои қабули комиссияи давлатӣ омода нест ва аллакай деворҳои бино таъмирталаб шудаанд.

Алишер гуфт: “Бинои 13-ошёна, лифт, қубурҳои обгузар ва лӯлаҳои партовпартоӣ надорад. Даҳ сол аст дар ҳавлии ин бино крани борбардоре, ки ба ҷони истиқоматкунандаҳо хатар дорад, насб шуда ҳануз аз онҷо бардошта нашудааст. Симҳои барқ дар дохили даромадгоҳҳо бараҳна ҳастанд. Борҳо ба мақомоти масъул муроҷиат кардем, аммо касе ин мушкилро ҳал намекунад”.

Алишер Усмонов танҳо нест. Дар ин бинои баландошёнаи навсохт, ки барои 200 оила бунёд шудааст, ҳоло дасти кам 70 хонавода зиндагӣ мекунанд. Сокинон мегӯянд, аз 25 то 150 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ сарф кардаанд ва наметавонанд аз баҳри ин ҳама гузаранд.

Биноҳои навсохт гарданд хароб... на лифт, на қубури обгузар
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:34 0:00

Дар Қазоқон ҳам вазъ ҳамин аст

Ҷумъахон Самиев, сокини маҳаллаи Қазоқони пойтахт ҳам айни ҳамин мушкилро дорад. Ӯ мегӯяд, ду сол аст дар бинои бесифат ва аз нигоҳи амнияти сохтмон пурхатар зиндагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, манзили дигар надорад ва маҷбур аст ин ҳамаро тоқат кунад, чун бо сармояи ҷамъкардаи чандинсолааш ин хонаро харидааст. “Вақте ки бино ба меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ нест, комиссияи давлатӣ ҳам онро қабул накард. Ин боис шуд, ки мо ҳатто ҳуҷҷат надорем ва намедонем худро дар куҷо ба қайд гирем. Кӯдакҳо барои таълиму таҳсил дар боғчаву мактабҳо ҳуҷҷате пешниҳод карда наметавонанд. Лифт кор намекунад ва ба ҷои он як картон пушонида шудааст, дар хона як нафари маъюб дорем, ки пиёда мефарорему мебарорем”.

Ганҷинаи Мирзошо, сокини дигари ин бино ду сол боз дар манзили бетиреза ҳамроҳ бо кӯдакони хурдсол зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ошёнаи сеюм ба сар мебарад ва бо вуҷуди пурра пардохт кардани пули хона соҳибони ширкати сохтмонӣ шароитро барояш фароҳам накардаанд. Ӯ ба танҳоӣ наметавонад тирезаҳои манзилашро насб кунад, чунки як тарафи ин бино пурра шишагин аст.

Ширкат: Сифати сохтмон масъалаи калидӣ аст

Талоши зиёди хабарнигорони Радиои Озодӣ барои шунидани мавқеи чанде аз ширкатҳо, ки аз сифати сохтмони онҳо муштариҳо норозӣ ҳастанд, бенатиҷа буд. Аммо бархе аз соҳибкорони дигари бизнеси хонасозӣ мегӯянд, сифати сохтмон мавзӯи калидӣ аст ва онро нодида гирифта намешавад.

Зайниддин Мирзомуродов, намояндаи ширкати сохтмонии “Лола”, ки дар маҳаллаи Зарафшон баландошёнаҳо бунёд мекунад, гуфт, моликони ширкатҳо ҳангоми сохтани бинои баландошёнаҳо бояд ба сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати бунёди манзил бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ бидиҳанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, “сокинон бо умед хона мехаранд ва набояд бинои нотамом ё аз назари бехатарӣ мушкилдоштаро ба онҳо супорид”.

Ҳарчанд солҳои охир дар Душанбе биноҳои нави маъмуриву истиқоматии муосир бунёд шуда, зоҳиран шаҳрро тағйир додаанд, сокинон бештар ба ин суол посух меҷӯянд, ки то куҷо ин биноҳо ба меъёрҳои сохтмону меъморӣ ҷавобгӯянд. Бархе муштариҳо, ки солиёни тӯлонӣ бо умеди харидории манзил сармоя ҷамъ мекунанд, мегӯянд, ки сифати манзилро бо арзиши пешниҳодии он муқоиса мекунанд. Бархе мегӯянд, ки сохтмонҳои наве, ки бо арзиши камтар пешниҳод мешаванд, эҳтимолан аз назари сифати бунёд мушкил доранд.

Ахиран кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳам аз он нигаронӣ кард, даҳҳо биноҳои баландошёнаи навсохт дар пойтахт аз комиссияи давлатӣ нагузаштаанд.

2300 камбудии биноҳои навсохти Душанбе

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, аз 1200 санҷиш дар шаш моҳи ахир беш аз 2 ҳазору 300 камбудӣ дар сохтмони биноҳо ошкор шудааст. Дар пайи ошкор шудани ин камбудиҳо масъулону ширкатҳои сохтмонӣ беш аз сесаду сӣ ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Ӯ гуфт, “набояд барои аз комиссияи давлатӣ гузаштани ин биноҳо намои зоҳири онҳо ба инобат гирифта шавад. Балки тамоми сохтори бино пурра санҷида шуда баъдан барои зиндагӣ иҷозат дода мешавад”.

Аммо мақомоти меъморӣ ва сохтмон аз мисолҳои мушаххаси хабарнигорон дар робита ба бесифат ва тулонӣ идома кардани сохтмони бархе биноҳои баландошёна дар пойтхат изҳори бехабарӣ кард. Масъулини ин кумита гуфтанд, аз ин ба баъд барои соҳибкороне, ки тахассуси сохтмонӣ надоранд, иҷозаи бунёди манзилҳои баландошёнаро намедиҳанд. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт ин тасмим барои ҷилавгирӣ аз сохтмони бесифати хонаҳо рӯи даст гирифта шудааст.

Баҳси моликони сохтмонҳо ва муштариён

Таҳлилгарон ҳам мегӯянд, дар баробари ин, бояд мақомот ҳангоми бунёди манзилҳои баландошёна, масолеҳи сохтмониро қабл аз истифода чун солҳои пеш дар лабораторияҳои махсус мавриди омӯзишу санҷиш қарор диҳанд ва меъёрҳо риоят шаванд.

Дар чанд соли ахир мавридҳои ба додгоҳ кашидани ширкатҳои сохтмони аз сӯи саҳҳомон зиёд расонаӣ шудааст. Аммо дар аксари маврид баҳсҳои додгоҳӣ ба фоидаи соҳибони ширкатҳо анҷом мешавад ва сокинон мегӯянд, ин соҳибкорон аз нуфузи "ошноҳо"-и худ дар мақомот суистифода мекунанд. Вагарна сокинони фиребхӯрда суол мегузоранд, ки чаро даҳсолаҳо идома кардани чунин сохтмонҳои бесифат ва нотамом дар пойтахт аз назари мақомот дур мемонанд.

Бунёди хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон 8-10 соли пеш босуръат шурӯъ шуд ва талаботи зиёди сокинон ба манзилҳои зист боиси он шуд, ки ширкатҳои сохтмонӣ ҳам афзуд, -- амре, ки боиси бесифат шудани қисме аз биноҳои баландошёна шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG