Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо орзуи хона дар маркази Душанбе, корашон ба додгоҳ рафт. ВИДЕО


Муштариён мунтазири посухе аз "Эъмор"
Муштариён мунтазири посухе аз "Эъмор"

Даҳҳо нафар аз сокинони Душанбе ва ноҳияҳои атроф, ки бо умеди соҳиби хона шудан дар маркази Душанбе даҳҳо ҳазор долларӣ пардохт кардаанд, мегӯянд, фиреб хӯрдаанд.

Даъвову кашмакаши муштариён ва ширкати “Эъмор”, ки бояд дар хиёбони Рӯдакӣ барои онҳо хона месохт, ҳоло аз додгоҳ ба додгоҳ меравад.

Муҳиддин Рустамов, сокини Душанбе, яке аз муштариёни ширкати сохтмонии “Эъмор” аст. “Чил ҳазор доллари амрикоӣ додаам. Соли 2016 буд, то ҳол даводав дорам, хонаамро гирифта наметавонам” – гуфт ӯ.

Муҳиддину дигар муштариён борҳо якҷоя назди ширкати “Эъмор” омада ва ҳаққи худ, ё хонаи ваъдагиро талаб кардаанд. Ҳама дар даст шартнома доранд, ки дар он ширкат ваъда додааст, дар ду биное, ки қарор аст, дар хиёбони Рӯдакӣ бисозад, ба онҳо хона медиҳад.

Як бино ҳам бояд 12 ва дигарӣ 10 табақаӣ шавад, сохтмони он ҳам бо таъхир идома дорад. Ширкати “Эъмор” дар ин байн бо “Насиба” як шарики тиҷоратиаш даъво карда ва аз додгоҳ хостааст, шартнома бо 37 муштариро беэътибор кунад.

Аммо ҷабри даъвои “Эъмор” ва “Насиба”- ро Ҷаъфар Саидов, сокини Душанбе ва дигар муштариён мекашанд. “Ман 42 ҳазор доллар пул супоридаам, барои 117 метри мураббаъ. Пули хонаро ҳамаашро супоридаам. Ҳозир дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем” – мегӯяд ӯ.

Ширкати “Эъмор” мегӯяд, азбаски муштариён пулро ба “Насиба” супоридаанд, онҳо аз додгоҳ хостанд, шартномаҳоро беэътибор кунад.

Маҳмадулло Маҳмадёрзода ҳуқуқшиноси ҶДММ “Эъмор” ба Радиои Озодӣ гуфт муштариён бо ширкати "Эъмор" шартнома набастаанд.

“Мо ҳеҷ ҷавобгарие дар назди онҳо надорем, шартнома бо мо надоранд ва дар назди корхонаи мо ҳеҷ маблағе насупоридаанд онҳо (чек) расид доранд, ки маблағро ба ширкати “Насиба” супоридаанд. Ҳоло мо мунтазири хулосаи Додгоҳи иқтисодӣ ҳастем” - гуфт у.

Аммо бар асоси шартномаҳо, ки Радиои Озодӣ ҳам онҳоро дид, “Эъмор” муваззаф аст, ки хонаҳоро сохта, ба муштариён месупорад, на ширкати “Насиба”.

Бо орзуи хона дар маркази Душанбе корашон ба додгоҳ рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Мансур Мирзоев мегӯяд, яке дигар аз муштариён ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз пардохти пул соҳибмулкони воқеиро санҷидаанд ва ба онҳо дар ширкати “Эъмор” гуфта шудааст, ки пулро дар куҷо пардозанд.

“Пеш аз оне ки ҳамин пулро супорем, аз чанд кас пурсидем мо кӣ аст, кадом корхона аст, соҳибаш кӣ аст? Фаҳмидем баъд пулро супоридем“ – гуфт, ӯ.

Маълум нест, “Эъмор” ва “Насиба” сари кадом масъала баҳсу даъво доранд, вале 37 муштарӣ ҳоло ба додгоҳ муроҷиат кардаанд, то мушкили онҳоро ҳал кунад.

Фирӯза Талибова, вакил мудофеъи муштариён мегӯянд: “Мо чанд маротиба бо ҳуқуқшиносони ”Эъмор” ҳамсуҳбат шудем. Ба ягон пешниҳодҳои мо (барои ҳалли масъала) розӣ нашуданд.”

Масъалаи хонаву хонасозӣ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои доғ ба ҳисоб меравад. Бо афзоиши босуръати аҳолӣ дастрасӣ ба манзил мушкилтар мешавад ва дар гузашта ҳам баҳсҳои ширкатҳои сохтмонӣ ва муштариён будааст.

Ба мисли ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”, ки муштариёнаш бо вуҷуди пардохти пул бе хона монданд ва дар назди додситонӣ тазоҳурот карданд.

XS
SM
MD
LG