Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кореро, ки дар Тоҷикистон мекунанд, дар ҷойи мо касе намекунад" АКС


Эва Марианкова

Ду сайёҳ аз Чехия, ки нисфи моҳи сентябрро дар Тоҷикистон сипарӣ кардаанд, мегуянд, бо вуҷуди онки аз хабари ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ тарсиданд, вале аз азми сафар ба Тоҷикистон даст накашиданд.

Яке аз ин сайёҳонро рафтори ронандагони мусофирбарҳо ва истифодаи зиёди забони англисӣ ҳайрон кардааст, дигариро шеваи либоспушии тоҷикон, ки ба қавли у назар ба гузашта “аврупоитар” шудаанд.

Эва Марианкова ва Лукаш Кобза, ки аз рӯзи 1-ум то 17-уми сентябр дар Тоҷикистон будаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди шунидани хабари ҳамлаи рӯзи 29-уми июл дар Данғара, ба изтироб афтоданд, вале барномаи сафарашонро тағйир надоданд.

“Мо як моҳ пеш аз сафар ба Тоҷикистон аз хабари ҳамла огаҳ шудем. Аз як тараф инсон метарсад, аз тарафи дигар чунин ҳодисаҳо дар Аврупо ҳам мешаванд, ки як нафар мошинашро ба рӯи касе меронад ва ба мисли инҳо” – гуфт Лукаш Кобза.

Ман 7 сол пеш дар Хоруғ будам, ҳама роҳҳоро бастанд

Ба қавли ӯ, бо ҳамроҳаш ба ин хулоса омаданд, ки чунин ҳодиса метавонад, ҳам дар Тоҷикистон иттифоқ афтад ва ҳам дар Лондон, барои ҳамин аз раъйи худ барои кӯҳнавардӣ дар Помир нагаштанд. Дар ҳамла ба саёҳони хориҷӣ, ки гуруҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти онро бар дӯш гирифт, чаҳор дучархасвор кушта шуданд ва се нафар осеб диданд.

Лукаш Кобза ва Эва Марианкова бо як ҳамроҳи лаҳистониашон дар Помир
Лукаш Кобза ва Эва Марианкова бо як ҳамроҳи лаҳистониашон дар Помир

Эва Марианкова мегӯяд, ҳарчанд 7 соли пеш зимни нахустин сафараш ба Тоҷикистон шоҳиди нооромӣ шуд, вале дигабора хост, ба Помир баргардад.

“Ман ҳеҷ натарсидам, ҳеҷ натарсидам, чун 7 сол пеш будам, вақти ҳодисаҳои Хоруғ, ки дар онҷо чандин нафар кушта шуд ва шаҳрро бастанд. Мо ҳам мехостем ба ҷануб равем, аммо нашуд ва барои ҳамин барномаамонро тағйир додем” гуфт, Эва Марианкова.

Ба қавли хонуми чех, ки муҳандис ва меъмор аст, аз тарафи дигар зебоӣ ва ҷаззобияти қуллаҳои баланди Помир, эҳсоси ҳарос аз сафар ба Тоҷикистонро рафъ кард.

“Барои мо кӯҳҳо муҳиманд, мо қуллаҳои баландро дӯст медорем. Азбаски Помир дуввумин қуллаҳои баланди ҷаҳонро дорад, мо тасмим гирифтем ба Тоҷикистон биравем” – гуфт, Эва Марианкова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Монандиҳои Прага ва Душанбе

Лукаш ва Эва дар муддати ду ҳафтаи сафар дар Тоҷикистон асосан дар Помир мондаанд ва қуллаи Карл Маркс, ки 6723 метр баландӣ дорад, фатҳ кардаанд. Ба қавли сайёҳони чех азбаски онҳо кӯҳнаварди касбӣ нестанд, барои ҳамин қуллаи Карл Марксро интихоб карданд, ки баромадан ба он осонтар аст.

