Мақомоти пешини ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара дарсест, ки барои омӯхтани шеваҳои нави фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ кӯмак мекунад.
Ин парвандае нест, ки дар як ё ду моҳ пурра омӯхта шавад ва зуд ба додгоҳ биравад. Шведҳо парвандаи Раҳмат Оқиловро, ки чанд касро ба мошин пахш кард, зиёда аз як сол омӯхтанд ва ҳамаи ҷанбаҳои онро кушоданд. Шитобкорӣ кори дуруст нест.
Ин ҳодиса як воқеиятро намоиш дод, ки мубориза бо тундравон бидуни кӯмаки мардуми маҳаллӣ муассир нест. Ба думболи ҳамлаи охири моҳи июл ба ҷаҳонгардони ғарбӣ, мақомоти Тоҷикистон дастикам панҷ нафарро боздошт карданд, ки аз омодагии гурӯҳи ҳамлагар ба як амали террористӣ огоҳ буданд, аммо мақомотро дар ҷараён нагузоштанд.
Воқеияти дигар ин аст, ки тундравҳо барои ҳамла ва эҷоди ҳарос дигар ба силоҳу маводи тарканда чандон ниёз надоранд ва амалҳои худро, тавре таҳаввулоти кишварҳои аврупоӣ нишон дод, бо истифода аз корду табару мошин анҷом медиҳанд. Шинохти зоҳирии онҳо низ акнун кори саҳл нест. Агар дар гузашта террорист як марди аз сӣ ба болои тануманд ва мусаллаҳи хашин зоҳир мешуд, акнун бачаи 19-сола, ки соле пеш аз паси партаи мактаб берун омадааст, метавонад тундраву ҳамлагар бошад.
На ришу на либоси шубҳанок
Генерал Саиданвар Камолов, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса сокинон бо мақомот ҳамкорӣ накарданд ва ин гурӯҳ чун “гурге дар либоси гӯсфанд” дар миёни ҷомеа ҳузур дошт.
Ба гуфтаи ӯ, роҳҳои нави шинохти нафаре, ки зеҳнаш олуда ба ақидаҳои террористӣ шудааст, бояд кашф шавад, зеро тавре ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон нишон дод, ин ҷавонҳо дар зоҳир аз ҳамсолони дигари худ ҳеҷ тафовут надоранд.
Ҳодисае, ки Тоҷикистонро ба хати аввали хабарҳои ҷаҳонӣ баровард, дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳҳои террористии мисли "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ шикаст хӯрд ва акнун бархе аз “ҷиҳодиҳо”, ки ба рӯйхати мақомот шомил набуданд, метавонанд дубора ба ватанҳои хуб баргарданд.
Ахиран Бахши мубориза бо терроризми Созмони Миллали Муттаҳид дар гузорише бо номи «Бозгашти ҷангиёни ДИИШ ба кишварҳои онҳо, фаъолиятҳои зеризаминӣ ва шеваҳои нави ҳамалҳои онҳо» аз мушкили аслии амниятии кишварҳое хоҳад буд, ки шаҳрвандонашон узви ин созмони тундрав буданд.
Ин нафарон метавонанд бар ҷавонҳои бетаҷриба нуфуз пайдо кунанд ва мағзи онҳоро шустушӯ диҳанд. Генерал Саиданвар Камолов мегӯяд, бидуни кӯмаки сокинон ошкор кардани ин афрод барои мақомот душвор мешавад.
“Тундрав шудани як нафарро пеш аз ҳама атрофиён эҳсос мекунанд. Ҳҳатто агар риш надорад, рафтораш дигар мешавад, гуфтораш дигар мешавад. Гап дар шакл нест, гап дар мазмун аст. Аз ин рӯ, боз ҳам бо ҷомеа бояд кор бурд. Чун чизе аз назари мардум пинҳон намемонад. Онҳо ҳатто пеш аз мақомот дигаргун шудани як нафарро эҳсос мекунанд,” - мегӯяд Саиданвар Камолов.
Мақомот ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои дигари дунё дар масъалаи терроризм пеш аз ҳама ба нафаре машкук мешаванд, ки ногаҳон намозхон шудааст, риш мондааст ё китобҳои динӣ мехонад. Аммо ба назари коршиносон, ин нишонаҳо метавонанд фиреби назар бошанд ва дар асл зеҳни нафаре метавонад олудаи ақидаҳои тундравона бошад, ки хеле ҳам дунявӣ рафтор мекунад.
Афғонистон ё Сурия. Таҳдид аз куҷост?
Раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон Саиданвар Камолов мегӯяд, вақте шинохти зоҳири пайравони гурӯҳҳои тундрав мушкил мешавад, бояд бо усулҳои хос ба афкори онҳо тамаркуз кард.
Камолов мегӯяд: “Дар Сурияву Ироқ аъзои гурӯҳҳои ифротӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд боқӣ намондааст. Баъзеҳо пушаймон шуда баргаштанд, бисёриҳояшон кушта шуданд”. Таҳдиди аслӣ, ба гуфтаи Саиданвар Камолов, ҳанӯз аз сӯи Афғонистон аст:
“Аз рӯйи ахборе, ки дорем, дар Афғонистон бархе гурӯҳҳо аз ҷониби кишварҳо пуштибонӣ мешаванд. Агар ҳар давлат ҳар гурӯҳи ифротиро тарафи худ кашад, бисёр вазнин мешавад. Як кишвар Толибонро истифода мекунад, дигар кишвар аз гурӯҳи дигари ифротӣ пуштибонӣ мекунад. Ин гурӯҳҳо мустақиман дар террор даст доранд. Хоҳем ё нахоҳем, инҳо таҳдид ҳастанд”.
Камолов мегӯяд, бо назардошти эҳтимоли вуруди ҷангиёни ДИИШ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсиси “камарбанди амниятӣ” зарур аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки яке аз фармондеҳони ДИИШ, фармондеҳи собиқи ОМОНи ВКД Тоҷикистон ҳанӯз зинда аст ва бо он изҳороте, ки медод, гумон намеравад, ки аз ҳадафҳояш даст кашида бошад. Расонаҳои ғарбӣ ва русӣ чанд дафъа ӯро мурда эълон карданд, аммо мақомоти Амрико ва Тоҷикистон ҳақиқати ин хабарҳоро такзиб карданд.
Кӣ террорист мешавад?
Генерал Нуралишоҳ Назаров, ки дар мақомҳои баланди вазорати корҳои дохилӣ ва нерӯҳои марзбонӣ кор кардааст, рӯзи 7-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талоши аввал бояд ин бошад, ки шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд.
Ӯ ҳодисаи Данғараро нанговар номид, вале гуфт, шахсияти ин ҷавонон ва ангезаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи онҳо ба ҷаҳонгардҳо бояд омӯхта шавад.
“Аъзои ин гурӯҳ киҳо буданд, ки аз зери назорат дур монданд? Ҷойи кор мумкин надоштанд, шароити дурусти зиндагӣ мумкин надоштанд. Аксаран, сокинони осебпазир аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд. Пеши роҳи ин ҳодисаро гирифтан мумкин буд, фақат тариқи корҳои оперативӣ. Ҳарчанд, пешгирӣ кардани терроризм аз ҳама кори мушкил аст, лекин кор кардан лозим аст. Ин як дарс аст. Мақомот ҳам бояд шеваи корашонро дигар кунанд,” - гуфт генеарл Назаров.
Назаров мегӯяд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ соле то 60 ҳамлаи террористӣ рӯх медод, вале онҳо комилан, аз ҳамлаи террористии охир фарқ доштанд.
Ангезаи ҳамлаи панҷ ҷавон ва сайёҳони хориҷӣ чӣ буд?
Коршиноси умури ифротгароӣ ва терроризм Фаридун Ҳодизода дар шарҳи ин суоли муҳим, ки чаро одамони огоҳ мақомотро аз ҳамлаи зудрас хабардор накарданд, мегӯяд, "сокинон ба адолат бовар надоранд, аз ин рӯ, метарсанд барои ошкор кардани ҷиноятҳои террористӣ ба мақомот ҳамкорӣ кунад".
Ин коршиснои тоҷик мегӯяд, нобаробарии иҷтимоӣ, бекорӣ ва фарқи бузург миёни дорову нодор дар ҷомеа боиси норизоӣ мешавад. Норизоӣ, ки ба гуфтаи ӯ, ҷавононро ба ифротгароӣ тела медиҳад.
Ҳодизода мегӯяд, зоҳиран парвандаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ хеле саросема омӯхта мешавад.
Ӯ гуфт: “Ин парвандае нест, ки дар як ё ду моҳ пурра омӯхта шавад ва зуд ба додгоҳ биравад. Шведҳо парвандаи Раҳмат Оқиловро, ки чанд касро ба мошин пахш кард, зиёда аз як сол омӯхтанд ва ҳамаи ҷанбаҳои онро кушоданд. Шитобкорӣ кори дуруст нест. Онҳо бояд ҳар чаҳор бачаро бо ҳар роҳ, зинда дастгир мекарданд, то ки фаҳманд, чӣ тавр онҳо ба сафи террористон кашида шудаанд”.
Ҳодизода мегӯяд, агар решаҳои пайвастани ин ҷавон ба гурӯҳи ифротӣ омӯхта шавад, ба саволҳои зиёде посух пайдо мешавад ва дар оянда ҳамчун назария ба тафтишот кӯмак мекунад. Ҳарчанд, ин коршинос, мӯътақид аст, ки омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ноқаноатмандӣ аз тарзи зиндагӣ дар ҷомеа ин гурӯҳро барои ҳамла болои сайёҳони хориҷӣ бурд.
Дар пайи ҳамлаи рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара чор сайёҳи хориҷӣ кушта ва се тан захмӣ шуд. Аз панҷ ҳамлагар чаҳор нафар кушта шуд ва ҳоло танҳо Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари ин гурӯҳ дар боздошт аст. Мақомот гуфтанд, ки парвандаи ӯ то нимаи моҳи октябр ба додгоҳ хоҳад рафт.