Лукаш Кобза дар Помир
Лукаш Кобза дар Помир

Лукаш Кобза, ки дар Душанбе ҳам барои муддати кӯтоҳе мондааст, шабоҳате байни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Прага, пойтахти Чехия пайдо кардааст, ки ҳарду шаҳрҳои як замон мутеъ ба Иттиҳоди Шӯравии собиқ буданд.

“Дар Чехия дар хонаҳои бетонии (замони шӯравӣ) зиндагӣ мекунанд, дар Душанбе низ, ҳарчанд дар инҷо биноҳо хурдтаранд ва андаке фарқ мекунанд. Вале ончӣ маро ҳайратзада кард, ин буд, ки мардуми зиёде забони англисиро медонанд” - гуфт, Лукаш Кобза.

Ҷаҳонгардони чех баръакси дигар хориҷиёне, ки баъди бозгашт аз Тоҷикистон аз тамаъҷӯӣ ва ришваситонии маъмурони милиса ва нозирони роҳ шикоят кардаанд, шоҳиди чунин мавридҳо нашудаанд. Вале ба гуфтаи худашон рафтори ронандагони “маршрутка”- ҳо нишон медод, ки иддаоҳои ҷаҳонгардон рост аст.

“Мо ягон дафъа (ба ришвахорӣ) дучор наомадем. Аммо аҷиб ин буд, ки ҳар дафъа, ки нозири роҳ ронандаи мусофирбарро нигаҳ медошт, ӯ ба назди нозир мерафт ва маълум буд, ки барои осонтар шудани кораш ба ӯ ришваи хурде медиҳад” – мегӯяд, Лукаш Кобза.

Дар Чехия барои ин гуна беаҳамиятӣ, дар як рӯз аз кор меронанд

Баръакси Лукаш, ҳамроҳи ӯ Ева Марианковаро шеваҳои хонасозӣ дар Тоҷикистон ба ҳайрат овардааст. Ӯ мегӯяд, агар меъморон дар Чехия мисли меъморону муҳандисон дар Тоҷикистон кор мекарданд, як рӯз онҳоро дар ҷойи корашон нигаҳ намедоштанд. Ба қавли ӯ зимни хонасозӣ масалан дар Помир ягон меъёри бехатарӣ риоят намешавад.

Агар дар Чехия касе ба ин роҳ бидиҳад, ҳамон рӯз аз кор ҷавоб медиҳанд

“Дар онҷо нардбонҳои чӯбӣ истифода мекунанд, дар зери бинои нимсохта, зане пиёз мечинад, дар зери бино мурғу куррахарҳо мегарданд. Симҳои барқ аз ҳар ҷо овезонанд. Агар дар Чехия касе ба ин роҳ бидиҳад, ҳамон рӯз аз кор ҷавоб медиҳанд”- мегуяд, Эва Марианкова.

Айни замон ба қавли сайёҳи чех, Душанбеву сокинонаш назар ба 7 соли пеш аз назари покизагӣ ва ҳам аз назари пушидани либос бисёр фарқ кардаанд.

“Душанбе назар ба 7 соли пеш покизаву мураттаб шудааст. Ман дар Душанбе зиёд наистодам, вале ба назар расид, ки мардум бештар либоси аврупоӣ мепушанд. Аз ҷиҳати покизагӣ воқеан шаҳру боғҳояш покиза шудаанд, ҳамаҷо гулкорӣ аст. Воқеан ба ҷойи беҳтаре табдил шудааст” – гуфт, Эва Марианкова.

Мақомоти Тоҷикистон, ки сайёҳиро як бахши муҳиме барои пешрафти иқтисод меноманд, гуфтаанд, ки бо вуҷуди ҳамлаи тобистони имсол ба дучархасаворон дар Данғара, теъдоди хориҷиёне, ки ба Тоҷикистон меоянд, кам нашудааст.

Ба гуфтаи Кумитаи сайёҳӣ то моҳи августи имсол ба кишвар бештар аз 900 ҳазор сайёҳ ворид шудааст ва мумкин аст, теъдоди онҳо то охири сол аз 1 миллион нафар ҳам бигзарад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG